logo

ҳуқуқ

ВОКУНИШ БА МАҚОЛАИ «МЕХОҲАМ МОЛИКИ ХОНАИ МЕРОСИИ МОДАРАМ БОШАМ» («ҶУМҲУРИЯТ» 18.08.2015)

А. Ашӯрзода, муовини якуми раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷавоб ба мақолаи мазкур чунин посух дод:

- Муайян гардид, ки Ш. Шарипов ба суд бо даъво нисбат ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав, кумитаи заминсозии ноҳияи Шаҳринав, Ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи Шаҳринав, А. Фатоҳов, Ҳ. Шарипов, К. Холов, Ғ.Юсупов ва Д. Юсупов дар бораи барқарор кардани муҳлати даъво, бекор кардани қарори раиси ноҳияи Шаҳринав таҳти № 603 аз 12 декабри соли 2011, эътироф намудани ҳуқуқи моликият ба хонаи истиқоматии худсарона сохташуда ва эътирофи ҳуқуқи моликии С. Қиёмова муроҷиат намудааст.
Ӯ даъвояшро чунин асоснок кардааст, ки манзили истиқоматии воқеъ дар деҳаи Қадиҷӯйбори Ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи Шаҳринав бо 0,15 га қитъаи замини наздиҳавлигиаш тибқи дафтари хоҷагидорӣ ба марҳум модараш Қиёмова Сайлӣ тааллуқ доштааст. Вале манзили меросӣ бо қарори раиси ноҳияи Шаҳринав, аз 12 декабри соли 2011 ба ҷавобгар Ғ. Б. Юсупов вобаста шуда, охирин сертификати ҳуқуқ ба истифодаи заминро гирифтааст. Бинобар ин, аз суд хоҳиш кардааст, ки муҳлати даъво барқарор, қарори раиси ноҳияи Шаҳринав бекор ва ҳуқуқи моликият ба хонаи истиқоматии худсарона сохташуда ва ҳуқуқи моликии С. Қиёмова ба манзили мазкур эътироф карда шавад.
Бо ҳалномаи суди ноҳияи Шаҳринав аз 14 майи соли 2014 даъвои Ш. Шарипов рад карда шудааст.
Бо қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2014 ҳалномаи суди марҳилаи якум бетағйир монда шудааст.
Суд муайян кардааст, ки Қиёмова Сайлӣ бо писараш Ш. Қ. Шарипов соли 1951 пас аз заминларза дар ноҳияи Ғарм ба ноҳияи Шаҳринав омадааст.
Мутобиқи маълумотномаи филиали Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Ҳисор аз 13 сентябри соли 2011 таҳти № 622/1 дар солҳои 1955 - 1957 дар дафтари хоҷагидории счёти шахсӣ таҳти № 215 дар ихтиёри Қиёмова Сайлӣ ва Қиёмов Шарофиддин 0,15 га замини наздиҳавлигӣ сабт шудааст. Бо ёрдами колхозчиҳо ба модари даъвогар се ҳуҷраи зист ва пешдолон сохта додаанд. Соли 1961 С. Қиёмова вафот кардааст. Ш. Шарипов аз хонаи воқеъ дар ноҳияи Шаҳринав баромада, аз соли 1968 то соли 1980 дар хобгоҳҳои гуногуни шаҳри Душанбе истиқомат намуда, кор кардааст. Соли 1980 ба ӯ аз шаҳри Душанбе, кӯчаи Ф. Муҳаммадиев, бинои 26, ҳуҷраи 76 манзили истиқоматии ду ҳуҷрагӣ додаанд, ки то ҳол бо аҳли оилааш истиқомат дорад. Иморатҳое, ки дар он ӯ бо модараш С. Қиёмова зиндагӣ карда, солҳои 1955 - 1957 сохта шудаанд, айни ҳол вуҷуд надоранд. Манзили баҳсӣ таҳти литери 1/11 солҳои 1973 ва хонаи истиқоматии таҳти литери 1/12 солҳои 1983 аз тарафи ҷавобгарон Юсуповҳо сохта шудаанд.
Санадҳои судии дар боло зикршуда бо парвандаи гражданӣ бо даъвои Ш. Шарипов дар бораи барқарор кардани  муҳлати даъво, бекор кардани Қарори раиси ноҳияи Шаҳринав таҳти № 603 аз 12 декабри соли 2011, эътироф намудани ҳуқуқи моликият ба хонаи истиқоматии худсарона сохташуда ва эътирофи ҳуқуқи моликии С. Қиёмова ба хонаи истиқоматӣ дар доираи талаботи меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ ва мурофиавӣ қонунӣ қабул карда шуда, асос барои бекор кардан ё тағйир додани онҳо мавҷуд нест.
Ҳамчунин аз Н. Расулзода, муовини якуми раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳамин мазмун ҷавоб расида, аз ҷумла омадааст: «Парвандаи мазкур дар доираи талаботи қонуни моддӣ ва мурофиавӣ баррасӣ шуда, то ҳол ҳалномаи зикргардида эътибори қонунӣ дорад.
Бо назардошти муқаррароти қонуни номбурда, ба шаҳрванд Ш. Шарипов тавсия дода шуд, ки дар сурати норозӣ будан бо санади судӣ ҳуқуқ дорад дар асоси талаботи қонунгузории мурофиавии гражданӣ ба марҳилаи назоратӣ муроҷиат намояд».
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.12.2015    №: 240-241    Мутолиа карданд: 417

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед