logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 сентябри соли 2012  (Ахбори  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, № 9, мод. 838; с. 2013, № 12, мод. 889, мод. 890; с. 2015, № 3, мод. 210) боби  472 бо мазмуни зайл илова карда  шавад:

«БОБИ 472. ХУСУСИЯТҲОИ АНДОЗБАНДИИ СУБЪЕКТ-ҲОИ БОЗОРИ  КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК

Моддаи 3132. Хусусиятҳои андозбандии субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок
1. Муқаррароти моддаи мазкур нисбат ба субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок – иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок (минбаъд – иштирокчиёни касбӣ), эмитентҳо ва сармоягузорон, ки дар бозори муташаккили коғазҳои қиматнок иштирок мекунанд, татбиқ карда мешаванд.
2.  Ба фаъолияти иштирокчиёни касбӣ дохил мешаванд: 
- фаъолияти брокерӣ;
- фаъолияти дилерӣ;
- фаъолият оид ба идораи портфели коғазҳои қиматнок;
- фаъолият оид ба муайян кардани уҳдадориҳои тарафҳо (клиринг) аз рӯи амалиёт бо коғазҳои қиматнок;
- фаъолият оид ба пешбурди феҳристи дорандагони коғазҳои қиматнок;
- фаъолияти маҳфуздорӣ;
- фаъолияти ташкили савдо дар бозори коғазҳои қиматнок.
3. Иштирокчиёни касбӣ, ки фаъолияти дар қисми 2 ҳамин модда муқарраршударо амалӣ менамоянд, зимни амалисозии чунин фаъолият аз пардохти андозҳои зерин  ба муҳлати 5 сол озод карда мешаванд:
-  андоз аз фоида;
-  андоз аз арзиши иловашуда.
4. Эмитентҳо – шахсони ҳуқуқии резидент ва ғайрирези-денте, ки коғазҳои қиматноки онҳо дар биржаҳои фондии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда дар муомилот мебошанд, вобаста ба даромади аз чунин фаъолият бадастоварда ба муҳлати 5 сол аз пардохти андоз  аз  фоида  (андози низоми соддакардашуда) озод карда мешаванд.
5. Сармоягузорон – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки резидент ва ғайрирезидент мебошанд ва аз муомилот бо коғазҳои қиматнок дар биржаи фондии Ҷумҳурии Тоҷикистон даромад мегиранд, вобаста ба чунин даромад ба муҳлати 5 сол аз пардохти андозҳои зерин озод  карда мешаванд:
- андози даромад аз  афзоиши арзиши коғазҳои қиматнок;
- андоз  аз  суди  саҳмияҳо.
6. Бо мақсади амалисозии назорати имтиёзҳои додашаванда, ворид намудани шахсони дар қисмҳои 3, 4 ва 5 моддаи мазкур зикргардида ба қайди махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ ва асосҳои соҳиб шудан ба имтиёзҳои андозӣ аз ҷониби онҳо, биржаи фондӣ сари вақт ба мақоми ваколатдори давлатӣ барои бақайдгирӣ маълумоти асоснокро пешниҳод менамояд. Имтиёзҳои дар моддаи мазкур номбаршуда танҳо пас аз қайди  зикргардида ва пешниҳоди шаҳодатномаи дахлдор истифода мегарданд.
7. Дар сурати аз ҷониби эмитентҳо ва сармоягузорон ба анҷом расонидани амалиёт бо коғазҳои қиматнок дар бозори номуташаккили коғазҳои қиматнок, чунин амалиёт бо тартиби умумии муқаррарнамудаи Кодекси мазкур андозбандӣ мешавад.
8. Барои субъектҳои бозори коғазҳои қиматноки тибқи ҳамин боб андозбандишаванда муҳлати нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботии андоз, инчунин муҳлати даъво ба муҳлати (давраи) пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ мутобиқи қисмҳои 3, 4 ва 5 моддаи мазкур тамдид  карда мешавад.
9. Дастурамал оид ба андозбандии субъектҳои бозори коғазҳои қиматноки тибқи ҳамин боб андозбандишаванда, инчунин шакли эъломияҳо (ҳисобот ва маълумотҳо) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 ноябри соли 2015, № 1245


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ҚАБУЛ КАРДАНИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА КОДЕКСИ АНДОЗИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 28 октябри соли 2015, № 205


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА КОДЕКСИ АНДОЗИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро баррасӣ  намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 12 ноябри соли 2015, № 132


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.15    №: 235-236    Мутолиа карданд: 610

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед