logo

фарҳанг

КАПИТОЛИЙ - РАМЗИ ДЕМОКРАТИЯИ ИМА

Бинои Конгресс, ки бо номи Капитолий маъруф аст, дар шаҳри Вашингтон қомат афрохта, яке аз иморатҳои пурҳашамати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ҳисоб меравад.
Таърихи Капитолий соли 1792 оғоз меёбад. Президенти аввалини ИМА Ҷорҷ Вашингтон барои сохтмони бинои давлатӣ озмун эълон кард, ки дар он Уилям Торнтони шотландӣ ғолиб баромад.Сохтмон таҳти роҳбарии ӯ моҳи сентябри 1793 шурӯъ гардид. Санги аввалини биноро шахсан Ҷорҷ Вашингтон гузошт. Мутаассифона, сохтмон аз рӯзҳои нахустин ба мушкилоти зиёд мувоҷеҳ гашт: масолеҳ бо таъхир дастрас гашта, бар замми он норасоии маблағ ва қувваи корӣ бармало эҳсос мегашт. Аз ин рӯ, гузоштани пойдевор се сол тӯл кашид.
Пас аз даҳ сол ҳукумат барои идомаи бунёди Капитолий 50 ҳазор доллар ҷудо намуда, Уилям Торнтонро аз сохтмони он дур кард. Ба ҷои ӯ Генри Латроб, ки худро ҳамчун беҳтарин меъмори Филаделфия муаррифӣ кард, таъйин гашт. Меҳнати ӯ самараи нек овард. Соли 1800 Конгресс дар Капитолий (ҳарчанд он пурра бунёд наёфта буд) аввалин бор ҷаласа доир намуд.
Соли 1813, бо сабаби ҷанги ИМА ва Британияи Кабир, Генри Латроб маҷбур шуд сохтмонро қатъ созад. Пас аз як сол англисҳо Капитолийи нотамомро сӯзонданд, ки бар асари он меҳнати бистсола ба коми оташ фурӯ рафт. Вале, сарфи назар аз ин, баъди муддате Генри Латроб ба барқарорсозии Капитолий камари ҳиммат баст. Ба хотири боз ҳам зеботар гардондани он, Латроб маблағи зиёд сарф мекард, ки ин ба фармоишгар хуш наомад. Ӯ низ, чун Уилям Торнтон, аз сохтмон барканор гашт.
Соли 1818 Ҷеймс Монро, президенти 5-уми ИМА, ба вазифаи сармеъмори Капитолий Чарлз Булфинчро таъйин намуд. Таҳти роҳбарии ӯ  соли 1823 ҳамагӣ бо харҷи 12 ҳазор доллар қисми марказии Капитолий ба истифода дода шуд. Соли 1827 корҳои асосии сохтмонӣ ба охир расида, солҳои баъдӣ Капитолий мавриди навсозӣ қарор мегирифт. Масалан, миёнаи асри XIX ба меъмори машҳури Филаделфия Томас Уолтер супориш дода мешавад, ки ҳудуди онро васеътар намояд.
Соли 1863 боз як рӯйдоди фаромӯшношуданӣ ба вуқӯъ меояд. Бо иштироки президенти 16-уми ИМА Авраам Линколн дар боми Капитолий ҳайкали 6-метраи Озодӣ гузошта мешавад.
Баъдан, корҳои ободсозӣ ҷараён гирифта, дар гирду атрофи он мунтазам биноҳои иловагӣ қомат меафрохтанд.
Бояд гуфт, ки дари Капитолий барои хоҳишмандон ҳамеша боз аст ва  онро метавон ройгон  тамошо кард. Ҳамин аст, ки ҳар сол наздик ба 4,5 миллион сайёҳ аз он боздид ба амал меорад.

Ш. ШОКИР, «Ҷумҳурият»,
тарҷума аз русӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.12.2015    №: 243    Мутолиа карданд: 494

10.12.2018


МАСТЧОҲ. Деҳаҳо симои нав мегиранд

Путин: «Дар ИИАО бозори ягонаи газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мешавад»

Нахустин ҳамоиши сарони манотиқи кишварҳои СҲШ дар Челябинск гузашт

Медведев: «Россия мушкили амнияти озуқавориро ҳал намуд»

Дар Олмон кӣ Ангела Меркелро иваз мекунад?

Нақлиёти ройгони ҷамъиятӣ дар Люксембург

Ҷаҳон дар як сатр

Кишоварзӣ бахши муҳим дар ноҳияи Деваштич

06.12.2018


74 варзишгар ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд

Иштироки муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар мулоқоти сатҳи баланд

Баррасии масъалаи содироти маҳсулот ба бозорҳои Аврупо

ПАНҶАКЕНТ. Ифтитоҳи 63 иншоот

Бунёди роҳи танобӣ дар шаҳри Хуҷанд

“ГАНҶИ ҲИЛОЛ”. Тадбирҳо самар медиҳанд

05.12.2018


Баррасии масоили сиёсати хориҷии кишвар

Мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода бо Мерилин Йосефсон

Баргузории конференсияи «Нақши сайёҳӣ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим»

Путин ва Назарбоев ҳамкориро дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ карданд

Куртс ҳамкорӣ бо Россияро шарти сулҳу субот дар Аврупо номид

Вашингтон дар Покистон муколамаи Кобул бо "Толибон"-ро муҳокима мекунад

Трамп дар фикри баррасии мушкили мусаллаҳшавии бошитоб бо Путин ва Си Ҷинпин шуд

Ҳонконгро матлубтарин кишвари дидании сайёҳон дар соли равон хонданд

Ҷаҳон дар як сатр

ЛУКА МОДРИЧ - барандаи "Тӯби тиллоӣ"

5 медали теннисбозони тоҷик

04.12.2018


Ҳамоиш оид ба татбиқи самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Баргузории фестивали сайёҳӣ

Бунёди гармхона бо усули гидропоникӣ

Олимони тоҷику рус 200-солагии шарқшиносии Россияро таҷлил карданд

Дар Лаҳистон конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим оғоз ёфт

Ҷанги тиҷоратии ИМА ва Чин анҷом меёбад?

Кишварҳои G-20 мубориза бо маблағгузории терроризмро таҳким мебахшанд

Ҷаҳон дар як сатр

Бозгашти Фузайлов ба футболи тоҷик


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед