logo

ҳуқуқ

НОБОЛИҒОН: БЕТАРАФӢ БА ТАҚДИРИ ОНҲО ҶИНОЯТ АСТ

Содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон ва ҷавонон дар вилояти Суғд тамоили афзуншавӣ дорад. Танҳо дар нуҳ моҳи соли равон 116 нафар ноболиғ даст ба ҷиноят задааст. Масъалаи нигаронкунандаи дигар ба ҷони худ суиқасд намудани наврасону ҷавонон мебошад. Маҳз бо ҳамин ваҷҳ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари кории худ ба вилояти Суғд ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  дар самти пешгирии ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон ва роҳ надодан ба косташавии ахлоқи онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода,  фаъолияти мунтазаму муассирро дар ин самт тақозо кард.
- Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, ки дар он, ҳамчунин, масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мудирони идораҳои маориф, сарварони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии  шаҳру ноҳияҳо ширкат доранд, масъалаи ҷинояткории ноболиғон, ҷалби наврасону ҷавонон ба сафи ҳаракату гурӯҳҳои тундраву ифротгаро мавриди баррасии ҷиддӣ қарор хоҳад гирифт, - иброз дошт Ҳабибулло Воҳидов, прокурори вилояти Суғд, раиси Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят.
- Яке аз омилҳои асосии ба ҷиноят даст задани ноболиғон дуруст ба роҳ намондани таълиму тарбия дар муҳити хонаву мактаб ва ба таҳсилу чорабиниҳои ҷамъиятӣ, маҳфилҳои гуногун ҷалб нашудани онҳост, - зикр кард Зафарҷон Қаюмзода, ёрдамчии калони прокурори вилояти Суғд оид ба назорати иҷрои қонунҳо доир ба ноболиғон ва ҷавонон.
То имрӯз дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд 20 ҷинояти вазнин аз ҷониби ноболиғон содир шудааст, ки чор нафараш хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумианд. Аксари ҷавонону наврасони қаблан ҷиноятсодиркарда, мутаассифона, дубора даст ба чунин амалҳо задаанд.  Масалан, ноболиғ  Т. Эгамов,  сокини шаҳри Хуҷанд, ки қаблан барои дуздӣ суд шуда буд, ба маблағи чор ҳазор сомонӣ амволи шаҳрвандонро тасарруф  карда, дар 16 ҳолат дуздӣ намудааст. Ё, хонандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 3 - и ноҳияи Спитамен М. Шукуров дар се  ҳолат аз хонаи шаҳрвандон маблағҳои нисбатан калон, аз ҷумла 4 ҳазору 450 сомонӣ, 390 ҳазор рубли русӣ ва амволи гаронбаҳои аҳолиро ғорат кардааст. Вай бо мақсади дуздӣ ба хонаи шаҳрванд Н. Эргашева даромада, ӯро бо оҳан зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
- Бинобар мустаҳкам набудани робита байни мактабу маориф ва милитсия самаранокии фаъолияти сохторҳои дахлдори мақомоти корҳои дохилӣ дар самти пешгирии ҷинояткории ноболиғону ҷавонон коҳиш ёфта, маълумоти зарурӣ оид ба вазъи оилавии шахсони ҷиноятсодирнамуда пурра дастрас нест, - изҳор дошт Ҳабибулло Воҳидов.
Ҳукумати ҷумҳурӣ ба хотири ҳарчи бештар ба таълим фаро гирифтани хонандагон, ҳифзи саломатии онҳо ва самаранок истифода бурдани соатҳои дарсӣ ҳанӯз соли 2008 бо қарори махсус хонандагон ва донишҷӯёнро аз корҳои саҳроӣ, аз ҷумла ҷамъоварии пахта озод намуда буд. Аммо иддае аз падару модарон бо баҳонаи вазъи душвори иқтисодии оила фарзандонашонро аз муассисаҳои таълимӣ дур карда, онҳоро ба бозору марказҳои хизматрасонӣ, ҳатто корҳои вазнини ҷисмонӣ ҷалб менамоянд.
Бино ба гуфтаи Ҳабибулло Воҳидов, аксари хонандагон баъди хатми муассисаи таҳсилоти ҳатмии 9 - сола ба идомаи таҳсил  ва ё дигар машғулият ҷалб намешаванд.  Масъулони раёсати идораи маорифи вилоят намедонанд, ки чанд нафар хонанда имсол баъди хатми синфи 9 таҳсилро идома надод ва ё ба чӣ кор машғул мебошад. Яъне, бетарафӣ ва хунукназарии маорифчиён низ аз омилҳои зиёд шудани ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон аст. Аз ин рӯ, шумораи умумии хонандагони аз таҳсил канормонда бояд аз ҷониби раёсати маорифи вилоят мушаххас  шавад.
Бо супориши прокурори вилоят ва фармоиши сардори раёсати маориф гурӯҳи корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Чкалов, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Истиқлол, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Спитамен, Ҷаббор Расулов санҷиш гузаронд. Маълум гашт, ки дар самти тарбия ва кор бо хонандагони душвортарбия дар шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ нақша - чорабинӣ, дафтари қайди суҳбат бо падару модарон мавҷуд набуда, иштироки талабагон ба дарсҳо зери назорат гирифта  нашудааст.  Агар мақомоти ваколатдори давлатӣ - комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон, раёсату шуъбаҳои маориф, муассисаҳои таълимӣ фаъолияти худро самаранок ба роҳ монанд ва назорати прокурорӣ дар ин самт пурзӯр шавад, бовар дорем, ки камбудиҳо ба зудӣ бартараф мегарданд.
Ба андешаи Ҳабибулло Воҳидов аз ҳисоби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати пешгирии ҷинояткории ноболиғон таъсиси гурӯҳи кории доимоамалкунанда низ метавонад хеле муассир бошад.
Иштирокдорони ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд ба чунин хулоса расиданд:
1. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бақайдгирии ноболиғони душвортарбия ва бадахлоқ ба роҳ монда  шавад.
2. Роҳбарони муассисаҳои таълимӣ оид ба кирдорҳои ғайриқонунии ноболиғон, гузарондани корҳои тарбиявӣ ва роҳандозии дигар чорабиниҳои судманд ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, шуъбаҳои корҳои дохилӣ ва маориф мунтазам ахбор пешниҳод намоянд.
3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо баҳри ба таҳсил ва фаъолияти меҳнатӣ ҷалб намудани ноболиғоне, ки пас аз хатми муассисаҳои таҳсилоти ҳатмӣ бо оворагардию ҷинояткорӣ машғуланд, чораҳои мушаххас андешида, онҳоро таҳти  назорати қатъӣ гиранд.
4. Робита бо падару модарон мустаҳкам гардида, чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ мунтазам роҳандозӣ шаванд.
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.12.15    №: 239    Мутолиа карданд: 840

27.01.2020


«ҶОМИ РУШД - 2020». Наврасони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра гаштанд

Заминларзаи сахт дар Туркия ва ҳалокати 38 нафар

Зеленский аҳамияти музокироти бевосита бо Путинро таъкид дошт

Гуфтушуниди Лукашенко дар бораи хариди нафт бо ИМА, АМА ва Арабистони Саудӣ

Дар ИМА музокироти тиҷоратӣ бо Британияро дар як сол анҷом доданианд

Ҷаҳон дар як сатр

26.01.2020


Тасдиқи рамзи "30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Тасдиқи рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Ноҳияи Дӯстӣ. Қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Файзобод. Рӯ ба рушд

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон дар финал

Дар Чин усули табобати коронавирусро пайдо намуданд

Путин вохӯрии панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ - ро пешниҳод намуд

Макрон пешниҳоди Путинро дар бораи вохӯрии кишварҳои аъзои доимии Шӯрои амният хуш пазируфт

Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт

Меркел дар Давос бо сарони Ироқ ва Афғонистон вохӯрд

Ҷаҳон дар як сатр

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед