logo

фарҳанг

ДУБЛЯЖИ ФИЛМҲО КОРИ САҲЛ ВА СОДАЕ НЕСТ

Солҳои охир аҳолии кишвар ба тамошои филмҳои хориҷӣ, хоса туркӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад. Шояд ин ба он хотир бошад, ки чунин филмҳо ба мардуми мо нисбат ба киноҳои Ҳолливуду Болливуд наздиктаранд.
Дубляжи филмҳо дар Тоҷикистон аз соли 1938 оғоз ёфта, асосгузори он коргардон Қутбиддин Олимӣ шинохта шудааст. Дар гузашта Киностудияи «Тоҷикфилм» соле ҳудуди 50 филми истеҳсоли ҷумҳуриҳои собиқ шӯравиро ба забони тоҷикӣ баргардон мекард. Ба ин кор ҳунармандони театрҳо ва адибон ҷалб мешуданд. Баъди соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон кори Киностудияи «Тоҷикфилм» дар ин самт заиф гардид.
Бояд гуфт, ки ҳоло бо дубляжи филм асосан шабакаҳои телевизионӣ, аз ҷумла Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон, муассисаҳои давлатии «Сафина», «Баҳористон» ва студияҳои ғайридавлатӣ ба монанди «Ҳамсадо», «Аҷамфилм», «Симо - продакшн», «Нурангез», «Насиҳат», «Манижа» ва ғайра машғуланд. Номгӯйи студияҳои хусусии дубляж вобаста ба талаботи бозор ва тамошобин мунтазам меафзояд.
Миразизи Мирвафо, коршинос, мегӯяд: “Ҳоло дар шаҳри Душанбе 8 студияи шахсӣ фаъолият доранд, ки як филм ва ё чанд қисми онро бо нархи муайян мехаранд. Маъмулан, хариди филм аз Туркия ва гоҳе аз Ҳиндустон сурат мегирад.
Дар студияҳои мо филмҳо ба забони адабӣ баргардону тарҷума мешаванд. Дар сурати пайдо намудани камбудӣ масъулинро ба ҷавобгарӣ мекашанд. Филмҳое, ки мо мебарорем, ватандӯстӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва муҳаббату ҷавонмардиро талқин мекунанд.
Дубляжи силсилафилмҳо кори доимӣ ва даромаднок аст. Ба ҳамин хотир, бештари студияҳои хусусӣ ба дубляжи силсилафилмҳо машғуланд».
Воқеан, бояд ба инобат гирифт, ки ҳар табақаи иҷтимоӣ вобаста ба завқи худ ба масъала назар меафканад. Шаҳрванд Почо Зокирова мегӯяд, ки «мо дар хона филмҳои «Фирорӣ», «Садоқат» ва «Садбарги сиёҳ» - ро тамошо мекунем. Барои мо ин филмҳо писанданд, зеро тарҷумаашон содаю фаҳмо мебошад. Вале баъзан лаҳҷа низ истифода мешавад, ки ин ба забономӯзии фарзандонамон таъсири манфӣ мерасонад. Мо зиёд мехоҳем, ки филмҳои истеҳсоли хориҷӣ ба забони адабии тоҷикӣ тарҷума карда шаванд».
Масъалаи дубляжи филмҳо чанд паҳлуи баҳснок дорад. Барои мушаххасан ва аз нигоҳи дигар баҳо додан, ба моҳияти масъала мо ба Маҳмуд Ализода, сармуҳаррири идораи таҳияи филмҳо ва дубляжи Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» муроҷиат намудем. Ӯ ёдовар шуд, ки «посу гиромӣ доштан ва арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ниҳоят муҳим аст. Мо бояд баррасии ин мавзӯъро аз ҳамин оғоз намоем, яъне рисолати шахси фарҳангӣ пок нигоҳ доштани забони модарист. 
Забони кино, телевизион, радио ва матбуот ба меъёри забони адабӣ бояд ҷавобгӯ бошад. Дар ҳамин росто мо ҳақ надорем, ки ҷумлаи пастмазмун, бемантиқ, хароб, нодуруст ё заиф бигӯем. Вақтҳои охир суханронии аксари ҷавонон хароб ба гӯш мерасад, ки ин ҷо, бешубҳа, таъсири филмҳои тарҷумашуда ба назар мерасад.
Гап сари он нест, ки студияҳо хусусианд ё давлатӣ. Гап сари он аст, ки сарварии ин студияҳоро кӣ ба уҳда дорад, кори онҳо чӣ гуна ба сомон мерасад, дар кадом асос. Ман медонам, ки дар ин студияҳо барои ҳамкорӣ ҳунармандони бисёр маҳбуби мо, ба мисли Ортиқи Қодир, Қурбони Собир, Малоҳати Абдулло ва дигарон ҷалб мешаванд, вале оё тарҷумаи филмҳое, ки дар ин студияҳо сурат мегиранд, дар сатҳи зарурианд? Оё тарҷумаҳо бори маънии аслро мекашанд?
Принсипи кории мо ҳамин аст - бояд филмҳое интихоб шаванд, ки хусусияти тарбиявӣ дошта бошанд. Филми таҳияшуда насли мо ва ҷомеаи моро пеш бубарад, роҳбаладӣ кунад».
Бисёр вақт кадом як студия филми туркиеро мехараду баъди тарҷумаи чанд серия имкони молиявиаш тамом мешавад. Студияи дигаре пайдо мешавад, ки ба забони дилхоҳ он филмро баргардон мекунад ва ба фурӯш мегузорад. Барои мисол филми туркии «Садбарги сиёҳ» - ро мегирем. Дар тарҷумаи филм баъзе нуқсонҳо дида мешавад. «Касе нагуфта бошад, дурӯғ аст», - мегӯяд яке аз қаҳрамонҳои филм, ки чунин ифода мантиқан нодуруст аст. Дурусташ «Касе (агар) гуфта бошад, дурӯғ аст» мебошад.
Дар филми «Водии гургон» чунин омадааст: «худро намоиш бидиҳед», «бодиққат бошед», «мошинҳоро қабул кунанд». Ба ҷои онҳо ибораҳои зеринро бояд истифода барем: «худро нишон диҳед»,  «ҳушёр бошед»,  «мошинҳоро гиранд».
Дар филми туркии «Фирорӣ» (қисми 6), ки аз ҷониби студияи «Нурангез» таҳия шудааст, мешунавем: «бо пули якум ё дуюм мегузаранд...» бояд «аз пули якум…» гуфта шавад. Дар ҷумлаи дигар: «То шамол набошад, дарахт намеҷунбад» омадааст, дурусташ «То шамол нашавад, шохи дарахт намеҷунбад» мебошад.
Бояд гуфт, ки чунин хатоҳо дар тарҷумаи дигар филмҳо низ ҷой доранд. Аз ин лиҳоз, пешниҳод мекунем, ки филмҳои дубляжнамудаи  студияҳо, махсусан хусусӣ зери назорати ҷиддӣ қарор дода шаванд. Тарҷумаи филм бояд аз назари мутахассисони соҳа: забоншиносон, услубшиносон ва мутарҷимони шинохта гузаронда шавад. Дар ин сурат дубляжи филм муассир ва тамошобоб хоҳад буд.

Сафаргул АЛИМОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.12.15    №: 242    Мутолиа карданд: 2217

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед