logo

фарҳанг

100 РАЗВЕДКАЧӢ ЛОУРЕНСИ АРАБ

Яке аз шахсиятҳои дурахшон ва романтикӣ дар таърихи разведка сэр Томас Эдвард Лоуренс ба ҳисоб меравад. Вай нисбат ба занон ва пул бетарафу лоқайд буду танҳо худро дӯст медошт ва ба Британияи Кабир содиқона хизмат мекард. Ӯ дар бораи худ гуфтааст: «Ман ба пиёдагарде шабоҳат дорам, ки дар шоҳроҳи нақлиётӣ бо як чусту чолокӣ печхӯрон аз байни мошинҳои зиёди босуръат даванда мегузарам». Аз ҳаёти ӯ романҳои зиёд ва филмҳои бешумори моҷароӣ офаридаанд, ки дар онҳо ҳодисаҳои бофта бо воқеаҳои ҳақиқӣ ба ҳам печидаанд. Аммо ҳақиқат дар зери пардаи торики бофтаҳо монда бошад ҳам, кофӣ буд, ки ин шахсиятро ба қаҳрамони филмҳои моҷароҷӯй табдил диҳад.
Вай 16 августи соли 1888 дар оилаи миёнаҳоли англоирландӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дар Оксфорд мактаби миёна ва ҳам донишгоҳро хатм намудааст. Мактабро, ба гуфти худаш, «бо тамоми ҳиссиёт чашми дидан надоштааст», зеро ки ӯро аз хондани китобҳои дӯстдоштааш дар бораи юришҳои салибдорон ва бостоншиносӣ боз медоштааст. Ин ду фанро вай пурра медонист ва ҳамаи он чиро ки ба Шарқи Наздик – ҷойи ҳуҷуми салибдорон ва макони иншооти бостоншиносӣ дахл доштанд, барояш ошно буданд.
Дар соли 1910 Лоуренс, ки аллакай агенти разведкаи Англия буд, дар Арабистони Шарқӣ маъво гирифт. Вай ҳаёти маишӣ, урфу одат ва анъанаҳои арабҳо, дин ва забони арабиро ба таври комил омӯхт, ҳамаи лаҳҷаҳои қабилаҳои бадавиро медонист. Дар нимҷазираи Арабистон ягон маҳал ва ё воҳа намонда буд, ки қадами вай нарасида бошад. Бо ҳамаи шайхҳои араб муносибати «дӯстона» дошт, албатта, «дӯстона» гуфтан душвор, зеро дар паси ин манфиат меистоду Лоуренс ҳамаи тарафҳои зӯру заифи пешвоёни қабилаҳои арабро дониста гирифт. Акнун медонист, ки кадом шайхро бо чӣ ба тарафи худ кашидан мумкин аст.
Вақте ки Ҷанги якуми ҷаҳон сар шуд, Лоуренс корманди разведкаи бритонӣ, аниқаш МИ-4 ё Бюрои арабӣ буду ба рафти рушдёбии ҳаракати миллӣ - озодихоҳии арабҳо дар сарҳади империяи туркҳои усмонӣ назорат мекард.
Гап дар сари он аст, ки ҳамаи заминҳои араб ва мардумонаш зери ҳукмронии Туркия буданд. Бо оғози Ҷанги якуми ҷаҳон империяи Британия ба ин сӯ чанг зад. Вале бо артиши амалкунандаи туркҳо ҷангидан барои англисҳо дар биёбонҳои беҳудуд кори мушкил буду бефоида. Аз ин рӯ, гурӯҳҳои хурди зудамал зарур буданд, ки ба ҳаёти биёбони беодаму беоб ва душворгузар одат карда бошанд ва озодона дар ақибгоҳи душман ба фаъолияти диверсионӣ машғул гарданд. Ба ғайр аз ин, чунин амал имкон фароҳам меовард, ки бо дасти бегона бо туркҳо ҷангида, неруҳои худиро дар дигар ҷабҳаҳо нигоҳ дорӣ.
Дар ин вақт миллатгароёни араб низ бар зидди туркҳо ба мубориза бархостанд. Дар ҷануби нимҷазираи Арабистон Абдулазиз ибни Сауд, пешвои мазҳаби ваҳҳобиён ва душмани қаттоли ҳошимиён, парчами сабзи шӯришро баланд афрохт. Сарвари сиёсию динии қабилаи ҳошимиён шайхи Макка Ҳусайн ибни Алӣ, ки дар соли 1916 шоҳи Ҳиҷоз эълон шуда буд, ба ҳисоб мерафт.
Тарафи киро бояд гирифт, Ибни Сауд ё Ҳусайнро? Ваҳҳобиҳо ё ҳошимиҳоро?
Томас Эдвард Лоуренс ба боварии яке аз фарзандони Ҳусайн амир Файсали ҷасуру боирода, ки мехост бар зидди туркҳо артиши пурзӯр созмон диҳад, даромад. Аммо дар он замон созмон додани артиши бузург ғайриимкон ва ба англисҳо низ зарур набуд.  Гурӯҳҳои хурди зудамал лозим меомаданд, ки ба мисли галаи гургҳо ба хирс – артиши лаванди турк - аз чор тараф дарафтанду газанд расонанд.
Ба ташкил кардани чунин қувваҳои «паррон»-и шӯришгарон Томас Лоуренс машғул гашт. Малламӯйи кабудчашм буду ҳеҷ ба араб монандӣ надошт. Вале дар либоси або, бо чеҳраи нимпӯшидаю офтобзада ва гап задан бо лаҳҷаҳои арабӣ, ӯро ба бодиянишин монанд карда буданд. Иродаи қавӣ, майл ба моҷарову макру ҳилаву фитнагарӣ, хушомадзанӣ, шуҳратпарастӣ ва кӯшиш барои ба мақсад расидан ба ӯ имкон доданд, ки дар ҳар гуна ҷомеа пешво шавад. Вай соҳиби пули калон ҳам буд, ки разведкаи бритонӣ таъмин менамуд. Бо арабҳо, ба қавле, аз як коса ғизо мехӯрд, дар як шароит мехобид. Гоҳо Лоуренс шомро бо як шайх мегузаронду сипас савори уштур тамоми шаб мегашту субҳидам бо шайхи дигар вомехӯрд. Бо онҳо суҳбат кардан он қадар осон ҳам набуд.
Дар дастурамали худ, ки онро «27 мақола» ном ниҳодааст, навиштааст:
«Боварии пешворо ба даст оред ва нигоҳ доред. Агар тавонед, обрӯйи ӯро дар байни ҳамқабилаҳояш аз ҳисоби худ баланд бардоред. Ҳеҷ гоҳ нақшаҳои пешниҳоднамудаи ӯро рад ва торумор накунед. Ҳама вақт тасдиқ намоед ва таъриф карда истода оҳиста-оҳиста иловаҳои худро ворид созед, ки вай пай набарад ва нақшаи тамоман тағйирхӯрда ва ё нав ва ҳам фикри шуморо фикри худ гумон намояд. Албатта, душвор аст бадавиро кор фармудан, аммо шумо сабур бошед, ба онҳо роҳбарӣ кардан осон мешавад. Чӣ қадаре ки дахолати шумо ба назар ноаён монад, ҳамон андоза таъсири шумо бештар мегардад. Бадавиҳо бо як завқи беандоза аз пайи иҷрои маслиҳати шумо мешаванд, ҳатто дарк намесозанд, ки шумо ё ягон нафари дигар аз амали онҳо бохабар аст».
Дар ёддоштҳояш Лоуренс худро ҳамчун тарафдори муборизаи миллӣ-озодихоҳии арабҳо ба қалам медиҳад. Дар ҳақиқат бошад, ӯро танҳо манфиатҳои Британияи Кабир ба ташвиш меовард, ки мехост мустамликаҳои зиёдтар дошта бошад. Магар англисеро, ки дар рӯҳияи анъанаҳои бритонии «Кишвари ман ин ватани ман аст, хоҳ хуб бошаду хоҳ бад, вале ватани ман аст!» тарбия гирифтааст, сарзаниш кардан метавон?
Моҳирона, боодобона ва исроркорона амал намуда, Лоуренс ба шахси бовариноки Ҳусайн ва писари ӯ Файсал, ки роҳбари қабилаҳои бешумор буданд, табдил ёфт. Вай ба онҳо шиор партофт: «Иттиҳоди арабҳо баҳри мубориза бо туркҳост». Зери ин шиор шӯриш бархост ва қисмҳои қобили ҷанг ташкил ва бо яроқи англисӣ муҷаҳҳаз гаштанд. Дар амал ба шӯриш Лоуренс роҳбарӣ мекард, ки рутбаи полковники разведкаи Англия дошта, бо лақаби «Лоуренси араб» машҳур буд. Туркҳо сари ӯро бист ҳазор фунт стерлинг нарх гузошта буданд. Дастаҳои Файсал - Лоуренс бо усули партизанӣ пайваста ҳуҷум оварда ба артиши туркҳо талафоти гарон мерасонданд. Моҳи июли соли 1917 онҳо бандари Акабаро ба даст оварданд. Моҳи сентябри соли 1918 Лоуренс бо дастаи хурди уштурсавори арабҳо ба Димишқ зада даромад. 
Дар ҷамъбасти Ҷанги якуми ҷаҳон, аз ҷумла ба шарофати кӯшишҳои Лоуренс, Британияи Кабир ба мустамликаҳои нав: Ироқ, Фаластин, чоҳҳои нафту пойгоҳҳои ҳарбии баҳриро дар Хайф соҳиб гашт ва ҳукмрониашро дар нимҷазираи Арабистон устувор намуд. Аммо зери фишори Франсия англисҳо артиши худро аз Сурия бароварданд, франсузҳо Димишқро ғасб карда, арабҳоро аз Фаластин ронданд. Ибни Сауд, «дӯст»-и Сент-Ҷон Филби, соли 1924 «дӯст»-и Лоуренс Ҳусайнро аз Макка ронда, асосгузори Арабистони Саудӣ шуд.
Дар соли 1921 бо пешниҳоди Уинстон Черчил, вазири Англия оид ба кишварҳои мустамлика, Лоуренс мушовири ӯ оид ба Шарқи Миёна таъйин гашт. Бо кӯшиши вай Файсал шоҳи Ироқ шуд. Сипас бо супориши разведкаи англис Лоуренс дар сарҳади Ҳиндустону Афғонистон ба фаъолияти ҷосусӣ пардохт…


Қурбон МАДАЛИЕВ,
«Ҷумҳурият»,
тарҷума аз русӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.11.15    №: 238    Мутолиа карданд: 685

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед