logo

номаҳо

Бибиотунҳо аз санҷиш гузаранд

Ҳоло шумораи бибиотунҳо бисёр шудаанд.  Онҳо вазифаи худро танҳо дар хондани як-ду ривоятҳои аз ҳақиқат дур ва тарғиби хурофотҳо мебинанд. Бо ин роҳ мардумро баръакс аз ислом дур менамоянд.
Ман аксар вақт шоҳиди он ҳам мешавам, ки бибиотунҳо ҳатто Қуръонро хонда наметавонанд, чи ҷои он, ки маънояшро фаҳмида бошанд.
Баъзан дар маъракаҳои занон духтарони ҷавон низ ҳамчун бибиотун баромад мекунанд. Дар ин ҳол ба калонсолони ҳузурдошта бо «насиҳат» таън низ мерасонанд ва ба амалҳояшон эрод мегиранд. Фаромӯш мекунанд, ки то пире нест, тадбире нест. Мебояд одоби инсониро риоя кард. Байни мардум он гоҳ баромадан лозим аст, ки  бовар дошта бошӣ, донишат каме аз дигарон зиёд асту ба саволу ҷавоб аз рӯи ҳуҷҷати Парвардигор тайёр ҳастӣ. Бо пӯшидани либосҳои эрониву арабӣ, ки гӯё сатри аврат мекарда бошанд, дониш ба даст намеояд. Вақт  аз ҳама чизи гарон аст. Аз ин рӯ бояд бибиотунҳо вақти мардумро гирифта бо гуфторҳои беҳуда ба раҳгумӣ наандозанд.
Бинобар ин ба мутасаддиёни соҳа чанд пешниҳод карданиам.
Аввалан, бояд ҳамаи бибиотунҳои кишварро аз санҷиш (аттестатсия) бигузаронанд, баъд ҳуҷҷат барои фаъолият бидиҳанд. Дар санҷиш бояд танҳо дониш ва маҳорати сухангӯӣ ба инобат гирифта шавад, на шахсият ё худ фарзанди кадом каси шинохтаву барҷаста будани бибиотунҳо.
Ба он шахсоне, ки иҷозатнома нагирифтаанду боз байни мардум бо тарғиби бесаводонаи худ машғул мешаванд, ягон намуди ҷазо пешбинӣ гардад.

Мастура ТЕМУРОВА,
шаҳри Хуҷанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 586

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед