logo

фарҳанг

ИМЛОСОЗӢ ВА НАВИШТИ ИСТИЛОҲОТ


Садаи XX давраи нав дар таърихи истилоҳоти  забони тоҷикӣ мебошад. Истилоҳоти тоза бо дигаргуниҳои куллии замон, бо суръатафзоии рушди фарҳангӣ, сиёсӣ, пайдо шудани шаклҳои нави идорӣ ва тараққиёти илму техника ташаккул ёфта, бо хостҳову ниёзҳои замони муосир созгор мешуд. Дар ибтидои садаи бист бо инкишофи шуури иҷтимоӣ ва пайдо шудани аввалин рӯзнома ва китобҳои дарсӣ дар инкишофи забони адабӣ, аз ҷумла истилоҳҳои он, равияҳои тоза падид омад. Вале,  бо вуҷуди ин аз ибтидо як навъ идомакорӣ дар усули вожагузинӣ ва риояи анъанаҳои истилоҳсозии давраҳои гузашта ба назар мерасид ва истилоҳофаринӣ дар забони тоҷикӣ хусусияти табиӣ дошт. 
Дар ин давра барои ислоҳоти забони меъёр ва ба мардум наздик кардани он як силсила тадбирҳо андешида шуданд, ки бештар ҷанбаи сиёсӣ дошта, дар як муддати кӯтоҳ (аз ибтидои солҳои 30-юм то аввали соли чилуми садаи хх) чеҳраи забони моро дигаргун сохт. Яке аз ин гуна тадбирҳо таҳияи имло барои забони мо бо алифбоҳои матнӣ (1929-1940) ва кириллӣ (1940 то ба ҳол) буд. Ин имлобандӣ ба тарзи навишти истилоҳот низ таъсири бевосита дошт. Истилоҳоти забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз бахшҳои муҳими таркиби луғавии забон пеш аз ҳама мавриди ислоҳот қарор гирифт, ки ду ҷанба дошт. Аввалан бо истилоҳоти навомади русиву аврупоӣ иваз кардани истилоҳоти иқтибосии арабӣ ва ҳатто истилоҳҳои ноби тоҷикӣ ва сониян ба тарзи талаффузи русӣ мутобиқ гардондани талаффузи тоҷикии онҳо. Мо ин равияро дар намунаи истифодаи истилоҳот дар матбуоти кишвар бо даврабандии хусусиятҳои хоси он баррасӣ хоҳем кард.
Давраи аввал аз лиҳози хронологӣ аз охири даҳаи аввали қарни бист оғоз меёбад. Дар ин давра зиёиён амалӣ кардани ғояҳои маорифпарвариро оғоз карданд ва мактабҳои усули ҷадид, рӯзномаҳои «Бухорои Шариф» (1912 - 1913), «Самарқанд», «Ойина» таъсис ёфтанд, рӯзномаҳои кишварҳои дигар мунтазам меомаданд, адабиёти маорифпарварӣ хусусияти миллӣ пайдо кардан гирифт. Андешаи иҷтимоии нав ба забон нақши назаррас гузошт, аз ҷумла равандҳои нави иҷтимоиву сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ боиси нав шудани истилоҳот гардид. Ин давраи такомул ва инкишофи истилоҳоти илмӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ бо таъсиси Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон дар соли 1924 ва пешрафти илму фарҳанг, пайдо шудани рӯзномаву маҷаллаҳои нав, таъсиси макотибу муассисаҳои илмиву фарҳангӣ ва қабл аз ҳама ба роҳ мондани дафтардории идораҳо ва муассисаҳои Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ бо хусусиятҳои хоса равнақу ривоҷи бештаре пайдо кард. Ин марҳила то охири солҳои бист, яъне то иваз шудани алифбои арабӣ ба лотинӣ идома ёфт. Хусусиятҳои вежаи он чунинанд:
а) рафти ташаккулу такомули истилоҳоти илмӣ, идорӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ характери табиӣ дошт;
б) бо анъанаҳои истилоҳсозии солҳои пешин пайванди ногусастанӣ пайдо кард. Истилоҳҳои шӯрои нозирон, нозир, ҷумҳурӣ, фирқаи иштирокиюн ва амсоли онҳо мувофиқи усули вожагузинии анъанавӣ сохта шудаанд;
в) дар ин давра калимаҳо ва вожаҳои ноби тоҷикӣ ва истилоҳоти иқтибосӣ аз забони арабӣ ба таври васеъ истеъмол мешуданд;
г) истилоҳоти ворида аз забонҳои русӣ ва дигар забонҳои аврупоӣ бо меъёрҳои овоии забони тоҷикӣ мувофиқ гардида, қонунмандии табиии ворид шудани вожаҳои иқтибосӣ ба забони тоҷикӣ риоя мешуд.
Мо ин хусусиятҳоро дар осори ин давра баръало мушоҳида мекунем.
Тавре ки аз таърихи матбуоти тоҷик медонем, соли 1913 дар Самарқанд маҷаллаи ҳафтаворе ба кор оғоз кард, бо номи «Оина», ки қисме аз матолиби он ба забони тоҷикӣ ва ё тавре ки дар муқовааш навишта шуда буд, ба «забони форсӣ», чоп мешуд. Аммо нахустин рӯзномае, ки комилан ба забони тоҷикӣ нашр шуд,  «Бухорои шариф» буд, ки шумораи аввалини он 11-уми марти соли 1912 бо ҳиммати Мирзо Муҳиддин Мансуров ва Мирзо Сироҷи Ҳаким чоп гардид. Дар рӯзномаи «Бухорои шариф», ки нахустин рӯзномаи тоҷикӣ дар Мовароуннаҳр аст ва имрӯз рӯзи чопи нахустин шумораи он ҳамчун Рӯзи матбуоти кишвар ҷашн гирифта мешавад, мубрамтарин масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии аморати Бухоро ва ҷаҳон инъикос ёфтааст. Ин рӯзнома бо 153 шумораи худ ба бедории миллии тоҷикон, ҳамчунин бедории ҳисси ватанхоҳиву  озодихоҳӣ ва додхоҳии миллати мо нақши бузург бозид ва бо ҳамин сабаб бо пешниҳоди намояндаи сиёсии Россияи подшоҳӣ ва фармони амири Бухоро Олимхон нашри он 2 - юми январи соли 1913 манъ гардид.
  Мирзо Сироҷи Ҳаким ҳамчун яке аз масъулон ва гардонандагони ин рӯзнома дар бедории фикрии миллат дар мақолаи хеш бо номи «Сухани гуфтанӣ» дар шумораи 19 чунин менависад: «…ҷаридаи ҳар миллате забони гӯёи ҳамон миллат аст, ҳоло таклифи забони гӯё чист? Бояд ҳарф бизанад… бояд такаллум кунад. Акнун ҳарф задан лозим аст, чи навъ ҳарф бизанад, ки шумо розӣ бошед ва рӯзнома ҳам масъул набошад. Агар қабоиҳи миллатро нагӯяд, абадан вазифаи миллӣ иҷро намешавад… Пас чӣ бояд кард ва чӣ кор кунем ҳам миллат хурсанд бошад, ҳам вазифаи мо адо шуда бошад? Агар пайи таърифу тамҷид рафтаву маддоҳӣ кунем, олам моро таън карда, соирин ба ҳоли мо хоҳанд хандид. …Акнун таклифи мо чи бошад, олам мутаҳайир ва мо ҳам».
Ҳадаф аз овардани ин иқтибос, агар аз як тараф ошкор кардани ҳадафҳои сиёсиву иҷтимоии рӯзнома бошад, аз тарафи дигар, нишон додани сайри таърихии чанд ибораву калимаест, ки дар ин матн истифода шудаанд. Ин калимаву ибораҳо ҷарида ба маънои рӯзнома, таклиф ба маънои заҳмат, меҳнат, вазифа, ҳарф задан ва такаллум кардан ба маънои сухан гуфтан, гап задан, қабоиҳ - қабеҳҳо, адо шудан - тамом шудан, иҷро шудан, тамҷид - таъриф, таҳсин мебошанд. Имрӯз бархе аз фарҳангиён ва ҳатто забоншиносон аз нофаҳмо будани забони матбуот шикоят мекунанд ва сабаби онро дар душвор шудани забони рӯзномаҳо мебинанд. Ин калимаву ибораҳои «Сухани гуфтанӣ» ва намунаи бисёри дигар, ки дар матбуоти ибтидои садаи ХХ то солҳои сиюм фаровон истифода мешуданд, дар давоми солҳои 30 - 70 - уми садаи гузашта ба мо нофаҳмо гаштанд. Дар ин солҳо дар забони адабии мо чи ноҷӯрие падид омад, ки ҳатто калимаҳои асилу худиро соҳибзабонон имрӯз намефаҳманд? Посухи он суолро аз намунаи мисолҳои дигаре, бо истифода аз санадҳои меъёрии дар ин солҳо зери фишори сиёсати давр қабулшуда, ҷустем.
(Давом дорад)
Сайфиддин НАЗАРЗОДА,
Доктори илмҳои филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.12.15    №: 242    Мутолиа карданд: 748

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед