logo

номаҳо

Барои тозагӣ ҳама масъулем, на танҳо идораҳои масъул

Қабл аз омадан ба Душанбе дар бораи зебоии шаҳр шунидаву кӯчаҳои чароғон ва биноҳои боҳашаматашро дар наворҳои телевизион дида будам. Имрӯз ифтихор дорам, дар Душанбе, ки воқеан ҳам сарсабзу дилорост, таҳсил мекунам. Аммо дар ҳайратам, ки чаро канораҳои шаҳр ифлос асту сокинони муқимиаш, хусусан онҳое, ки дар биноҳои чандқабата зиндагӣ доранд, барои тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи биноҳояшон, даромадгоҳҳо, ҷӯйборҳо коре намекунанд, кормандоне, ки масъули беруни шаҳр бурдани ахлот ҳастанд, сари вақт вазифаашонро анҷом намедиҳанд,  аҳолӣ –хурду калон ба ҳар тараф, ҳатто сари хиёбонҳо селофани пурахлотро мепартоянд, аз ошёнаҳои боло чирку чарби худро ба поён ҳаво медиҳанд.
Аз назди биное мегузаштам. Дидам ҷӯйбори назди бино пур аз ахлот асту бачаҳо дарунаш бозӣ мекунанд. Аммо занҳое, ки дар хараки даромадгоҳи бино машғули гап-гапанду бар замми ифлосии атроф, пӯчоқи тухми офтобпараст пуф мекунанд, парвое аз ин аҳвол надоранд.
Сабаби аз тарафи идораҳои масъул сари вақт набурдани ахлот гӯё нарасидани коргарҳо ва сабаби нарасидани коргарҳо камбуди маош будааст. Шояд. Аммо намешавад, ҳамон заноне, ки ба чақ-чақ вақт меёбанд, ҷорӯбу сатил бигиранду банавбат ақаллан гирду атрофи бинои истиқоматиашон, даромадгоҳҳоро худашон тоза кунанд? Магар намешавад хурду калон селофанҳои поруро дар пушти биноҳо, сари роҳҳо неву дар ҷои муайяншуда партоянд? Магар намешавад душанбегиҳо соле 1-2 маротиба неву ҳар ду-се ҳафта як бор шанбегӣ эълон карда, дар навбати аввал аз паи озодагии ҷои зисташон шаванд? Ба ин чӣ халал мерасонад? Бемаърифатӣ? Танбалӣ? Одат? Ғурур?
Душанбе хонаи ҳар сокини он аст ва ба андешаи ман танҳо он вақт тозаву озода мегардад, ки ҳар кадом аз ин сокинон нисбат ба беҳдошти шаҳр бетафовут набошанд, дар тағйири мусбати он саҳм гузоранд –ҳам онҳое ки мисли мо, донишҷӯён, муваққатан дар ин ҷо зиндагӣ мекунанд, ҳам онҳое, ки муқимианд. Барои тозагӣ ҳама масъулем, натанҳо идораҳои масъул Душанбе шаҳри зебост, вале айни замон вазъи тозагиву озодагӣ, беҳдоштиаш мисли доғест афтода ба рӯи зебо.

Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
донишҷӯи курси 1,
факултаи журналистикаи ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 634

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед