logo

фарҳанг

ДЕР ОЕМУ ДУРУСТ?!

Фалак яке аз муҳимтарин унсурҳои мусиқии суннатии тоҷик буда, решаҳои таърихии хеле қадима дорад.
Бо дарки муҳимияти масъала ва ба мақсади ҳифзи ин мероси бадеию фарҳангии халқ ва рушду такомули ҳунари фалаксароӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, 8 августи соли 2007, таҳти рақами 299 фармон ба тасвиб расонд, ки дар асоси он 10 октябр «Рӯзи Фалак» эълон гардид. Воқеан, пас аз ин фармони таърихӣ ҳамасола ин рӯз махсус қайд мегардад. Инчунин чандин симпозиуми байналмилалии Фалак доир гардид. Пажӯҳиши ин жанри мусиқии суннатии тоҷик бо эҳсоси масъулият ба таври чашмрас оғоз ёфт. Силсилаи мақолаҳо ва китобҳои муҳаққиқону мутахассисон ба табъ расиданд. Китобҳои «Фалак»-и Қурбони Қурбониён, «Фалак ва масъалаҳои таърихӣ – назариявии мусиқии тоҷик» (мураттиб Фароғат Азизӣ), «Мақом  ва Фалак»-и Фароғат Азизӣ (бо забони русӣ), «Рози дил»-и Умари Темур, «Санъати мусиқии Кӯлоб»-и Раҳмони Раҳим, «Фалак»-и Давлатманд Холов, «Санъати мусиқии Помир»-и  Низом Нурҷонов ва Баҳринисо Қобилова (бо забони русӣ) ва «Гулзори Фалак» аз ҷумлаи онҳост. Агарчи баъзе аз андешаҳои муҳими муҳаққиқону мутахассисон ба ҳақиқати илмӣ мутобиқат намекунанд, ҷойи таассуф нест, чун пажӯҳишҳои ҷиддии баъдӣ ин мушкилотро хоҳ-нохоҳ рафъ месозад. Албатта, бовар ҳаст, ки дар оянда барои таҳқиқи дурусту пурсамар заминаҳо ба вуҷуд меоянд ва пажӯҳишгароне ба арсаи майдон хоҳанд омад, ки донандаи ҳам назария ва ҳам амалияи мусиқиянд. Ба ин хотир, зарур буд ва ҳолиё ин зарурат бештар эҳсос мешавад, ки Фалакро ба пуррагӣ ва дақиқӣ ба адвор, яъне нота медароварданд. Дуруст аст, ки дар ин росто баъзе аз корҳо ба фарҷом расиданд, аммо он ҳанӯз нопурра буда, ҷавобгӯи талабот нестанду як низоми муайян надоранд. Фаъолият дар ин росто бояд тибқи барномаи махсуси дурусту тасдиқгардида ва илман асоснок сурат бигирад. Зарур аст, ки аз таҷрибаи ғании мақомнависони вақт, оҳангсозону донандагону мутрибону хонандагон, сегонаи давр Бобоқул Файзуллоев, Фазлиддин Шаҳобов ва Шоҳназар Соҳибов, ки асари панҷгонаи «Шашмақом», иборат аз 252 сурудро таълиф кардаанду ба ёдгор мондаанд, истифода бурд.
Барои анҷоми ин кори таърихӣ бо ин нобиғагони шашмақом шартнома бастанд ва ҳаққи кору заҳматашонро пардохт намуданд, шароитҳои корияшонро ба вуҷуд оварданд. Пас аз он бо эҳсоси масъулияти зиёд дар муҳлати муқарраргардида шашмақомро  ба адвор дароварданд. Ҳамин тавр, шашмақом чун мероси бадеию фарҳангии халқ ҳам ҳифз шуд ва ҳам рушду такомул ёфт. Мутаассифона, ин ҳамаро дар мавриди фалак гуфтан ҳанӯз барвақт аст ва ҳам корҳои бафарҷомрасида дар хусуси ба адвор даровардани ин жанри мусиқии суннатӣ дар ҳашт сол ба талабот ҷавоб дода наметавонад. Албатта, ба андешаи ин ҷониб, агар яке аз сабабҳо қабул нагардидани барномаи махсус дар ин самт ва ба вуҷуд наовардани имконоту шароит бошад, сабаби дигар вуҷуд надоштани фаъолияти бонизом ҳаст.
Раҳмони Раҳим, муҳаққиқ, омӯзгори Коллеҷи санъати ба номи Кароматулло Қурбонови шаҳри Кӯлоб, зимни суҳбат изҳор дошт: «Чанд соли охир бисёре аз оҳангҳо ва сурудҳои мардумӣ бар асари ноогоҳӣ ва беҳунарӣ ба маънии манфияш тағйир ёфта истодаанд. Агар кор бад-ин сурат идома биёбад, пас аз чанд сол асолати онҳо аз миён меравад. Бо эҳсоси масъулияти касбӣ, шаҳрвандӣ зарур шумурдам, ки ба шаҳру ноҳияҳои гуногуни вилояти Хатлон сафар намоям ва баъзе оҳангу сурудҳои мардуми ин маҳалро сабт бинамоям. Зарур аст, ки ҳарчи зудтар Фалакро аз миёни мардум ҷамъоварӣ намоему ба риштаи адвор бидарорем».
Қурбони Қурбониён, муҳаққиқу донандаи варзидаи Фалак, омӯзгори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, гуфт, ки «Зимни таҳқиқи Фалак андешаҳои ғалату носолим роҳ ёфта истодаанд, ки ба нафъи илму соҳа нест. Бархе аз мутахассисону мутрибону овозхонони варзида низ дар ин маврид ба хатоиҳои ҷиддӣ роҳ медиҳанд. Фалакро аз фалакӣ, яъне оҳангу сурудҳое, ки ба фалак иртибот мегиранд, фарқ карда наметавонанд. Асари бади он ба ҷомеа мерасад ва завқҳоро дуруст парвариш дода наметавонанд. Ин аз он сар мезанад, ки аз сохтори фалак ва талаботи ин жанр огоҳии дурусту комил надоранд. Фаъолияти гурӯҳҳои ҳунарие, ки ба хотири рушду такомули ҳунари фалаксароӣ таъсис дода шудаанд, ба талабот ҷавобгӯ нест».
Хулоса, Фалак бояд ҳатман зудтар пурра ҷамъоварӣ ва ба риштаи адвор дароварда шавад. Ба ин хотир, албатта, қабули барномаи махсус ногузир аст. Барои иҷрои барнома бошад, маблағи муайян ва  ҷалби бузургтарин мутахассисону муҳаққиқону донандагону мутрибону овозхонон дар ин жанри мусиқии сунатӣ зарур аст. Албатта, ҷойи масаррат ё худ шодмонист, ки ин ганҷинаи бас арзишманду нодирро дигарон соҳибӣ накардаанд ва он то ба ҳол як соҳиб дошту дорад, яъне тоҷикон. Аммо кӣ кафолати пурра дода метавонад, ки дар даврони тунди ҷаҳонишавӣ онро аз худ намекунанд? Пас бояд дер накунем. Оре, дер оему дуруст!  Дермонӣ ба манфиати мо ва мусиқии суннатии мо нест.

Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.11.15    №: 234    Мутолиа карданд: 481

26.09.2018


ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Идомаи машқҳои зиддитеррористии «Иссиқкӯл - 2018» дар Қирғизистон

Ёрӣ ба 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати бартарафсозии оқибати хушксолӣ

Иттиҳоди Аврупо Осиёи Марказиро маблағгузорӣ мекунад

Қазоқистону Ӯзбекистон моҳвораи муштарак сохтанианд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед