logo

ҳуқуқ

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ: ҲАНӮЗ ҲАМ КАМБУДИҲО ҲАСТАНД

Судҳои иқтисодӣ, ки зодаи истиқлолияти кишваранд, адолати судиро  дар риштаи соҳибкорӣ  ва дигар фаъолиятҳои иқтисодӣ амалӣ намуда, дар  баробари ҳалли баҳсҳо миёни соҳибкорон, ҳимояи онҳоро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ таъмин мекунанд.
Онҳо барои боз ҳам ҷоннок шудани фаъолият чӣ нақшаҳоро пиёда кардан мехоҳанд? Ҷавоби ин ва саволҳои дигарро аз Наим Мансурзода, раиси Суди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ, пурсон шудем.
- Муҳтарам Наим Мансурзода, аз таъсиси судҳои иқтисодӣ бист сол сипарӣ шуд. Дар ин муддат барои тавсеаи фаъолият чӣ корҳо ба анҷом расида, кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд?
- Судҳои  иқтисодӣ аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ адолати судиро дар риштаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолиятҳои иқтисодӣ  ба амал бароварда,  на танҳо баҳсҳои ҳуқуқии байни  соҳибкоронро ҳал мекунанд, балки ҳимояи онҳоро дар  муносибат  бо  мақомоти давлатӣ таъмин менамоянд. Самти асосии фаъолияти судҳои иқтисодӣ ин таҳкими қонунияту адолат дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар самтҳои хоҷагидорӣ, ташаккули эҳтиром нисбат ба қонун ва таъмини адолати иҷтимоӣ дар давлати ҳуқуқбунёд мебошад.
Дар  солҳои  соҳибистиқлолӣ барои такмилу таҳкими ҳокимияти судӣ ва тақвияти фаъолияти онҳо тадбирҳои назаррас андешида шуда, бо ташаббуси Президенти мамлакат барномаҳои  ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ тасдиқ ва як қатор қонунҳои нав қабул шуд. Дар низоми судии кишвар ниҳодҳои нави судӣ ба миён омаданд. Вобаста ба такмили қонунгузории низоми судҳои иқтисодӣ Кодекси  мурофиаи судии иқтисодӣ  қабул гардид ва аз 1 апрели соли 2008 мавриди амал қарор гирифт. Ин санад тағйироти куллиеро дар роҳи демократисозии мурофиаи судии иқтисодӣ, таъмини мустақилияти иштирокчиёни мурофиа ва ба таври  мубоҳисавӣ гузаштани мурофиаи суди иқтисодӣ, васеъ намудани ҳуқуқу уҳдадориҳои мурофиавии иштирокчиёни мурофиа ва таъмини кафолати истифодаи самараноки ин ҳуқуқу уҳдадориҳо, баланд бардоштани нақши судҳо дар мавриди ба амал баровардани адолати судӣ ва таъмини бемайлони мустақилияти судҳоро пешбинӣ намуд.
- Ба салоҳияти судҳои иқтисодӣ баррасии кадом намуди баҳсҳо  дохил мешаванд?
- Судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан баҳсҳоро  дар бораи бекор намудани шартномаҳо ё тағйир додани шартҳои онҳо, иҷро накардани уҳдадориҳо, беэътибор донистани аҳдҳо, дар хусуси аз тарафи молик ё соҳиби дигари қонунӣ талаб карда гирифтани молу мулк, риоя  нашудани ҳуқуқи молик ё соҳиби дигари қонунӣ, ки ба маҳрум намудан аз молу мулк вобаста намебошад, ҷуброн кардани зарар, дар бораи мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳо ва амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор, ситондани пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозот,  муқаррар кардани далелҳое, ки аҳамияти ҳуқуқӣ доранд, баррасӣ менамоянд.
Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии судӣ оид ба ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ ва дигар парвандаҳое, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ алоқаманданд, инчунин дигар парвандаҳои аз ҷониби судҳои иқтисодӣ баррасигардида ба ҳисоб рафта, назорати судиро аз болои фаъолияти Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе оид ба парвандаҳои иқтисодии дар тобеияти онҳо буда амалӣ менамояд.
- Амалигардонии адолати судӣ дар  судҳои иқтисодӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?
- Таҳлили самти амалӣ гаштани  адолати судӣ дар судҳои иқтисодӣ  муайян намуд, ки аз соли 1999 то имрӯз аз ҷониби судҳои иқтисодӣ 20 ҳазору 463  парванда баррасӣ гардида, даъвоҳо ба маблағи 2 миллиарду 798 миллиону 7 ҳазору 915 сомонӣ ва 57 миллиону 225 ҳазору 968 доллари ИМА қонеъ шудаанд.
Дар давоми ин солҳо аз ҷониби судҳои иқтисодӣ  ба манфиати давлат ба маблағи 61 миллиону 566 ҳазору 563 сомонӣ боҷи давлатӣ рӯёнда шудааст. Ғайр аз ин, судҳои иқтисодӣ аризаҳои даъвоии аз тарафи мақомоти давлатӣ ба манфиати давлат пешниҳодгардидаро дар бораи беэътибор донистани санадҳои харидуфурӯши иншооте, ки  ғайриқонунӣ сурат гирифтаанд, баррасӣ намуда, молу амвол, саҳмияҳо ва иншоотро ба давлат  баргардонданд.
- Ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки баъзан қарору ҳалномаҳои аз ҷониби  судҳои поёнӣ  қабулгардида дар зинаҳои болоӣ бекор мегарданд. Ин ба кадом омилҳо вобаста аст.
- Таҳлилу омӯзиши таҷрибаи судӣ ва маълумоти оморӣ нишон медиҳад, ки ҳарчанд  дар фаъолияти судҳои иқтисодӣ як қатор пешравиҳо мушоҳида шаванд ҳам, дар баъзе ҳолат бекоршавии санадҳои судӣ низ ҷой доранд. Ин дар ҳоле  рух  медиҳад, ки  баъзе судяҳо  дар вақти  баррасии парвандаҳо ба далелҳои ҷамъоварда дуруст баҳо надода, меъёрҳои  қонунҳои амалкунандаро дуруст татбиқ намекунанд ва зимни  қабули  санадҳои судӣ ба камбудиҳо роҳ медиҳанд, ки ин  сабаби бекоршавии ҳалнома ва қарорҳои онҳо мегардад.
Баҳри баланд бардоштани савияи донишу малакаи касбии судяҳо ва кормандони суд тадбирҳои иловагӣ андешида шуда, бо ҷалби олимон  ва мутахассисони  соҳа мунтазам семинару машваратҳо гузаронда мешавад. Дар маҷмӯъ Суди Олии иқтисодӣ тавассути баррасию ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ баҳри устувор гардидани пояҳои иқтисодии кишвар, ғанӣ гардидани буҷети давлатӣ, фаъолияти муназзаму босамари ташкилоту идораҳо, хусусан бахши соҳибкорӣ нақши калидӣ мебозад.
Убайдуллои МУРОД,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.11.15    №: 237    Мутолиа карданд: 597

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед