logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ВА ПОСУХ

Ба саволҳо Ғуфрон Бойматов, узви мушовараи адвокатҳои вилояти Суғд ва Фарҳод Тоҳиров, адвокати Маслиҳатхонаи ҳуқуқии шаҳри Қӯрғонтеппа ҷавоб доданд.
Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 - 16 ба мо муроҷиат намоянд.
- Манзили истиқоматиеро, ки айни замон бо аҳли оилаам зиндагӣ дорем, соли 1998 аз соҳибмулки он дар асоси шартномаи шифоҳӣ ба иҷора гирифта будам. Соҳибмулк соли 2000-ум вафот кард. Вай ягон меросхӯр ва ё хешу табори наздик надорад.  Ман дар ин муддат чанд маротиба хонаро таъмир намуда, маблағи хизматрасонии коммуналӣ, барқ, об ва андозро низ сари вақт супорида истодаам. Оё ҳуқуқ дорам, ки манзилро ба номи худам ба расмият дароварда, соҳибмулки он гардам?
Б. ХОЛҚӮЗИЕВА,
сокини шаҳри Қайроққум

- Тибқи муқаррароти моддаи 258 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон агар шаҳрванд молу мулки ғайриманқулро, ки ба ӯ тааллуқ надорад, 15 сол софдилона ва ҳамчун моликияти ғайриманқули худ соҳибӣ карда бошад, ҳуқуқи соҳибмулкиро ба моликият ба даст меорад.
Аз сабаби он, ки шумо дар манзили истиқоматии зикршуда зиндагии бефосила доред, ҳуқуқ доред ба суди маҳали ҷойгиршавии манзили истиқоматӣ бо ариза оид ба эътироф намудани ҳуқуқи соҳибмулкӣ дар асоси давомнокии муҳлати ба даст овардан муроҷиат намоед.

- Ман соҳибкори инфиродӣ мебошам. Соҳибкорӣ ба собиқаи корӣ дохил мешавад?
САДБАРГ,
истиқоматкунандаи ноҳияи Вахш

- Мутобиқи талаботи моддаи 17-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” фаъолияти соҳибкори инфиродӣ, ки тибқи тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта шудааст, ба собиқаи корӣ ворид мешавад. Яъне, агар шумо фаъолияти соҳибкории худро ба танзим дароварда, дар нозироти андоз ба қайд гирифта, маблағҳои андоз ва суғуртаи иҷтимоиро сари вақт пардохт кунеду пардохтварақаҳои онро нигоҳ доред, метавонед ба нозироти андози маҳали фаъолияти худ дафтарчаи меҳнатӣ пешниҳод карда, собиқаи соҳибкориатонро дарҷ кунед.

- Барои қатъ ё боздошти фаъолияти соҳибкорӣ чӣ бояд кард?
 Гурӯҳи соҳибкорон
аз шаҳри Қӯрғонтеппа
 
- Агар шумо бемор шавед, ба муҳоҷират сафар намоед ва ё бо сабабҳои ба иродаатон вобастанабуда идома додани фаъолияти соҳибкориатон ғайриимкон бошад, ба нозироти андоз аризаи асоснок пешниҳод намоед. Аз таҷриба медонам, ки мутаассифона, соҳибкорон аризаро оид ба қатъ кардани фаъолияташон ба нозироти андоз намесупоранд ва дар нусхаи аризаашон имзои онҳоро намегиранд, ки дар натиҷа, дар бисёр ҳолат фаъолияти онҳо қатъ нашуда, андозбандӣ ва ҷарима давом меёбад. Аз ин рӯ, ба шумо тавсия дода мешавад, ки аризаатонро ба нозироти андоз супурда, ҷавоби онҳоро оид ба қатъ ё боздошти соҳибкорӣ ба даст оред.
 

- Дар кадом ҳолат истифодаи патент қатъ карда мешавад?
МАҲБУБА, 
сокини ноҳияи Шуғнон

- Асосан, дар ҳолати фаъолият накардан. Он вақт соҳибкори инфиродии тибқи патент фаъолиятдошта уҳдадор аст, ки фавран фаъолияти худро тавассути бахшҳои бақайдгирӣ дар маҳал расман қатъ намояд. Дар акси ҳол, то он лаҳзае, ки фаъолияти соҳибкории ӯ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» қатъ нашудааст, уҳдадор аст маблағи патентро барои моҳҳои дахлдор ба буҷет пардохт намояд

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.12.15    №: 242    Мутолиа карданд: 446

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед