logo

фарҳанг

ПАРЧАМ - РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ

23 сол боз мардуми шарафманди диёри арҷмандамон зери парафшонии Парчами давлатӣ - яке аз муҳимтарин муқаддасоти миллӣ кору зиндагӣ доранд.
Парчам вожаи суғдӣ буда, дар гузашта маънои зулфу кокул ва пӯпаки абрешимӣ, мӯй ё думи гови кӯҳиро, ки ба нӯги дирафш ё найза мебастанд, ифода менамуд. Ин вожа бо мурури замон аз забони суғдӣ ба туркӣ ва баъд ба форсӣ гузашт. Бори аввал вожаи дирафш дар замони давлатдории ориёиҳо дар қадимтарин осори адабиёти тоҷику форс, китоби муқаддаси «Авесто» зикр шудааст. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои муътамади таърихӣ парчам дар амалиётҳои ҳарбии байни юнониҳову форсҳо (асри 5 - и то милод) ҳамчун рамзи иттиҳоду давлатдорӣ истифода шудааст. Мафҳуми «Дирафши ковиёнӣ» ҳамчун рамзи парчам ва тимсоли давлатдории ниёгонамон бо номи «Ахтари ковиёнӣ» низ ёдовар мешавад.
Парчами имрӯзаи мо Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ менамояд. Моҳияти Парчами миллӣ дар Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999  тасдиқ шудааст, дарҷ гардидааст. 
Дар Парчами кишвар иттиҳоду ҳамбастагӣ ва ҳамдилии халқи тоҷик таҷассум ёфтааст. Он на танҳо рамзи давлатдорию ифтихори ватандорӣ, балки рамзи ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, пирӯзиву ҳамдилӣ, сулҳу ваҳдат ва сарсабзию хуррамии мардуми тамаддунофарамон маҳсуб меёбад. Парчам ҳамчун ахтари тобон иродаи мустаҳкам ва омили фатҳу кушоиши ҳар як узви ҷомеа гардидааст.  Парафшонии он неруи тавонои ҷаҳони маънавӣ, қуввати дилу дидаи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.
Бо назардошти аҳамияти вижаи яке аз муқаддасоти Ватан - Парчам мо соҳибватанон вазифадор ҳастем, ки ҳомии ҳастӣ, устуворӣ ва пойдории Парчам бошем. Зеро пойдорӣ ва парафшонии Парчам ҳидоят ба фардои дурахшони Ватани ободу озод ва гулафшонамон аст.
Раҷабалӣ САНГОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.15    №: 232    Мутолиа карданд: 606

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед