logo

фарҳанг

АЗ ВОҚЕИЯТ ЧАШМ ПӮШИДАН НОМУСУЛМОНИСТ

Тайи чанд моҳи охир «мунаққидон» ва «ҳарифони идеологӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои туҳматомез ва ғаразноки худро тавассути мақола, барнома ва гузоришҳои фармоишӣ дар ВАО-и электронӣ, шабакаҳои телевизионии кишварҳои хориҷӣ ва иҷтимоии интернетӣ дар бораи «маҳдудият»-ҳои дин дар Тоҷикистон ба нашр мерасонанд. Ин бори дигар гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо аз нақши Сарвари давлати тоҷикон дар нуфуз ва эътибори дини мубини ислом дар ҷомеаи ҷаҳонӣ огоҳӣ надоранд ва ё талошҳои пайвастаи пешвои муаззами кишварро аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ дар мавриди пуштибонӣ аз дини ислом нодида мегиранд.
Ҳамин гуна «маърака»-и таблиғотӣ нисбат ба Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 1994 тарҳрезӣ гардида, то имрӯз дар шаклҳои гуногун идома меёбад. Масалан, солҳои 1994 -1995 як навъ «сандуқи хайрия» барои кумак ба мухолифони тоҷик, ки гӯё баҳри озодии дин мубориза мебурданд, таъсис ёфт. Бар асари таблиғоти мухолифон бисёр кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ ва Эрон, гумон доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешрафти дин ва бархӯрдорӣ аз озодии виҷдон мамониат мекунад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолияти хеш ба сифати Сарвари давлат то имрӯз, пеш аз ҳама, динро аз сиёсатбозиҳо дур карда, покизагию муқаддасоти онро дар дохил ва хориҷи кишвар ҳифз намуда истодааст. Баъди интихоб ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 бо ташабуси бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон барои озодии дин ва эътиқод дар Тоҷикистон Шӯрои Олӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ»-ро қабул намуд.
Баъди сафарҳои Президент ба кишварҳои исломӣ, бахусус Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, узвияти Тоҷикистон ба Созмони конфроси исломӣ гардиши қатъиеро дар муносибати кишварҳои исломӣ ба Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён овард. Зеро сарони кишварҳои исломӣ ба ҷасорати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳимояти ислом дар арсаи байналмилалӣ аз наздик ошно шуданд ва итминон ҳосил карданд, ки Сарвари давлати тоҷикон ба ҷои бадномкунии ислом асли ҳамкориҳои динӣ ва тамаддунҳоро ба миён гузоштааст.
Масалан, Президенти мамлакат дар мулоқоти VII Сарони кишварҳои узви Созмони конфронси исломӣ (Дорубайзо, декабри соли 1994) иброз дошт, ки: «Мо бояд андеша кунем, ки чаро тоифае номи дини мубини исломро бад мекунад? Вақте расидааст, ки мо бояд барои обрӯи исломро баланд бардоштан, тадбирҳои ҳамоҳанги самаранок андешем». Дар мулоқоти VIII Сарони кишварҳои узви Созмони конфронси исломӣ (Теҳрон, декабри соли 1997) бошад, зикр кард, ки: «Падидаи нанговари ҷаҳони ислом - терроризм яке аз он зуҳуротест, ки ба нуфуз ва эътибори дини ислом дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфӣ мерасонад».
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳабдаҳ сол муқаддам дар мақолаи хеш «Дирӯз, имрӯз ва фардои Тоҷикистон», ки соли 1998 дар рӯзномаи «Теҳрон таймз» ба нашр расид, ба «мунаққидон» чунин посух гуфт: «Бо истифода аз фурсати муносиб мехостам хонандаи муҳтарами эронӣ дар бораи озодии дини мубини ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеиятро дарк намуда, иттилоъ пайдо кунад, ки шоеаҳои маҳдудияти дин дар кишвари мо дурӯғи туҳматомез ва ғаразноке беш нест… Касе, ки аз воқеяти аслӣ чашм пӯшида, ҳукумати имрӯза ва ҷонибдоронашро зиддиислом ва номусулмон эълом мекунад, ба Худо қасам, ки худи ӯ зиддиислому номусулмон аст!».
Онҳое, ки имрӯз аз хориҷи кишвар истода, ба дин «ғамхорӣ» зоҳир менамоянд, кори беҳуда мекунанд, зеро дар давлати демократию дунявӣ кафили ин гуна озодиҳои динӣ Конститутсия мебошад. Раъйи мардуми тоҷик оид ба ин масъала дар Конститутсия ба ин тартиб мақоми қонунӣ пайдо намудааст: «Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Ҳеҷ мафкура, аз ҷумла мафкураи динӣ, ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф намешавад». Дар ҳоле ки давлати дунявии Тоҷикистон ҳуқуқи ҳар шаҳрвандро дар мавриди муайян намудани муносибати озодонаи ӯ ба дин ва иштироки бемамониаташ дар расму оинҳои динӣ таъмин мекунад, оё бо чунин «ғамхорӣ» зарурате ҳаст?
Таҳлили озодии динӣ дар кишвар ва сиёсати хирадмандонаи Президент дар умури дин нишон медиҳад, ки дини мубини ислом дар Тоҷикистон ба «ғамхорӣ» -и ягон расонаи хориҷӣ ниёз надорад. Шарикони чунин расонаҳои «ғамхор» намедонанд, ки Сарвари давлати тоҷикон аз як шакли радикализм-атеизми давлатӣ сарфи назар кард, ҳамзамон ба зуҳуроти дигари радикализм- низоми динии сиёсӣ роҳ надод. Зеро онҳоеро, ки дини мубини исломро таҳриф намуда, онро ба ақидаҳои ифротӣ ва ҷудоиандозӣ олуда месозанд, маҳкум менамояд. Дар табрикоти хеш ба муносибати идҳои сайиди Рамазон ва Қурбон ҳар сол ин маросимҳои динию суннатии мусулмонони кишварро тарғибу ташвиқ менамояд.
Президенти кишвар дар Иҷлосияи IX-уми мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони конфронси исломӣ (Қатар,13 ноябри соли 2000) гуфтанд, ки: «Мо дар кишварамон, ки даҳшатҳои ифротгароӣ ва терроризми ифротгароиро дида ва аз сар гузарондааст, фарқ кардани дини мубини исломро аз ҳама гуна зуҳуроти ба он бегона омӯхтем. Мо барои сохтани ҷомеае, ки дар он навгониҳо бо суннатҳо ва маънавиёти беш аз ҳазорсола ҳамнавохт мебошанд, талошҳои зиёде кардем, то ин ки Тоҷикистонро аз ҳар гуна ифротхоҳиҳо наҷот диҳем».
Сарвари муаззами кишвар дар сиёсати хирадмандонаи худ ояндаи Тоҷикистонро ҳамчун ҷомеае мебинад, ки тобеи ду гурӯҳи ақида набошад, зеро онҳо моҳияти рушди устувори Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократию дунявӣ халалдор менамоянд. Аз ин рӯ, Президенти кишвар дар мақолаи хеш «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи асри XXI», ки 8 декабри соли 2000 дар нашрияи «Независимая газета» ба нашр расидааст, зикр намудааст, ки: «Гурӯҳи якуми ақидаҳо дастовардҳои асили навсозии асри XX-ро инкор намуда, ба барқарор намудани як навъ «типпи миллӣ» - и одамон кӯшиш менамоянд, ки таҳти онҳо таҷдиди сохти гузашта, ҳатто бозгашт ба хилофат дар назар дошта мешавад. Ҳамзамон ба ин, тарафдори чунин рафтор аз ақибмондагии ҳамин гуна бозгашт хиҷолат намекашанд. Онҳо ақидаи эҳёи чунин диндориеро, ки ба озодии виҷдон, яъне ба дастовардҳои муосири тамаддун ва демократияи ҷаҳонӣ, меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи башар роҳ намедиҳад, суиистифода менамоянд.
Гурӯҳи дуюми ақидаҳо, ки барои ояндаи мо қобили қабул нестанд, аз кӯшишҳои баъзе қувваҳои манфиатдор иборатанд, ки мехоҳанд дар ҷараёни мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ динро бадном созанд. Дар ҷустуҷӯи решаҳои терроризм онҳо омодаанд дини муқаддаси исломро гунаҳгор намоянд, ки беандоза ғайриодилона ва дур аз созандагист».
Бадбахтии дигари «мунаққидон»-и кишвари мо дар он аст, ки аз барномаҳои исломие, ки Сарвари давлати тоҷикон роҳандозӣ намудаасту менамояд, огоҳӣ надоранд. Ё дарк намекунанд, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон соҳиби як қатор ташаббус ва барномаҳое мебошад, ки ба тамаддуни исломӣ ва мероси он равона шудаанд. Аз ҷумлаи онҳо Барномаи исломии миллии дастраскунии тарҷумаи «Қуръон»-и карим ба ҳар хонадон ва Барномаи тарҷума ва нашри китобҳои фиқҳи ҳанафӣ ва дигар китобҳои фиқҳи исломӣ ба забони тоҷикӣ, ки аз ҳисоби шахсии ӯ амалӣ гардида истодаанд. Инчунин, соли 2009 дар Тоҷикистон Соли бузургдошти Имоми Аъзам Абуҳанифаи Нуъмон эълом гашт ва ба муносибати таҷлили 1310- солагии ин шахсият симпозиуми байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он аз тамоми гӯшаву канори ҷаҳони ислом меҳмонон ширкат намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳони ислом яке аз шахсиятҳои барҷаста, ҳомии дини мубини ислом ва як тан аз мусулмони комил шинохта шудааст. Чунончи, дар мусоҳибаи хеш дар рӯзномаи мисрии «Ал-мисри-л-явма», 31 августи соли 2009, ба муносибати ба забони арабӣ нашр шудани китоби сеҷилдаи «Тоҷикон дар оинаи таърих», Президенти кишвар иброз намуд, ки: «Қуръон»-и карим дар рӯҳияи ҳар як мусулмон таъсири амиқ дорад. Дар ҳақиқат ман дар муддати солҳои зиндагӣ ин одатро пешаи худ қарор додаам, ки он зеҳни маро мусаффо ва барои андешаронӣ қавитар мегардонад ва аз ғаму мушкилоти рӯзгор бароям роҳате мебахшад. Инчунин, ба такрор хондани ин китоб бароям маъниҳои амиқеро ато намуда, бардавом ақлу шуури маро боз менамояд. Дар ҳақиқат ин муъҷизаи Худованд дар рӯи замин аст».
«Мунаққидон»-и хориҷӣ намедонанд, ки мардуми тоҷик урфу одати исломии асилашонро дар тӯли таърих, ҳатто дар замони шӯравӣ нигоҳ дошта, пойбандии худро ба фарзҳои динӣ ва ибодатҳо дигаргун насохта, дар масири таърихи ислом мавқеи босазоеро касб намудаанд. Чандин нафар аз олимон ва нобиғагони дин, ба монанди бузургтарин имомони ислом Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Имом Ғазолӣ, Имом Абуҳанифаи Нуъмон, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Саҳобӣ, Салмони Форсӣ ва Шайхурраис Ибни Сино асли тоҷикӣ доранд. Иртиботи мардуми тоҷик бо ҷаҳони ислом таърихи зиёда аз ҳазорсола дорад.
Дини расмии кишвари мо ислом аст. Дар сатҳи олами арабӣ ва исломӣ дар бобати фарҳанг ва тамаддуни исломии тоҷикон имрӯз маълумоти муфассале доранд, ки махсусан дар ин самт тарҷума ва нашри арабии китоби Президенти мамлакат «Тоҷикон дар оинаи таърих» хеле шоиста мебошад. Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид кард: «Барои он кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки арзишҳои башардӯстонаи дини мубини исломро биомӯзем ва биомӯзонем зеро сарватҳои маънавӣ, илму адабиёти қадимӣ ва суннатҳои рӯзгори мо аз ислом банду пайванди мустаҳкам дорад». Аз ин рӯ, бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлолият чор маротиба китоби муқаддаси «Қуръон» ба забони тоҷикӣ чоп шуда, ба таври ройгон ба мардум тақсим гардид. Инчунин, китобҳои «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Тафсири Табарӣ», «Кимиёи саодат»-и Имом Муҳаммад Ғаззолӣ, тарҷумаи «Муснад»-и Имом Абуҳанифа, «Ҳидояти шариф»-и Аллома Марғелонӣ ва даҳҳо асари дигари динӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ нашр шуданд.
Сарвари давлати тоҷикон, ҳамчун пешвои миллат аз рӯи масъулияти имонӣ ва динӣ дар сиёсати хеш ҳама гуна аъмоли зишти зиддиинсониро хилофи дини ислом арзёбӣ менамояд. Аъмоли ифротгароёнро маҳкум намуда, ғояҳои инсондӯстонаи таълимоти исломро дар муқобили онҳо дар ҷомеаи ҷаҳони ислом тарғибу ташвиқ месозад ва дар ин ақида аст, ки мусулмони комил дар намозу қироати «Қуръон»-и маҷид, дуову дуруди хеш ба ғояҳои исломии дӯстӣ, хайру саховат, аъмоли неку писандида эътибори бештаре диҳад.
Дар қиболи гузоришҳои «мунаққидон» набояд хомӯш истод. Зеро ҳадафи нопоки онҳо ва фармоишгарон масъалаҳои диниро ба сатҳи мушкилоти давлатӣ бардоштан аст, ки мехоҳанд давлатро ба муноқишаҳои дохилидинӣ бикашанд. Мисоли ҷолиб масъалаи ришу ҳиҷоб аст. Аммо давлат ҳақ дорад, ки монеаи ҳуқуқии ҳар гуна суистифода аз ҷониби ҳаракату гурӯҳҳои ифротии байналмилалӣ гардад. Бахусус, ки тайи чанд соли охир ҳаракатҳои ифротгароии исломӣ даҳшатеро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба миён овардаанд.
Имрӯз ҳар яки мо бояд огоҳ бошем, ки ин қувваҳо ва шахсони алоҳида тавассути «шарикон»-и хориҷии хеш аз ин вазъи орому босуботи ҷомеаи Тоҷикистон, аз ин фазои демократӣ фурсатталабӣ намуда, мехоҳанд ба рафтори авомфиребона вориди саҳнаи сиёсӣ шаванд ва дар зери ниқоби ҳомии дин манфиатҳои сиёсиву иқтисодии худ ва хоҷагони хориҷиашонро пинҳон карда, ҷомеаи моро ноором созанд. Дин ва диёнатро парчам ва ё шиори муборизаҳои сиёсӣ ва идеологӣ кардан ё васила ва роҳи дунёпарастӣ қарор дода, ноором сохтани суботи ҷомеа амали зиддиконститутсионӣ, зиддимиллӣ ва ҳатто зиддишариатӣ хоҳад шуд. Зеро ислом суботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҳар як миллати мусулмонро арзиши олӣ меҳисобад. Сарвари давлати тоҷикон ҳамеша аз дини мубини ислом дар арсаи байналмилалӣ ва ҷаҳони ислом пуштибонӣ намуда, таъкид месозад, ки: «Вобаста ба авзои ноороми сайёра ва доман паҳн кардани терроризм ва экстремизм дар баъзе кишварҳо ва доираҳои муайяни сиёсатшиносон равияи номатлуб ва беасос гунаҳкор кардани дини ислом ҳамоно идома дорад. Ба ибораи дигар, дини мубини исломро, ки аслан ва моҳиятан дини сулҳпарвар аст, ба василаи тарс додани башарият табдил дода истодаанд. Ислом ҳамчун яке аз динҳои бузурги ҷаҳонӣ ҳама гуна нифоқу хусумат, куштору ваҳшоният ва ҷабру зулмро маҳкум мекунад. Бинобар ин, кӯшиши бо ҳар роҳу восита бадном кардани ислом ва мардуми мусулмон, инчунин ба ҳар гуна мухолифату низоъ маҷбуран хислати исломӣ додан аз рӯйи адлу инсоф нест. Фаромӯш набояд кард, ки ислом як сарчашмаи мусаффои афкору ахлоқ аст ва аз пайвастани дин бо сиёсат ҷанбаи баланди сулҳпарварона ва инсондӯстонаи он коста мегардад».
Имрӯз халқи шарифи Тоҷикистон дарк кардааст, ки дар паси ҳар матлаби ғаразноки расонаҳои хориҷӣ гурӯҳҳо ва ё қувваҳои алоҳида меистанд, ки барои онҳо ба хотири манфиатҳои сиёсиашон қурбон намудани ҷони инсонҳо кори саҳл мебошад. Чунин гурӯҳҳо дар самти ҷалби ҷавонон аз усулҳои таъсиррасони мафкуравӣ истифода намуда, дар асоси ғояҳои динӣ - мазҳабӣ онҳоро ба майдони қатлу куштор мекашанд. Ин фитнаест, ки аз ҷониби душманони қавми мусалмон андохта шуда, мақсадаш нобуд сохтани мусалмон бо дасти худи онҳо мебошад.
Ба андешаи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Муродалӣ Давлатов: «Маҳз бо ҳидоят аз ғояи қуръонии «Раҳмати Худо бар ҳар чиз фарогир аст» аз ҷониби Сарвари миллат Эмомалӣ Раҳмон озодии диндориро барқарор намудан, фарзандонро ба назди модарон, ба Ватан баргардондан, хоҳарону бародаронро бо ҳам якҷоя сохтан, халқпораҳоро дар Миллат пайванд сохтан, наҳзати миллиро поягузорӣ намудан, шаҳодати ҷоннисорӣ дар роҳи халқу Ватан нишон додан фазилати бузургворию имондории ҳақиқӣ аст.

Фаёзиддин САДИРОВ,
муовини директори гимназияи исломии
Донишкадаи исломии Тоҷикистон
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа,
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.15    №: 235-236    Мутолиа карданд: 659

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед