logo

фарҳанг

СЕҲРИ САДОИ БУЛБУЛ

Беҳуда нест, ки Шоиста Муллоҷоноваро «Булбули Тоҷикистон» меномиданд. Дар ҳаёти ин овозхон воқеаҳои аҷиб бисёр рух додаанд, ки ӯ солҳои ахири умраш аз онҳо бо ифтихор ва ҳисси қаноатмандӣ ёд меовард.
Шоиста дар гирифтани авҷҳои баланд ва кашиш додани овозаш маҳорати ғайриодӣ дошт. Он на танҳо мардуми моро ба ваҷд меовард, балки намояндагони дигар халқҳоро низ дар ҳайрат мегузошт. Соли 1966 ҳангоми сафари ҳунарии ҳунармандони Шӯравӣ ба Юнон Мария ном овозхони юнонӣ мафтуни овози Шоиста Муллоҷонова гардида, ӯ ва ҳамроҳонашро ба хонааш даъват менамояд. Дар Юнон одат шудааст, ки дар меҳмонӣ ва ҳини овозхонӣ дар тарабхонаҳо ба рамзи ихлосмандӣ ба овозхон пеши пояш зарф бишкананд. Пас аз зиёфат соҳибхона аввал худ суруд мехонад. Дар ғояти ҳаяҷон чанд тан аз ҳозирбудагон зарфҳоро аз болои миз гирифта пеши пояш мешикананд. Баъд Мария аз Шоиста хоҳиш менамояд, ки чанд суруди тоҷикӣ бисарояд. Аъло Аълоев бо доира ба ӯ ҷӯр мешавад. Ҳамин ки Шоиста Муллоҷонова ба сароидани суруди «Хуш он замона» мепардозад, зери лаппиши овозаш табақчаҳо паси ҳам шикастан мегиранд. Ҳини суруди панҷумро сароиданаш дар рӯйи миз дигар зарф намемонад. Ҳозирин дастархонро гирифта, мисли пойандозкашии тоҷикон онро байни ҳам пора - пора мекунанд.

М. ТАБАРӢ,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.11.15    №: 238    Мутолиа карданд: 418

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед