фарҳанг
ГИРОМИДОШТИ НАҚИБХОН ТУҒРАЛ
Донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов дар Кохи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ 150 - солагии шоири шаҳир Нақибхон Туғралро дар сатҳи баланд доир намуданд.
Зикр гардид, ки ӯ аз суханварони шинохтаи тоҷик аст ва бо ашъори равону баландмазмуни худ дар рушди адабиёти миллӣ саҳми босазо дорад. Шоир бо идомаи беҳтарин суннатҳои назми оламгир ва сурудаҳои воло миёни хонандагон беш аз сад сол аст, ки аз маҳбубияти хос бархӯрдор мебошад.
Ягона нусхаи чопи сангии «Девон» - и Нақибхон Туғрал соли 1916, дар замони зиндагияш ба табъ расида буд. Пеш аз истиқлолият низ ашъори ӯро ба табъ расонданд. Аммо гиромидошти шоир танҳо баъди Истиқлолияти давлатӣ ба таври густурда ва фаррох бо ташаббуси Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Ба шарафи ин санаи фархунда бо иштироки Президенти кишвар парда аз рӯи мақбара ва муҷассамаи шоир бардошта шуд ва ҳамзамон таҷлили он бо шукӯҳи хоса дигар гардид.
Муҳаммад Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон, аз мақом, мундариҷа ва муҳтавои ашъори Нақибхон Туғрал сухан карда, зикр намуд, ки ӯ ашъорашро дар равияи назми Мирзо Абдулқодири Бедил суруда ва муваффақ низ гардидааст. Кор ва рӯзгори ин адиби маъруф ибратомӯз буда, дар боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ таъсири нек гузоштаву мегузорад.
Донишҷӯён бо қироати ашъор ва баргузории консерти хотирмон чорабиниро шукӯҳи тоза бахшиданд.
А. РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.12.15 №: 242 Мутолиа карданд: 409