logo

фарҳанг

ҲУҚУҚИ МУАЛЛИФОН ҲИФЗ МЕГАРДАД

Дар кишвари мо ҳуқуқи муаллиф дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», ки соли 1998 қабул шудааст, танзим мегардад. Қонун муносибатҳои муаллифон ва истифодабарандагони асарҳои онҳо, ҳамчунин пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ҳангоми истифодаи объектҳои ҳуқуқи муаллифро ба роҳ мемонад. Як масъала солҳои охир муаллифонро ба ташвиш оварда буд: ҳаққи қалам паст буда, он ба сатҳи  таваррум мутобиқат намекунад. Ҷиҳати дастгирӣ ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳли эҷоди кишвар, инчунин дар сатҳи дахлдор танзим намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба ҳаққи қалами муаллиф, бо назардошти сатҳи таваррум зарурати ба қонун ворид намудани тағйироту иловаҳо кайҳо пеш омада буд.
Чуноне маълум аст, андозаи ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллиф аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад ва ҳамзамон, бо индексатсияи андозаҳои ҳадди ақали музди меҳнат зиёд карда мешавад, ки ин омил на ҳама вақт мадди назари истифодабарандагон қарор дорад.
Фармоишгарон ва истифодабарандагони асарҳои муаллифон бештар ба маблағи ҳадди ақали ҳаққи қаламе, ки дар қарор омадааст, такя мекунанд. Дар аксар маврид таносуби байни андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллиф бо боло рафтани андозаҳои ҳадди ақали музди меҳнат низ вайрон мешаванд.
Бо мақсади равшанӣ андохтан ба масъалаи мазкур ба Аҳмадалӣ Ҳамидов, сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба они Вазорати фарҳанг муроҷиат намудем. Ӯ иброз дошт, ки «андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллифон тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллиф барои корҳои нигоришӣ – бадеӣ ва аксбардорӣ дар матбуот» аз 4 феврали соли 2002, № 37 ва «Дар бораи андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллиф барои нашри асарҳои илм, адабиёт, санъат ва иҷрои фармоишҳо барои офаридани асарҳои драмавӣ, мусиқӣ, мусиқӣ-драмавӣ ва адабӣ барои иҷрои оммавӣ ё барои ҳуқуқи иҷрои нахустини оммавии асарҳои интишорнаёфта» аз 1 августи соли 2006, № 351 ба танзим дароварда мешавад.
Вазорати фарҳанг бо назардошти сатҳи таваррум ва бо мақсади дастгирӣ ва ҳифзи иҷтимоии муаллифон масъалаи баланд бардоштани ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллифонро бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва иттифоқҳои эҷодии ҷумҳурӣ таҷдиди назар намуд. Дар натиҷа, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» таҳия шуда, баъд аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ба Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон пешниҳод гардид.
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон  «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» аз 31 декабри соли 2014, № 1172, акнун қисми ҳафтуми моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» бо таҳрири зайл ифода мешавад:
«Андозаи ҳадди ақали қалами муаллиф аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад ва бо зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаи фарҳанг индексатсия карда мешавад».
Ҳамчунин, А. Ҳамидов зикр намуд, ки: «бо мақсади баланд бурдани дониши ҳуқуқии шаҳрвандон ва барои хубтар ба роҳ мондани кори соҳаи ҳуқуқи муаллиф дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон дар доираи лоиҳаи Тоҷикистону Швейтсария оид ба моликияти зеҳнӣ (TSIP) дар мавзӯи «Қонунгузории соҳаи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» семинар – машварат баргузор гардид. Инчунин, оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ҳангоми ғайриқонунӣ истифода бурдани объектҳои ҳуқуқи муаллиф барои кормандони раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ суҳбат – машварат доир шуд.
Мутобиқи дархости прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор мутахассисони вазорат дар санҷиши муштарак оид ба фурӯш баровардани китобҳои дарсии ба стандарти давлатӣ ва барномаҳои таълимӣ ҷавобгӯ набуда, дар мағозаҳои китобфурӯшии шаҳри Душанбе иштирок карданд».
Кормандони шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он барои муассисаҳо, ташкилоту идораҳо, ҳуқуқдонону донишҷӯён, шахсони эҷодӣ ва шахсоне, ки аз маҳсули эҷоди муаллифон истифода мебаранд «Дастурамали методӣ оид ба тадбирҳои таъмини ҳифзи объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» ва маҷмӯаи «Конвенсия ва Аҳдномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф»-ро таҳия ва нашр намудааст.
«Соли ҷорӣ, - илова намуд А. Ҳамидов, - ба 7 нафар шаҳодатномаи муаллифӣ дода шуда, бо мақсади ҳифзи манфиатҳои моликияти муаллифон, мутобиқи низомнома ва уҳдадории соҳавӣ аз ташкилоту муассисаҳое, ки асарҳои муаллифонро истифода менамоянд, ба маблағи 79144,02 сомонӣ ҳаққи қалами муаллифон ҷамъ оварда шуд, ки аз он ба суратҳисоби шуъба 43321,30 сомонӣ ворид гардид. Аз ҳисоби маблағҳои ба суратҳисоб воридшуда 35870,59 сомонӣ ҳаққи қалами муаллифон пардохт гардид.
А. САМИЪ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.12.15    №: 239    Мутолиа карданд: 522

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед