logo

фарҳанг

СУХАНИ МАРД ЧУН ТИР БОЯД РОСТ БОШАД

Дар  романи Морис Симашко бо унвони «Маздак» таваҷҷуҳи беандоза ба осори Ҳаким Фирдавсӣ ва паҳлавонони ирониасл бармалост. 
Ёд меорад аз Рустами оҳантан ва Исфандиёри рӯинтану қаҳрамониҳои бемислашон. Барояшон маҳбубият қоил аст. Дар домани кӯҳ марғзори сабз лашкар ҳаракат мекунад. Шери жаён Рустам дар сафи аввал аст… Таҳамтан номашу палангинапӯш аст паҳлавон. Қисмат ӯро нигаҳбон ва пояи тахти Каёнӣ гардонда… Аз дунболи ӯ дигар паҳлавонон гом мебардоранд. Фили тавоно дар дирафш - рамзи Тӯс аст. Офтобу Моҳ мунаққашанд дар дирафшҳои Фарибурзу Густахм. Дар пояи дирафш, ки сари бабр тасвир шудааст, Шидуш бо виқор қадам мениҳаду дар парчами Гуроз нақши гурозон (хӯки ваҳшӣ). Дар дирафши Фарҳод барзагов ва дар парчами Ревниз паланги сабзчашм бо даҳони боз нақш баста буданд… (Симашко М. Маздак; Искупление дабира:  Повести  Черных и Красных песков: романы. - М. «Сов писатель», 1984. с. 33).
Аз ин ҳама ифтихор дучанд мешавад ва рӯй меорем ба достони Суҳроб. Онро бо бахше, ки «Пурсидани Суҳроб номи сардорони Эрон аз Ҳаҷир» унвон дорад, муқоиса мекунем. Хонандаи шарафманд ёд дорад, ки ҳине Суҳроб ба Дижи Сапед расид, дар набард нигаҳбони диж - Ҳаҷирро бандӣ кард. Ва замоне лашкари Эрону Тӯрон рӯбарӯйи якдигар меистоданд, бифармуд, Ҳаҷирро наздаш биёваранд. Ба ӯ гуфт:
- Ҳар чӣ аз ту бипурсам, рост бигӯй. Чунон ки тир мудом рост меравад, сухани мард низ бояд чунин бошад. Агар рост бигӯӣ, ганҷу зару хилъатат  бахшам…
Ҳаҷир ваъда дод, ки рост хоҳад гуфт.
Пас Суҳроб пурсид: - Дар миёни лашкаргоҳ саропардае аз дебои ранг - ранг ва пешаш сад жандапил дорад ва нақши хуршед аз они кист?
Ҳаҷир посух дод:
Бад - ӯ гуфт, к - «он шоҳи Эрон бувад,
Ки бар даргаҳаш пилу шерон бувад».
Суҳроб боз пурсид: - Он саропардаи сиёҳ, дар паҳлуи рости лашкар ва дирафшаш тасвир пил дорад, аз они кист?
Ҳаҷир:
Чунин гуфт, к - «он Тӯси Нузар бувад,
Дурафшаш куҷо пилпайкар бувад».
- Он хиргоҳи сурх ва дирафше, ки бо гавҳарҳои рахшон оростаасту тасвири шер дорад, аз они кист? – пурсид Суҳроб.
- Он хиргоҳи падари ман Гударзи Кашводагон аст, - ҷавоб дод Ҳаҷир.
Суҳроб боз пурсид: - Саропардаи сабз бо дирафши коваёнӣ ва паҳлавони  пилпайкаре нишаста, ки ҳамсони ӯро намебинем, кист?
Дурафшаш, бубин, аждаҳопайкар аст,
Бар он найза – бар шери заррин сар аст.
Ӯ Рустам буд, вале Ҳаҷир ӯро паҳлавони чинӣ муаррифӣ кард. Сипас, Суҳроб аз паҳлавоне пурсид, ки дар саропардае менишаст, ки дар атрофаш саворону пилон гирд омада, дирафшаш тасвири  гург дошт.  Посух гирифт, ки Гев - фарзанди Гударз ва:          
Сарфароз домоди Рустам бувад,
Ба Эронзамин ҳамчу ӯ кам бувад.
Суҳроб боз пурсид: - Дар самти офтоббаро саропардаи сафедест, дар гирду ванааш саворон мебинам ва  сипоҳдор дар тахте аз устухони фил нишаста,  ӯ кист?
Бад - ӯ гуфт, к - ӯро Фарибурз хон,
Ки фарзанди шоҳ асту тоҷи гавон.
Ҳаҷир бо ҳилаи ҷангӣ номи Рустам нагуфт. Ҳарчанд Суҳроб аз ношинохтани Рустам хиҷил шуд, вале Фирдавсӣ бад - ин васила саҳифаи дурахшони гурдонро барои ворисонаш боз кард.

Ҷонибек АСРОРИЁН,
Нурмуҳаммади АМИРШОҲӢ     


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.12.2015    №: 240-241    Мутолиа карданд: 490

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед