logo

фарҳанг

ТАНҲО АЗ ТАРИҚИ МАКТАБ...

Рӯз ба рӯз таҳдидҳои наве чун ифротгароиву терроризм ба тамаддунҳои модерн таҳдид мекунанд. Ягона роҳи муқобала бо ин гуна таҳдидҳо таваҷҷуҳи бештар ба системаи омӯзишу парвариш мебошад.
Нақши қаҳрамонҳои миллат Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва Бобоҷон Ғафуров ва маорифпарвари асри нуздаҳ Аҳмади Дониш дар гузоштани нахустин заминаҳои маорифи миллат муаассир буда, талошҳои хастанопазири онҳо имрӯз роҳнамои даврони истиқлоли кишвар гардидаанд. Ин нукта зимни конфронси илмӣ дар мавзӯи “Рушди маорифи тоҷик дар даврони истиқлолият” зикр ёфт.
Шарифмурод Исрофилниё, директори Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти  Тоҷикистон изҳор дошт, ки “агарчӣ андешаҳои маорифпарваронаи ҳар яке аз ин шахсиятҳо ба таври алоҳида ва бо услуби хоси нигорандагӣ тавсиф ёфтаанд, табиист, ки дар байни онҳо алоқамандии мантиқӣ ва ягонагии мақсадҳо мушоҳида мешавад. Ин чор чароғи тобони илму маърифат ҳалқаҳои як занҷиреро мемонанд, ки дар ҳамбастагӣ занҷири тавоноии мактабу маорифи тоҷикро дар сад соли охир бунёд кардаанд”.
Раҳматилло Мирбобоев, муовини якуми вазири маориф ва илми кишвар аз талошҳои Садриддин  Айнӣ дар эҳёи маорифи миллӣ дар солҳои душвори барқарорсозии собиқ Ҳукумати Шӯравӣ,  кушодашавии нахустин мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва фарогирии аҳолӣ ба таълим, мубориза бар зидди маҳви бесаводӣ ёдовар шуд.
“Аҳмади Дониш бо сафарҳои пай дар пайи худ ба Русия ва ошноӣ бо низоми таҳсилу тадриси ин кишвар оид ба рушди раванди маорифпарварӣ чандин рисолаи илмӣ навишт. Бобоҷон Ғафуров дар таъсиси Академияи илмҳои Тоҷикистон саҳм гузошта, нахустин роҳбари он устод Садриддин Айнӣ интихоб гардид. Мирзо Турсунзода тараннумгари соҳибфарҳангии тоҷикон  ва дастрасии таҳсили баробар бо духтарон ва писарон буд. Ғояҳои навандешии Аҳмади Дониш дар робита ба сохти нисбатан пешрафтаи низоми давлатдории Русияи подшоҳӣ, андешаҳои ислоҳоти мактабу маориф дар устод Айнӣ дар партави ошноӣ бо мактабу олимони русу тотор ташаккул ёфтанд. Заҳмати Бобоҷон Ғафуров барои бунёди донишгоҳҳо ва тавассути ошноии комил ба таърихи гузаштагони миллат ва пешрафтҳои техника дар замони муосир  борвар гардиданд. Ниҳоят маҳаки асосии ифтихори мо - Мирзо Турсунзода аз мардуми донову соҳибфарҳанги худ мардуми азияткашидаи Осиёро ошно месозад”, -  гуфт муовини якуми вазир. 
Дар бахши дувуми конфронс муаррифии китоби “Маориф - гарави пешравии ҷомеа” (дар партави асарҳои Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода) бахшида ба 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон доир гардид.  Муаллифони китоб донишмандон Ҷамшед Ҷӯрабоев, Аламхон Кучаров, Сайфулло Муллоҷонов ва Атахон Сайфуллоев оид ба андешаҳои маорифпарваронаю ислоҳотхоҳии Аҳмади Дониш, фаъолияти  омӯзгории  Садриддин  Айнӣ, масъалаҳои омӯзишу парвариш дар асари Бобоҷон Ғафуров ва инъикоси масъалаҳои мактабу маориф дар эҷодиёти сарояндаи сулҳ ва дӯстии халқҳо Мирзо Турсунзода ёдовар шуданд.
Танҳо аз тариқи мактаб ва бо такя ба мероси гаронбаҳое, ки аз ниёгон ба мо расидааст, метавон ҳар гуна кӯшиши ноором сохтани ҷомеа ва ба сӯйи ҷаҳолату таассуб кашондани одамонро пешгирӣ намуд. Ислоҳоти мактабу маориф бар асоси суннатҳо ва шинохти чеҳраҳои миллӣ, омӯзиши осори онон метавонад яке аз чунин роҳҳо гардад. Таърих собит мекунад, ки ин гуна ислоҳот озмудашуда ва самарабахш хоҳад буд.
Ҳарамгул САНГОВА, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.12.15    №: 242    Мутолиа карданд: 651

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед