logo

фарҳанг

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА: «ЗАРУР АСТ МУТТАҲИДТАР БОШЕМ!»


19 ноябри соли равон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ»-и назди Президенти мамлакат ва бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президент, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Прокуратураи генералӣ ва олимону коршиносон конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Дин ва миллат: низоъҳои идеологӣ ва сиёсӣ дар ҷаҳони ислом» баргузор гардид. Дар он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода аз ҷумла чунин гуфт:

- Бо ташаббуси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намудани конфронс далели таваҷҷуҳи махсус доштани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиши ҷиддӣ ва ҳамаҷонибаи масъалаҳои таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рушди устувори иқтисодиёти миллӣ, ташаккули миллати тоҷик, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию дунявӣ ва муносибат ба дин ва иттиҳодияҳои динӣ мебошад.
Беғаразона таҳлил намудани низоъҳои идеологӣ ва сиёсӣ дар шароити муосир, равшан кардани заминаи шиддат гирифтани ҷангҳои динию мазҳабӣ дар минтақаи Шарқи Наздик ва дигар масъалаҳои геосиёсӣ дар замони ҷаҳонишавӣ низ дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат мебошад. Боиси таассуф аст, ки солҳои охир муносибатҳои ҷамъиятӣ хусусияти буҳронӣ касб намуда, равандҳои тундгароӣ ва зиёдаравӣ дар фаъолияти ҳизбу ҷараёнҳои дохилӣ ва минтақавӣ ба мушоҳида мерасанд ва вобаста ба ин, миёни қишру табақаҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳсҳои мухталиф доир мегарданд. Мураккаб будани вазъият боз дар он аст, ки гурӯҳҳои тундрави гуногун арзишҳо ва муқаддасоти диниро барои барангехтани оташи кинаву адоват ва хушунату хунрезӣ истифода мебаранд. Имрӯз сокинони сайёра шоҳиди шаклу намудҳои нангини куштору даҳшатафканиҳои гурӯҳҳои террористӣ дар қаламрави кишварҳои Ховари Миёна ва минтақаҳои дигари ҷаҳон шуда истодаанд. Амалҳои террористие, ки чанде пеш тавассути таркондани ҳавопаймои Русия дар Ҷумҳурии Мисри Араб ва чандин амали террористии ҳалокатбор дар пойтахти Фаронса ба амал омаданд, нишон медиҳанд, ки ҳеҷ кишвар ва фарди алоҳида аз ин вабои хатарноки аср дар амон буда наметавонад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба амалиёти мудҳиши дар шаҳри Париж рухдода ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса изҳори тасаллият намуданд ва аъмоли ғайриинсонии гурӯҳи ҷиноятпешаро, ки амали худро бо номи дини мубини ислом рабт медиҳанд, қотеъона маҳкум карда, аз ҷумла изҳор доштанд: «Ин ҳаводис имрӯз аз ҳамаи мо ҷиддан тақозо менамояд, ки барои фардои фарзандонамон, барои ояндаи мардумонамон муттаҳид шавем ва бо ин неруҳои аҳриманӣ, ки ҳаёти аҳли башарро ба хавф гузоштаанд, мубориза барем».
Дар изҳороти инсондӯстонаи Сарвари давлат вазъияти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ баррасӣ шуда, моро дар баробари хатарҳои неруҳои даҳшатафкан ҷиҳати аз даст надодани зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ ҳидоят менамояд. Ҳар фарди миллатдӯст ва меҳанпараст бояд дастуру супоришҳои Сарвари давлатро дар меҳвари фаъолият қарор дода, барои оромӣ, осоиштагӣ, ваҳдати комил, сулҳу субот, ягонагӣ ва рушди уствори кишвар  саъю талош намояд.  Дар ҳақиқат ин омилҳои хатарзо ҷиҳати муттаҳид намудани неруҳои созанда дар атрофи ниҳодҳои давлатӣ имкон фароҳам меоранд ва моро вазифадор менамоянд, ки муттаҳид бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ободии кишвар боз ҳам бештар, пурсамартар кору фаъолият намоем. 
 Дар шароити кунунӣ масъалаҳои марбут ба омӯзиши ҷойгоҳи дин дар давлати дунявӣ, манфиатҳои давлату миллат, дунёситезӣ ва динситезӣ ба таҳлил ва баррасии ҳамаҷонибаи тахассусӣ ниёз доранд. Ҳангоми пешниҳоди гузоришҳо, бахусус музокираҳо ва пурсишу посухҳо дар доираи масъалаҳои таҳлилӣ ва баҳсҳои илмӣ умедворем, ки донишмандону коршиносон кӯшиш менамоянд ба саволҳои зерин посухҳои илман асоснок диҳанд: оё манфиатҳои динӣ ва миллӣ бо ҳам бархӯрд доранд? Ба ҳам мувофиқ омадани ин манфиатҳо дар кадом сатҳу дараҷа қарор дорад? Оё ин омилҳои муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд барои таъмини амнияти бардавом ва сулҳу субот дар ҷумҳурӣ ва минтақа мусоидат кунанд? Чӣ гуна умумият ва ихтилофҳо дар иҷрои лоиҳаву барномаҳои марбут ба масоили динӣ ва миллӣ вуҷуд доранд ва роҳҳои бартараф намудани камбудиҳо ва расидан ба ҳамгироӣ кадомҳоанд?
 Бояд ошкоро гӯем, ки дар ин самт ҳоло ҳам мушкилиҳо ба мушоҳида мерасанд. Ба назари мо, дар шароити кунунии бунёди давлати миллӣ тафовут дар байни тафаккури рӯҳониён ва тафаккури муосири дунявият ҷой дорад. Моро зарур аст, ки бештар ғояҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳанги миллиро ташвиқ намоем ва дар доираи ҳамин меҳвари асосӣ дурнамои фаъолиятамонро муайян гардонем. Вобаста ба ин, бояд дар атрофи омӯзиш ва дастрасии фарҳанг ва барномаҳои умумимиллӣ муттаҳид гардем ва дини худро ба сифати як қисмати умдаи фарҳанги волои миллӣ муаррифӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ намоем.
 Имрӯз миллати тоҷик дар марҳалаи нави ташаккул ва рушди давлатӣ қарор дорад, ки дар он ҷаҳонбинии дунявӣ ҷавҳари низоми сиёсӣ ва усули давлатдории миллӣ мебошад. Ҳамгироӣ, ойини мадоро ва муносибати хайрхоҳонаву созишкоронаи давлат ба иттиҳодияҳои динӣ ҳамчун як ҷузъи муҳими фарҳанги ҷомеа, манбаи муҳими тарбияи ахлоқию маънавӣ ва худшиносии миллии Ватан мебошад. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ барои дар сатҳи баланди меъёрҳои байналмилалӣ муайян намудани муносибати давлати дунявии миллӣ бо иттиҳодияҳои динӣ фароҳам омадааст ва Конститутсияи кишвар ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Масъалаи дигареро мехоҳам таъкид намоям, ки ҳанӯз ҳам неруҳое вуҷуд доранд, мехоҳанд дар байни мардуми ҳанафимазҳаби Тоҷикистон ва умуман минтақаи Осиёи Марказӣ тафриқа ва ҷудоӣ андохта, тавассути бадном кардани дини мубини ислом ва муқобилгузории он бо ҳокимияти давлатӣ ба амнияту ваҳдат ва рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти кишварҳо халал ворид намоянд.
 Дар ин замина бовар дорам, ки гузоришҳои илмӣ ва баҳсу мунозираҳо дар доираи баргузории конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Дин ва миллат: низоъҳои идеологӣ ва сиёсӣ дар ҷаҳони ислом» як қадами ҷиддӣ дар роҳи шинохти илмӣ-тахассусӣ, дарёфт ва ҳалли роҳи дурусти раҳоӣ аз мушкилоти мавҷуда хоҳад буд.


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.15    №: 232    Мутолиа карданд: 505

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед