logo

ҳуқуқ

НАРХИ ХОҶАГӢ БАРОИ РАИС – 249 СОМОНӢ

Ё чӣ тавр бародарон иншооти собиқ совхозро, ки бо меҳнати ҳалоли садҳо сокини ноҳия обод шудааст, ғайриқонунӣ хусусӣ гардонда, ба фоидаи худ истифода бурдаанд?
Суди Олии иқтисодӣ боз як ҳолати бо роҳи ғайриқонунӣ доир намудани музоядаро, ки тавассути он парки автомобилии Ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод бо нархи 249 сомонӣ хусусӣ ва ба бозор табдил дода шуд, ошкор ва санади хариду фурӯшро бекор кард. Бахтиёр Нуралиев, сокини ноҳияи Файзобод, ки яке аз тарафҳои ин мурофиа мебошад, иброз дошт, ки ғайриқонунӣ ва ба манфиати шахсӣ ҳал кардани иншооти хоҷагӣ ба фаъолияти соҳибкорони маҳаллӣ латма зад ва онҳо маҷбур шуданд, ки баҳсро то ба суд баранд. Хушбахтона, адолат барқарор гашт ва парки автомобилӣ ба давлат баргардонда шуд.
Бино ба иттилои Бахтиёр Нуралиев, соли 2001 бародарон Мансур Раҳимов, собиқ муовини раиси ноҳия ва Дилшод Аҳмадов, собиқ раиси хоҷагии давлатии тухмипарварии ба номи Абдулвоҳид Назаров, харидуфурӯши амволи хоҷагии давлатиро миёни хешу табори наздик ба тариқи музояда доир мекунанд. Дар музояда падарашон Шариф Аҳмадов ғолиб меояду парки автомобилиро, ки 700 метр девори сангин, 2 гектар замин ва анбор дошт, бо нархи 249 сомонӣ мехарад. Фарзандон моликияти ба падар фурӯхтаашонро баъдан ба бозор табдил медиҳанд. Бо вуҷуди ҳамаи амалҳои ғайриқонунӣ соли 2002 дар дохили парк бозори хоҷагии деҳқонии «Шариф Аҳмад» бе ягон ҳуҷҷати шахси ҳуқуқӣ, таъсис дода мешавад. Он солҳо мо даҳ нафар соҳибкор бо иҷозати маъмурияти бозор ва ба онҳо пардохтани аз 2 то 7 ҳазор доллар, ҳар кадом барои худ мағоза бунёд кардем. Соҳибмулкони бозор мунтазам аз соҳибкорон иҷорапулӣ ситонда, ҳар сол нархро баланд мебардоштанд. Дар баъзе ҳолат ба соҳибкорон иҷозат намедоданд, ки вориди мағозаҳояшон шаванд. Баъди чунин бархӯрдҳои носолим ва ғайриқонунӣ ман, ҳамкоронам Абдулмаҷид Одинаев, Амин Нуралиев ва Раҷабмурод Раҳимов илоҷи дигар наёфта, ба Суди Олии иқтисодӣ шикоят бурдем. Баҳси судии мо тақрибан ду сол идома ёфт.
Дар рафти мурофиаҳои судӣ ҳолатҳои дигар ошкор шуданд. Маълум гардид, ки музояда бидуни чопи эълон дар нашрияҳо, пешниҳоди лоту ширкати рақиб баргузор гардида, ҳатто шартномаи харидуфурӯши амволи давлатӣ, ки қонун пешбинӣ кардааст, баста нашудааст. Солҳои охир миёни соҳибкорон ва моликони бозор баҳси моликият ва иҷора ба миён омад. Онҳо дар ҳудуди бозор барои мо бо гирифтани маблағ 0,02 гектар замин дода буданд. Дар ин қитъаи замин мағоза бунёд кардем. «Моликон»-и бозор ваъда доданд, ки мағозаҳоро ба номи мо қонунӣ мекунанд. Аммо ин корро анҷом надоданд. Баръакс, дари бозорро баста, илова ба мағозаҳои сохтаамон иҷорапулӣ талаб намуданд. Мо се нафар аз пардохти маблағи зиёд ва муфлис шудани тиҷоратамон роҳи дигар наёфта, ба суд муроҷиат намудем. Дар рафти мурофиаҳои судӣ исбот шуд, ки мансабдорони вақт бо роҳи ғайриқонунӣ парки автомобилии хоҷагиро аз худ кардаанд.
Баъди ду соли баррасии шикояти соҳибкорон Суди Олии иқтисодӣ қарор ва протоколи қалбакиро бекор карда, замин ва иншоотро дубора ба давлат баргардонд. Суди Олии иқтисодӣ адолатро барқарор кард, вале чаро то ин дам, яъне 12 соле, ки иншооти давлатӣ ҳамчун моликияти шахсии як оила истифода мешуд, роҳбарони хоҷагӣ, ноҳия ва мақомоти дахлдор чораҳои зарурии қонунӣ наандешиданд?
 Ба гуфтаи Эмом Насриддинов, раиси хоҷагии давлатии тухмипарварии ба номи Абдулвоҳид Назаров, ки дар мурофиа иштирок дошт, бо ҳукми Суди Олии иқтисодӣ бозор ба тавозуни давлат гузаронда шуд ва акнун дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон масъалаҳои ҷойдошта ҳалли пурраи худро хоҳанд ёфт.

Ҳарамгул САНГОВА,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.12.15    №: 242    Мутолиа карданд: 843
04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

29.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 6065 КАС ШИФО ЁФТ

ДДСТДТ. БА ДОВТАЛАБОН ИМТИЁЗҲО ПЕШБИНӢ ШУДААСТ

ДДФСТ. СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ

КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛӢ БА ШЎРОИ ДИФОЪ НИЁЗ ДОРАД

27 МЕДАЛИ ТИЛЛО ДАР ШАШ МОҲ

100 ДАРСАДИ САҲМИЯҲОИ ҶСК «АЗОТ» БА ФУРЎШ ГУЗОШТА МЕШАВАД

44 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗАРАРИ МОЛИЯВӢ БАРҚАРОР ШУД

ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ ДАР ДАВРАИ ПАНДЕМИЯ НИЗ ЗИЁД ГАРДИД

ЛИГАИ БОНУВОН. "ХАТЛОН" БА САДРИ ҶАДВАЛ БАРОМАД

СҶТ: «ДУНЁ ТАНҲО ЯК МАВҶИ КОРОНАВИРУСРО АЗ САР ХОҲАД ГУЗАРОНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед