logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ВА ПОСУХ

Ба саволҳо Фарҳод Тоҳиров, адвокати Маслиҳатхонаи ҳуқуқии шаҳри Қӯрғонтеппа, Лайлӣ Мӯсоева, нотариуси давлатии Саридораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ғуфрон Бойматов, узви мушовараи адвокатҳои вилояти Суғд ҷавоб доданд.
Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 - 16 муроҷиат намоянд.
- Аз бачагӣ маҷрӯҳи гурӯҳи дуюм ҳастам. Баъди хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аз соли 1971 то имрӯз дар муассисаҳои гуногун бетанаффус кор карда меоям. То ҳол нафақаи маҷрӯҳӣ мегирам, вале азбаски ба синни нафақа расидам, ба шуъбаи таъминоти иҷтимоии шаҳри Панҷакент муроҷиат кардам, ки ба ман ба ҷои нафақаи маҷрӯҳӣ нафақаи пиронсолӣ муқаррар кунанд. Бигӯед, ки аз нафақаи маҷрӯҳӣ ба нафақаи пиронсолӣ гузаштан барои ман ягон маҳдудият ё имтиёз эҷод мекунад ё не?
Иҳсон Субҳонов,
шаҳри Панҷакент

- Дар моддаи 6-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст: ба шахсоне, ки дар як вақт ҳуқуқи гирифтани нафақаҳои гуногунро доранд, мувофиқи интихобашон як нафақа таъйин карда мешавад. Дар як вақт сархати дуюми моддаи 27-и ҳамин қонун муқаррар намудааст, ки агар маъюбони гурӯҳи 1, 2 ва 3 барои таъмин кардани нафақа аз рӯи синну сол, аз ҷумла бо шартҳои имтиёзнок, собиқаи кории зарурӣ дошта бошанд, нафақа аз рӯи синну сол мувофиқи собиқаи кории дахлдор таъйин мегардад. Бинобар ин, чӣ гуна имтиёз ё маҳдудият эҷод кардани гузариш аз як намуди нафақа ба намуди дигар танҳо пас аз пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои дахлдор, аз қабили дафтарчаи меҳнатӣ, маълумотномаҳо дар бораи музди меҳнат ба  шуъбаҳои ҳифзи иҷтимоӣ муайян карда мешавад.

- Аҳдномаи никоҳро кай ва дар кадом шакл бастан мумкин аст?

Сарвиноз,
сокини шаҳри Душанбе

- Аҳдномаи никоҳ созишномаи шахсоне мебошад, ки никоҳ мекунанд ё созишномаи зану шавҳар аст, ки ҳуқуқи молу мулкӣ ва уҳдадориҳои онҳоро дар давраи заношӯӣ ва (ё) дар ҳолатҳои бекор кардани он муайян менамояд.
Аҳдномаи никоҳ дар шакли хаттӣ баста шуда, бояд аз ҷониби нотариуси давлатӣ тасдиқ шавад. Риоя накардани ин меъёр боиси беэътибор донистани аҳдномаи никоҳ мегардад.
Сабти давлатии ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд шартҳои иловагии зеринро пешбинӣ кардааст: истиқомат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз як соли охир; бастани аҳдномаи никоҳ ба таври ҳатмӣ.
Шаҳрвандон аҳдномаи никоҳро то бақайдгирии давлатии ақди никоҳ ва ё дар ҳар вақти давраи заношӯӣ баста метавонанд. Дар ҳолате, агар яке  аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бошад, бастани аҳдномаи никоҳ то бақайдгирии давлатии ақди никоҳ ҳатмӣ мебошад. Аҳдномаи никоҳ, ки то бақайдгирии давлатии ақди никоҳ баста шудааст, аз рӯзи бақайдгирии давлатии ақди никоҳ эътибор пайдо мекунад.
Ҳамсарон ҳуқуқ доранд бо аҳдномаи никоҳ ҳуқуқу уҳдадориҳои худро дар мавриди таъминоти якдигар; тарзи иштирокро дар даромади ҳамдигар; тартиби хароҷоти оиларо аз ҷониби ҳар кадоми онҳо; хароҷоти тарафайни ҷашну маросимҳои оилавӣ ва молу мулкеро муайян намоянд, ки дар сурати бекор кардани никоҳ ба ихтиёри ҳар кадоми онҳо гузошта мешавад, инчунин ҳама гуна муқаррароти дигари марбут ба муносибатҳои молумулкиашонро дохил намоянд.
Ҳамсарон бо мувофиқаи ҳамдигар аҳдномаи никоҳро дар ҳар давра тағйир ва ё бекор карда метавонанд. Созишнома дар бораи тағйир ва ё бекор кардани аҳдномаи никоҳ дар ҳамон шакле, ки аҳдномаи никоҳ баста мешавад, ба имзо мерасад. Якҷониба рад намудани иҷрои аҳдномаи никоҳ иҷозат дода намешавад.

- Вақте ки ман ба дунё омадам, волидонам ақди никоҳи расмӣ надоштаанд.  Бинобар ин, дар шаҳодатномаи таваллуд насабам ба номи модарам сабт ёфтааст. Чанд сол пеш падарам аз олам гузаштанд. Чӣ тавр метавонам ҳангоми шиноснома гирифтан ба насаби падарам гузарам?
Ҷаҳонгир,
сокини шаҳри Қайроққум

- Тибқи муқаррароти моддаи 51 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати фавти шахсе, ки худро падари кӯдак эътироф мекард, вале бо модари кӯдак ақди никоҳ надошт, далели падар эътироф гардидани ӯ метавонад аз рӯи қоидаҳои муқаррарнамудаи қонунҳои мурофиаи гражданӣ бо тартиби судӣ муқаррар карда шавад. Шумо метавонед пас аз омода сохтани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба суди маҳали зистатон бо ариза «Оид ба эътироф намудани далели эътирофи падарӣ» муроҷиат намоед.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.11.15    №: 237    Мутолиа карданд: 596

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед