logo

номаҳо

Дардошнои Мардум

Дар даврони истиқлолият Худо меҳрубонии дигареро барои мо арзонӣ дошту роҳбарии ноҳияи мо- Шаҳртусро чанд соли охир Холмаҳмад Раҳмонов ба ӯҳда гирифт. Аз сарвари ноҳия  шудани акои Холмаҳмад соли бисёре нагузашта бошад ҳам, туфайли роҳнамоиву ташкилотчигии вай таълимгоҳҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, нуқтаҳои савдо, бозорҳо қомат афрохтанду тармиму таъмир гаштанд. Агар онҳоро ҳисоб кунем, хеле зиёданд ва ба назар чунин мерасад, ки маҳалу мавзеъҳои ноҳия тӯли роҳбарии ин марди Худо дар мӯҳлати на чандон зиёд симои пешинаи худро дигар кард. Маҳз заҳматҳои зиёди ин марди шариф буд, ки мардуми деҳаи Сайёд дар мактаби рақами 21 бинои нави таълимиро ба тариқи ҳашар ба истифода доданд.
Раиси мо ба ёдгориҳои таърихӣ меҳру дилбастагӣ ва эҳтироми хоса дорад. Аз ин рӯ мекӯшад бо кӯмаки мардум биноҳои харобгашта аз нав барқарор шаванд ва бо симои аслию қадимаи худ ба зоирон пешкаш гарданд. ӯ тавонист, ки мардуми деҳоти Искраву Айвач ва Сайёдро ба ин кор сафарбару дилгарм намояд. Инак, баъди заҳматҳои зиёд мақбараи қадимаи Тиллоҳаллоҷӣ дар Айваҷ, ёдгории қарни 19- Ҳавлии Бобои Эшон дар деҳаи мо ва мазори Ҳазрат-бобо дар деҳаи Искра барқарор ва аз фаношавӣ ҳифз карда шуданд. Дар мавзеи табобатии Хоҷаи Кон биное қомат афрохт, ки дар гармои тобистон мардуми ба табобат омадаро аз офтоби сӯзони фасли тамуз наҷот медиҳад. Таъмиру эҳёи мадрасаи қадимтарини Осиёи Марказӣ –Хоҷамашҳад низ бо муваффақият идома дорад.
Акои Холмаҳмад ба мардуми одиву халқи заҳматкаш дилсӯзиву қаробати зиёд дорад. Ташкилотчиву иштироккунандаи аксари ҳашари мардумӣ худи ӯст. Дасту остин бармезанаду ҳамроҳи ҳашарчиён кор мекунад.
Соли гузашта ҳангоми сӯхтори сехи пахтазанӣ дар деҳаи мо ду ҷавон сӯхт. Махсусан аҳволи Сино Авазов, бениҳоят вазнин гардид. Мо худ шоҳид будем, ки раис ба ҳоли ҷабрдидагон монанди падар месӯхту дармон меҷӯст. Ба духтурони шифохонаи марказии ноҳия барои дарёфти дору кӯмак расонд. Духтурон беморро ба беморхонаи пойтахт интиқол доданд. Сино сиҳат ёфт ва ба деҳа баргашт.
Ин мисоли ягона нест. Мардуми деҳаи Сайёд ва ҳам мавзеъҳои дигари ноҳия аз самимияту дилсӯзии ба заҳматкашон доштаи акои Холмаҳмад мисолҳои бешумор медонанду дар ҳақаш дуои нек мекунанд.

Махфират ҒУЛОМҲАЙДАРОВА,
Сулаймонқул ҚОСИМОВ,
Зикир ҒУЛОМОВ ва дигарон,
деҳаи Сайёди ноҳияи Шаҳртус


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 614

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед