logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйири иқлим, Фаронса, 30 ноябри соли 2015

Муҳтарам ҷаноби Раис,
Муҳтарам сарони кишварҳо, ҳукуматҳо ва ҳайатҳо,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Қабл аз ҳама, мехостам ба Ҳукумати Фаронса ҷиҳати баргузор намудани нишасти сарони кишварҳои тарафи Конвенсияи тағйири иқлим (Конфронси 21), ки ба мушкили бузурги сайёра - тағйирёбии иқлим бахшида шудааст ва инчунин барои пазироии гарм изҳори сипос намоям.
Конфронси имрӯза, бешубҳа, идомаи талошҳои пайгиронаи кишварҳои мо дар самти ташаккули низоми муносибати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи афзоиши минбаъдаи партовҳои гулхонаӣ бо мақсади пешгирӣ аз он, андешидани чораҳо ҷиҳати коҳиши раванди гармшавии иқлим ва пайомадҳои манфии тағйири он мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи миллии худро дар ҷавоб ба даъвати Созмони Милали Муттаҳид оид ба муқаррароти созишномаи Париж дар робита ба нигаҳдории ҳарорати миёнаи сайёра баён намуда, дар ин раванд дар доираи Гурӯҳи кории Дурбан ҳамкориҳои дахлдорро ба анҷом расонид.
Ҳарчанд ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ ба муҳит дар миқёси олам ночиз мебошад, аммо кишвари мо дар масъалаи тағйирёбии иқлим яке аз давлатҳои осебпазир ба ҳисоб меравад. Имрӯз соҳаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон бо пайомадҳои манфии вобаста ба тағйири иқлим рӯ ба рӯ гардидаанд.
Кишвари мо, ки 93 фоизи қаламраваш кӯҳсор аст, яке аз манбаъҳои асосии оби Осиёи Марказӣ буда, аз пиряхҳои он 60 фоизи захираҳои оби минтақа ташаккул меёбад.
Обшавии босуръати пиряхҳо бар асари тағйири иқлим ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад. Гуфтан кофист, ки аз 14 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳамияти ҳаётӣ доранд, дар давоми 30 соли охир беш аз 1000 пирях ба нобудӣ расидааст.
Ҷараёни босуръати обшавии пиряхҳо дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво боиси афзоиши бесобиқаи офатҳои табиӣ ва таназзули экосистемаи обӣ гардидааст. Ин падида ҳар сол сабабгори хароб гаштани иншооти зиёди иқтисоди миллӣ ва ворид шудани хисороти бузурги моддӣ ба аҳолӣ мегардад. Танҳо тобистони соли ҷорӣ бар асари офатҳои табиии вобаста ба об ба аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат ба садҳо миллион доллари амрикоӣ зарари моддӣ расидааст. Мутаассифона, ин ҳодисаҳо боиси талафоти зиёди ҷонӣ низ гардиданд.
Ҳолати кунунии вазъи муҳити зист дар ҳавзаи дарёҳои фаромарзӣ ба сабаби афзоиши тадриҷии аҳолӣ, талаботи рӯзафзуни рушди саноат, густариши пайвастаи масоҳати заминҳои обӣ, фарсуда гардидани шабакаҳои обёрӣ, истифодаи ғайрисамараноки захираҳои об ва нокифоя будани имкониятҳо барои пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири офатҳои табиӣ метавонад бештар осебпазир гардад.
Тоҷикистон дар ҷараёни таҳияи тарҳи созишномаи нав оид ба тағйирёбии иқлим бо котиботи Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйири иқлим ҳамкории фаъол дорад. Кишвари мо Гузориши сеюми миллии худро ба котиботи  Конвенсия ҳанӯз соли 2014 пешниҳод карда буд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади пешгирӣ аз пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он то имрӯз барои такмили қонунгузорӣ, сиёсати давлатӣ ва иҷрои тавсияҳои ҳамоишҳои тарафҳои Конвенсия тадбирҳои амалӣ андешида, бо шарикони байналмилалии худ дар ин росто фаъолона ҳамкорӣ менамояд. Инчунин Стратегияи миллии кишвар оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таҳия мегардад, ки қабули он дар аввали соли 2016  пешбинӣ шудааст.
Бо вуҷуди он ки тибқи маълумоти Агентии байналмилалии энергетикӣ соли 2010 Тоҷикистон дар робита ба партови гази дуоксиди карбон (СО2) дар ҷойи 135-ум қарор дошт, кишвари мо зимни рушди иқтисоди худ ба масъалаҳои вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ, ки коҳиши партовҳои газҳои гулхонаиро дар назар доранд, таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.
Қобили тазаккур аст, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати пилотӣ дар самти тағйирёбии иқлим бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва  Фонди сармоягузории иқлим (CIF) дар татбиқи лоиҳаҳои вобаста ба мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим ҳамкориҳои муфид анҷом медиҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти эътирофи ҳаҷми зиёди партовҳои гулхонаӣ дар раванди истифодаи манбаъҳои энергетикӣ рушди минбаъдаи соҳаи энергияи таҷдидшавандаро омили муассири коҳиши партовҳо медонад. Ба ҳамин тартиб, кишвари мо ба истифодаи пурсамари манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия, алалхусус гидроэнергетика, ки ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, мутобиқшавии аҳолӣ ба тағйирёбии иқлим ва ташаккули «иқтисоди сабз» мусоидат менамояд, таваҷҷуҳи хос медиҳад. Ҳамзамон бо ин, бунёди иншооти гидроэнергетикӣ ба коҳиши хавфи офатҳои табиии вобаста ба об бештар мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, рушди соҳаи гидроэнергетика аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад.
Ба ин мақсад Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалии худ таъмир, навсозӣ ва сохтмони неругоҳҳои барқи обиро идома дода, барои рушди шабакаҳои интиқоли барқ ҳам дар дохили кишвар ва ҳам ба мақсади пайвастан бо дигар кишварҳои минтақа чораҳои амалӣ меандешад.
Бо дарназардошти  аҳамияти ҷаҳонии рушди энергияи таҷдидшаванда  Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, бо истифода аз захираҳои бойи обии худ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои шаффофи минтақавӣ ва байналмилалиро бо таваҷҷуҳ ба  ҷанбаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии рушди устувори энергияи муосир омили муҳими мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим меҳисобад.
Дар баробари ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар саргаҳи дарёҳои асосии фаромарзии минтақаи Осиёи Марказӣ қарор дорад, масъалаҳои вобаста ба имконияти  пешгирӣ аз офатҳои табиии марбут ба об ва рафъи пайомадҳои онҳоро муҳим мешуморад.
Бино бар аҳамияти  маблағгузорӣ дар раванди тағйири иқлим, ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди гидроэнергетика дар Тоҷикистон ва ташаккули шароити мусоиди табодули энергияи таҷдидшаванда миёни кишварҳо метавонад ба пастшавии сатҳи партови газҳои гулхонаӣ  дар минтақа  мусоидат намояд.
Дар ин замина, Тоҷикистон ба муваффақияти Фонди Иқлими Сабз барои кумак  дар мубориза бо тағйирёбии иқлим, Фонди мутобиқшавӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар ин самт манфиатдор аст.
Истифодаи пурсамари захираҳои об, ки дар раванди тағйири иқлим бештар осебпазир мебошанд, барои дастрасӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор нақши муҳим дорад. Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ба ин мақсад дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт 2005-2015” натиҷаҳои мусбат ба даст омаданд. Имконияти хуби ҳамкориҳо дар ростои истифодаи ҳадафманди захираҳои об метавонад дар доираи эълони Даҳсолаи нав таҳти унвони “Об барои рушди устувор”, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, фароҳам ояд.
Тасмимҳои ин конфронс ва тадбирҳои даҳсолаи нави байналмилалӣ метавонанд дар амри дастрасӣ ба ҳадафҳои муштарак барои нигаҳдории иқлим, ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор дар сурати ба роҳ мондани тадбирҳои ҳамоҳангшуда мусоидат намоянд.
Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон дар самти паст намудани шиддати тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба ин падида дар баробари дигар ҷонибҳои манфиатдор, аллакай, қадамҳои устувор гузоштааст.
Бо вуҷуди ин, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои фарогир ва дастаҷамъона ҷиҳати коҳиши партови газҳои гулхонаӣ  ба муҳит ва мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим ба санади дахлдори мавриди эътирофи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ниёз дорад. Мо аз раванди таҳияи чунин санади фарогир ҷонибдорӣ намудаем.
Ба назари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он санад бо дарназардошти омилҳои таъсиргузор, пеш аз ҳама, бояд низоми маҳдуд сохтани партови газҳои гулхонаӣ  ва ташвиқи минбаъдаи коҳиш додани партовҳо нигоҳ дошта шавад. Дар ҳамин ҳол хусусияти минтақавӣ касб кардани тадбирҳои амалӣ самараи бештар хоҳад дошт.
Дар ин росто, ба роҳ мондани ҳамкориҳои фарогир миёни кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ, идомаи муколамаи ҷонибҳои манфиатдор, рушди энергияи таҷдидшаванда ва иҷрои чораҳои ҳамгироёна дар раванди тағйири иқлим омилҳои муассири дастрасӣ ба ҳадафҳои аслӣ шуморида мешаванд.
Ҳамзамон бо ин, ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди шабакаҳои миллии баҳисобгирии газҳои гулхонаӣ, такмили пажӯҳишҳои иқлимӣ, татбиқи фанновариҳои “сабз” ва ба таълими касбӣ фаро гирифтани кормандон дар ин раванд нақши муҳим хоҳад дошт.
Барои Тоҷикистон татбиқи чораҳои амалӣ дар робита ба ҳифзи экосистемаи кӯҳӣ, аз ҷумла дар самти пешгирӣ аз таназзули захираҳои обӣ (дарёҳо, кӯлҳо, захираи барф ва пиряхҳо) ва табиӣ ниҳоят муҳим мебошад.
Дар ин замина, бахусус, масъалаҳои вобаста ба истифодаи захираҳои об ва заминҳои кишт, тақвияти бахши кишоварзӣ ба мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ таваҷҷуҳи бештари ҷонибҳои манфиатдорро тақозо менамоянд.
Боздоштани таназзули минбаъдаи муҳити зист дар ҳавзаи баҳри Арал, аз ҷумла ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои об ва заминҳои кишт, таъмини устувории муҳити зист амалӣ намудани чораҳои таъхирнопазирро талаб менамояд. 
Тоҷикистон  умедвор аст, ки давлатҳои пешрафта, сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ниҳодҳои бонуфузи молиявӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳими мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва паст кардани шиддати он ҳамкории худро минбаъд низ  дареғ намедоранд.
Дар шароити имрӯзаи глобалӣ ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда дар самти кам кардани оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим аз ҳамаи мо талошҳои ҳарчи бештари дастаҷамъона, андешидани тадбирҳои фаврӣ ва дарозмуҳлатро тақозо дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастрасӣ ба ҳадафҳои ҳамоҳангшудаи ҷомеаи байналмилалӣ дар ростои тағйири иқлим бо дарназардошти имкониятҳои молиявию иқтисодии худ ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ минбаъд низ саҳми худро хоҳад гузошт.
Ташаккур.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.12.2015    №: 240-241    Мутолиа карданд: 560

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед