logo

фарҳанг

НАШРИЁТ: МАҲСУЛОТ ЗИЁДУ ХАРИДОР АНДАК

Имрӯз бо тақозои даврони истиқлол таҳия шудани нақшаи чопи китобҳо, таъмини муассиса ба маводи чопу технологияи нав дар шароити иқтисоди бозорӣ дар назди масъулони нашриёт вазифаҳои нав гузошт.  Ноширон муваззаф шуданд, то тавассути фаъолияти гуногунҷабҳаи хеш ҳарчи бештар китобҳоеро ба табъ расонанд, ки дархури масоили мубрами замона бошанд, барои худшиносиву худогоҳӣ, ташаккули сатҳи маърифату маънавияти мардум мусоидат карда, дар замири онҳо эҳсоси баланди ватандорӣ ва ифтихори миллиро парвариш намоянд. Ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ моҳият ва аҳамияти истиқлолиятро фаҳмонида, ба ҷаҳониён симои воқеии давлати нави тоҷикон, таъриху фарҳанг, ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, илмиву фарҳангӣ ва нақшаву ҳадафҳои онро дар бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намоянд.
Дар соли 2015 муассисаҳои нашриявии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  81 номгӯй китобҳоро ба миқдори 182050 нусха адабиёти бадеӣ ва илмӣ - оммавӣ ба маблағи умумии 1435897,37 сомонӣ нашр намуданд.
Муассисаи нашриявии «Ирфон» имсол се номгӯйи  китобро бо теъдоди 3000 нусха ва нашриёти  «Адиб» аз ҳисоби маблағҳои Фонди эҳтиётии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 45 номгӯй китобро бо теъдоди 18500 интишор намуданд. Ҳамчунин, муассисаи «Адиб»  бо фармоиши Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои китобхонаҳои ҷумҳурӣ аз 555 номгӯйи китоби нашрнамудааш 5588 нусха китоб бо маблағи 107618 сомонӣ ба таври ройгон ҷудо намуд.
Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» 11 номгӯй китобҳои нақшавиро ба чоп расонид. Бо мақсади ҷалби ҳарчӣ бештари таваҷҷуҳи мардум ба китоб ва ташвиқу тарғиби ҳамаҷонибаи он дар байни аҳолӣ, махсусан насли ҷавон нашриёт дар 29 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, коллеҷҳо, литсейю гимназияҳои пойтахт намоиш-фурӯши китобҳои бачагонаро таҳти унвони «Душанбе – шаҳри китоб» баргузор карда, бо мақсади тарғиби маводи тозанашр феҳрасти «Адабиёти бачагона»-ро ташкил намуд.
Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик нашри ҷилди 3-юми “Энсиклопедияи миллии тоҷик”-ро бо теъдоди 3500 нусха ба роҳ монда, 2000 нусхаи онро ба обунашудагон дастрас кардааст.
Имсол  ба бойгонии Муассисаи давлатии Агентии миллии рақамгузории стандарти байналмилалии китоб “Хонаи китоби Тоҷикистон” тамоми нусхаҳои ҳатмии маҳсулоти чопии ба муассиса соли 2014 ва нимсолаи аввали соли 2015 воридшуда тибқи муқаррарот дар бойгонӣ ҷобаҷо гузошта шуд. То ҳол ба бойгонии муассиса 340 нусха китоб, 1480 нусха рӯзнома, 80 нусха маҷалла ва 64 нусха рисолаи илмӣ ворид гаштааст, ки тасвири библиографии онҳо саривақт таҳия карда шудааст.
Новобаста ба ин, ба таври дилхоҳ ба фурӯш нарафтани китобҳо, дар шаҳру ноҳияҳо ба таври зарурӣ фаъолият накардани мағозаҳои китоб, ба талаботи замон мувофиқ набудани обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳо проблемаҳои асосии соҳа мебошанд, ки ҳалли таъхирнопазири худро тақозо доранд.

Шариф КОМИЛЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.11.15    №: 234    Мутолиа карданд: 488

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед