logo

фарҳанг

ОЗМУНЕ, КИ НАТИҶАИ ДИЛХОҲ НАДОД

Дар озмуни драмнависон, ки онро Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли оила ва дар арафаи Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ташкил намуд, ҳунарманд ва драматурги шинохта Шодӣ Солеҳ бо драмаи «Дуо диҳед, қиблагоҳ» ғолиб омад. Ба ӯ диплом ва 3000 сомонӣ мукофотпулӣ супорида шуд. Ҷойи дуюмро Кимиё Атоева бо драмаи «Садаф» ва Ҳошим Раҳимов, муаллифи драмаи «Дарди рӯзгор» бо ҳам диданд. Драматургон Садрӣ Умар ва Ҷумъа Қуддус бо драмаҳои «Хоҳари калонӣ» ва «Сайд ва сайёд» ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Ба К. Атоева ва Ҳ. Раҳимов барои ишғол намудани ҷойи дувум 1250 сомонӣ ва ба С. Умар ва Ҷ. Қуддус ба маблағи 1000 сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд.
Ба адабиётшинос ва адиби шинохта Атахон Сайфуллоев (драмаи «Навниҳолони боғи муҳаббат»), драматургон Ато Ҳамдам («Зуком»), Алиризо Раҳмонқулов («Тӯйи беарӯс») ва Зарифи Ибод («Гунаҳгорони гунаҳшӯй») ҷоизаҳои ҳавасмандгардонии озмун супорида шуд.
Қобили зикр аст, ки машварат – озмуни драмнависон ва таҳиягарони ҷумҳурӣ аз 18 то 20 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар он драмнависон, таҳиягарон, актёрҳо ва мунаққидони соҳаи театр ширкат варзиданд. Озмун аз 20 феврали соли ҷорӣ эълон гардида, тӯли нуҳ моҳ аз муаллифон драмаҳо барои дар он ширкат варзидан пешниҳод гардиданд. Дар натиҷаи таҳлилу баррасӣ 10 асар ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфт. Барои шаффоф гузаштани озмун дар давоми се рӯз онҳоро ҳайати ҳакамон бо ширкати таҳиягарону бозигарон қироат намуда бо ҳам шуниданд.
Бояд асарҳои ба озмун пешниҳодшуда мавзӯъҳои оилаву оиладорӣ, тарзи солими ҳаёти оилавӣ, мақоми зан - модар дар тарбияи фарзандонро дар бар гирифта, таълими насли наврас дар рӯҳияи арзишҳои волои маънавӣ ва ахлоқи ҳамидаро таҷассум менамуданд.  Ҳангоми пешниҳод намудани драмаҳо арзиши бадеӣ ва ғоявии онҳо ва ҷавобгӯ буданашон ба қонуниятҳою талаботи жанрҳои драматургия ва ҳамкории драматургон бо режиссёрони театрӣ ба назар гирифта шуд.
Таҳти роҳбарии муовини аввали вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ  Ибодулло Машрабов ҳакамон дар ҳайати коргардон Давлат Убайдуллоев, драматург Нур Табаров,  ва адиб Тоҳири Муҳаммадризо натиҷаҳои озмунро тариқи раъйдиҳии пӯшида муайян намуданд.
Дар охир миёни ҳайати ҳакамон ва иштирокчиёни озмун гуфтугӯи ошкоро сурат гирифт. Дар рафти он барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ – Нур Табаров иброз дошт, ки новобаста аз таҳлилҳои пешакӣ ва интихоби асарҳои нисбатан хубтар сатҳи драмаҳои ба озмун пешниҳодшуда қаноатманкунанда нест. Ӯ гуфт, ки «Дар оилаҳои мо мушкилоти зиёде вуҷуд доранд, ки тадқиқи бадеии худро интизоранд. Драматургон ва театрҳои мо имрӯз аз масъалаҳои муҳими маънавӣ гурез намуда, паси намоишҳои саргармкунанда ва сатҳӣ панаҳ бурда истодаанд. Бахусус, оилаҳои ҷавон, ки бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ шуда истодаанд аз театр ва драматургони мо дар ҳалли мушкилоти равонию иҷтимоии хеш кумак ва ёрмандии маънавиро интизоранд».
Яке аз сабабҳои дар сатҳи нисбатан паст доир гардидани машварат – озмуни драмнависонро соли ҷорӣ Тоҳири Муҳаммадризо, сармутахассиси раёсати санъати Вазорати фарҳанг, дар он мебинад, ки драмнависон нисбат ба коргардонҳо, актёрҳо ва дигар ходимони театрӣ камҳавсала мебошанд. Аксари драмнависон аз  гузарондани машварат – озмун огоҳ шуда буданд, вале қисмати ками онҳо асар пешниҳод намуданд. Баъзеи онҳо акнун драмаҳои худро пешниҳод намуда истодаанд, ки хилофи талабот мебошад. «Аксари онҳо далел пеш меоранд, ки аз эълони озмун бехабар мондаанд. Гарчанде ки аз эълони он дар ҳар маъракаи театрӣ ёдрас шуда, талаботашро баён менамудем. Ҳатто дар ҷамъбасти Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту – 2015» низ ба аҳли театр аз ташкил ва гузарондани озмуни драмнависон ёдрас шуда будем», - афзуд Т. Муҳаммадризо.
Яке аз сабабҳои дар сатҳи паст баргузор шудани машварат – озмуни драмнависонро мо дар сарҷамъ набудани худи аҳли театр ва аз ҳам ҷудо фаъолият доштани дастаҳои ҳунарӣ ва драматургон мебинем. Вазорати фарҳанг ҳар рӯз ба ташкил ва гузарондани чорабиниҳои муҳим машғул аст ва мусаллам аст, ки дар ташкил ва гузарондани онҳо метавонад ба каму косте роҳ бидиҳад. Омили нигаронкунанда ин аст, ки раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки бахши махсуси драматургия дорад, ҳамеша худро аз ин чорабинии муҳим дур мекашад. Намояндагони онро мо дар чунин машваратҳо кам мебинем. Коргардон ва актёрҳои театрҳои ҷумҳурӣ ба ин чорабинии муҳим ҷалб шаванд ҳам, ба он беэътиноӣ намуда, дар кори машварат ширкат намеварзанд. Баҳси тӯлоние, ки миёни драматургон ва коргардонҳои мо солҳои охир идома дорад мебоист дар ин машварат ҳалли худро пайдо мекард. Ҳоло бошад, драматургон намедонанд, ки театр аз онҳо чи гуна асарҳоро интизор асту театрҳо аз завқи тамошобини имрӯза бехабаранд. Дар натиҷа, миёни ходимони театрӣ ақидае ҷорӣ шуда истодааст, ки як гурӯҳи махсус тамоми чорабиниҳоро барои худ ва ба фоидаи худ гузаронда истодааст.
Имсол машварат боз як таҷрибаи хуби худро аз даст дод. Солҳои пешин асарҳо баррасӣ мешуданд. Ин дафъа барои осонии кор аз он даст кашиданд. Дар натиҷа, драматургон аз ҷамъбасти озмун асосан розӣ бошанд ҳам, дар кадом асос чунин баҳогузорӣ шудани асарҳояшонро дуруст дарк накарданд. Бо ин ҳол аз рушди драматургияи миллӣ ва таъсири он ба равандҳои театрӣ сухан гуфтан хеле мушкил аст.
М. ТАБАРӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.15    №: 235-236    Мутолиа карданд: 525

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед