logo

фарҳанг

ТАҲСИЛИ ПУЛАКИИ ИЛОВАГӢ. ЧАРО?

Дар баъзе аз муассисаҳои таълимии давлатии гимназия барои хонандагони болаёқат ва литсейҳо таҳсили пулакии иловагӣ ҷорӣ гардидааст. Он, албатта, бо моддаи 58 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Оиннома ва Иҷозатномаи «Иҷрокунанда» тибқи ариза ва хоҳиши «Фармоишгар» асоснок гардидааст. Аризадиҳанда аз маъмурият ё худ директори муассисаи таълимии давлатӣ эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки таҳсили фарзанди ӯро дар ин ё он равия бо соҳаи муайян таъмин бикунад. Фармоишгар пас аз он мувофиқи шартномаи намунавии хизматрасонии таълими иловагӣ уҳдадор мешавад ки маблағи хизматрасонии мазкурро тибқи муқаррарот пардохт ва дар раванди таълим фаъолона иштирок бинамояд. Яъне, ӯ ба суратҳисоби муасиса маблағи таҳсилро мувофиқи харҷномаи тасдиқшуда дар ҳаҷми 120 сомонӣ бояд ҳар моҳ бисупорад.
Ин дар ҳолест, ки фармоишгар барои таҳсили 9 - моҳаи фарзандаш дар ин гуна муассисаи таълимӣ 1200 сомонӣ (дар баъзе аз гимназияву литсейҳо он фарқ мекунад) пардохт кардааст. Дар ин сурат барои ҳар ду навъи таҳсил ӯ бояд 2280 сомонӣ пардохт намояд. Ва, албатта, ин барои таҳсили як фарзандаш мебошад. Фармоишгар хоҳ-нохоҳ наметавонад миёни фарзандонаш барои ҳар навъ таҳсил тафовут бигузорад. Мусаллам аст, ки кӯдак дар ин маврид ноадолатиро аз ҷониби волидайн эҳсос мекунад ва ба ҳолати равонии ӯ таъсири манфӣ мерасонад.
Ҷойи тааҷҷуб ва мулоҳиза он аст, ки фармоишгар фарзандашро ба ин гуна муассисаи таълимии давлатӣ маҳз ба хотири равияи муайяни таълимӣ мебарад. Ва ҳам аз ин рӯ, барои таҳсилаш пул месупорад. Ҷамъи ин маблағ дар 11 соли таҳсил 13200 сомониро ташкил медиҳад. Маълум аст, ки ин маблағи андак нест. Ба ғайр аз ин, маблағи шартнома дар солҳои гуногун ҳамеша на кам, балки зиёд гардидаасту мегардад.
Агар ҳам дар гимназия ва литсейҳо, ки ба равияҳо тақсим гардидааст, боз ниёз ба таҳсили иловагии ҳамон равия мавҷуд бошад, онҳо аз дигар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ин маврид чӣ тафовут доранд? Медонам, ба ин пурсиш ҳатман посух ёфтан мумкин аст, аммо бисёр мехоҳам, посух дуруст, беғараз ва аз рӯи инсоф бошад. Ва бисёр хостори онам, ки ба ин пурсиш на танҳо масъулон, балки дигар омӯзгорони варзида, мутахассисони соҳибтаҷриба, равоншиносону педагогони барҷаста бо ҳисси дилсӯзӣ ва ояндаи неки маориф  посухи сазовор бидиҳанд. Аслан сухан дар хусуси маблағе, ки ман ва ё дигар волидон месупорем, нест. Сухан аз ҷараёни дурусти таълим, сифати он, масъулияти касбию шаҳрвандӣ ва ҳолати равонии кӯдаку омӯзгор меравад. Суоли матраҳ боз ин аст, ки воқеан кӯдак аз омӯзгор пас аз таҳсилу таълими 6 соати дарсӣ имкони хондану гузаштани дарси иловагиро доранд? Ва ин ба ҳолати равонии онҳо таъсири манфӣ намегузорад? Ин боз дар ҳоле аст, ки хонандагон  пас аз ҷамъбасти чоряки якум ва чоряки сеюм ба таътил намебароянд.
Оё андешидаем, ки барои таҳсили пулакии иловагӣ волидон маҷбур мешаванд ба фарзандон барои хӯрдани ғизо ҳар рӯз пул бидиҳанд? Агар ба сари як хонанда ҳар моҳ дар 15 рӯзи таҳсил ҳам 75 сомонӣ (барои ҳар як рӯз 5 сомонӣ), ҳол он ки аз рӯи зарурат ва рӯзҳои таҳсил бояд зиёдтар бидиҳанд, дар нуҳ моҳи таҳсил ин 675 сомониро ташкил медиҳад. Барои хонанда волидон либосҳои мактабӣ, ашёи хониш ва китобҳои дарсиро низ бояд бихарад.
Ҳамин тавр, як оилае, ки зиндагияш дар сатҳи миёна қарор дорад, дар ҳолати бас ногувор мемонад. Аммо ба хотири ояндаи неки фарзандаш ин талаботу муқарраротро иҷро мекунад. Яқин аст, ки бисёре аз оилаҳо бар замми ин як ё якчанд донишҷӯ доранд, ки сарпарастии онҳо ба маротиб мушкил мебошад. Ба ростӣ, ин хеле бори гарон аст. Ба кӣ? Ба шаҳрвандони кишварамон, на ба як бегона, хоса боз вақте ки агар маблағҳо самаранок истифода нагарданд ва сатҳи донишандӯзӣ ва сифати таълиму тарбия ҷавобгӯи талаботи давр набошад.
Шояд аз ҷониби муқобил ин андеша матраҳ бишавад, ки таҳсили пулакии иловагӣ ихтиёрӣ мебошад, на иҷборӣ. Аз рӯи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ин воқеан дуруст аст. Аммо як бор аз шогирдон ҷиддӣ  бипурсед, ки онҳо дар ҳақиқат онро хосторанд ё не? Агар бар шумо намегӯянд, ба волидонашон изҳор медоранд, ки дар сурати ба ариза имзо нагузоштанашон омӯзгоронашон минбаъд ба онҳо муносибати бад менамоянд ва баҳои паст мегузоранд. Яъне, пас аз он бояд тағйири ҷойи таҳсил бикунанд. Албатта, волидон пеши зорӣ ва ашкҳои фарзандон дар чунин мавридҳо бисёр оҷиз меоянд.
Бо зикру таҳлили ин ҳама ҳолати ҷойдошта ин ҷониб ҳаргиз муқобил ё худ зидди таҳсили пулакии иловагӣ нест. Баръакс, онро зарур мешуморад. Аммо он бояд бо хоҳиш ва омодагии равонии хонанда сурат бигирад. Барои таҳсили иловагӣ волидон аз ин ҳам маблағи бештар пардохт менамоянд, вале самари онро бояд бубинанд. Ин гуна таҳсил агар дар берун аз мактаб сурат бигирад, чунон ки ҳаст, беҳтар мебошад. Таҷриба ин ҳақиқатро собит сохтааст, ки илмомӯзон ба омӯзгорон ва усули таълимашон дар ин маврид эътимоди зиёдтар доранд. Чаро? Чунки қариб ҳамаи шогирдонро дар фанни муайян барои дохил шудан ба мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ хуб омода мекунанд ва ё дар зиндагиашон аз он бештар ба кор мебаранд. Албатта, ин масъала баҳсбарангез аст ва назарҳо дар мавриди он гуногун мебошад. Аммо он тавре бояд ҳал шавад, ки ҳама ҷонибҳо суд бубинанд, на зарар.

Н. АБДУЛЛО, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.11.15    №: 237    Мутолиа карданд: 628

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед