logo

фарҳанг

НАХУСТНАМОИШИ «АСРОРИ ТАҚДИР»

Дар Кохи ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон нахустнамоиши филми «Асрори тақдир» доир гардид.

Коргардон - таҳиягари филм Зафари Валӣ, хатмкардаи шуъбаи кинорежисёрии Коллеҷи фарҳанги вилояти Новосибирски Федератсияи Русия, онро бо  маҳорати баланд таҳия намудааст. Тарғиби фарҳанги миллӣ, тарбияи дурусти фарзанд, пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, баланд бардоштани дониши ҷавонон яке аз ҳадафҳои асосии филм аст.
«Имсол, ки Сарвари  давлат зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба зарурати рушди соҳаи синамо таъкид кард, мо тасмим гирифтем, ки бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ як филми пурраметражи иҷтимоиро таҳия ва манзури тамошобинон намоем», - гуфт Хайрулло Давлатов, муаллифи филмномаи «Асрори тақдир».
Филм аз ишқи ду ятиме қисса мекунад, ки бо мушкилоти зиёде ба воя расида, дар ҳаёташон дучори монеаҳои зиёд ва хиёнати дӯстон мегарданд. «Қаҳрамонҳои филм бо либоси зебои миллӣ пешорӯи тамошобинон ҷилва карда, дар тамоми саҳнаҳои он меъёри забони адабии муосири тоҷикӣ риоя мешавад», - бо хушнидӣ иброз доштанд тамошобинон. 
Барои иҷрои нақшҳои асосӣ дар филм ҳунармандони маъруфи кишвар Қурбони Собир, Меҳриннисо Ҳоҷибоева, Назирмад Мусоев ва  Моҳпайкар Ёрова даъват шудаанд.
Таҳияи М. ТАБАРӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.11.15    №: 237    Мутолиа карданд: 429

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед