logo

фарҳанг

КАТИБАИ БОБУР МИРЗО

Сангнабиштаҳо як ҷузъи фарҳанг ва ёдгориҳои таърихии халқи моро ташкил медиҳанд. Кормандони илмии Институти таърихи академияи илмҳо дар тӯли фаъолияти нусхаҳои зиёди сангнабиштаҳоро ҷамъ овардаанд, ки таърихи бозёфташон низ хеле аҷиб аст. Ин ҷо сухан аз якеи онҳо хоҳад рафт.
Захируддин Муҳаммад Бобур (1483 – 1530) дар таърих ҳамчун арбоби давлатӣ, лашкаркаш, воқеанигор ва шоир маъруф аст.
Чуноне ки аз таърих маълум аст, бо мақсади барқарор намудани тахту тоҷи сулолаи темуриён Бобур пойтахти ин давлат – шаҳри Самарқандро якчанд маротиба ишғол карда бошад ҳам, истодагарӣ карда натавониста, онро тарк намуд.
Бобур дар асари худаш «Бобурнома» воқеаи соли 907 ҳиҷриро чунин тасвир намудааст. Мутобиқи маълумоти ин китоб ҳангоми дар Истаравшан будани Бобур хабари шаҳри Хуҷандро ишғол намудани Шайбонихон мерасад. Ӯ, ки барои мубориза бо Шайбонихон қуввае надошт, маҷбур мешавад дар кӯҳистон паноҳ ёбад. Ӯ аз ағбаи Оббурдон гузашта ба Мастчоҳ меояд. Бо урфу одати мардуми ин ҷой, аз ҷумла бо одати ба рӯйи сангҳо кандани хат ошно шуда, худ низ ба ин кор машғул мешавад. Мувофиқи маълумоти дар «Бобурнома» зикршуда дар назди чашмаи Озухаки деҳаи Оббурдон аз «Бӯстон» - и Саъдӣ ин пораи шеъриро тасвири ҳоли худ шуморида, ба рӯйи санг кандааст:

«Шунидам, ки Ҷамшеди фаррухсиришт,
Ба сарчашмае бар ба санге навишт:
«Ба ин чашма чун мо басе дам заданд,
Бирафтанд, то чашм бар ҳам заданд.
Гирифтем олам ба мардию зӯр,
Валекин набурдем бо худ ба гӯр»
Бобур, 917
Хатти рӯйи санг аз деҳаи Оббурдон ягона матнест, ки то ҳол аз мероси бо дасти худи Бобур навишташуда пайдо гаштааст. Аз рӯйи хабаре, ки доир ба ин хат дар «Бобурнома» зикр шудааст, академик Аҳрор Мухторов соли 1953 ба кофтукови он ба Мастчоҳ рафтааст. Сангро дар ҳамон ҷойе, ки Бобур дар асараш тасвир намуда буд, пайдо менамояд. Хатти рӯйи санг, ки автографи худи Бобур мебошад, диққати на танҳо олимони шӯравӣ, балки муҳаққиқони тамоми дунёро ба худ ҷалб намуд. Маълумот ва мақолаҳо доир ба ин бозёфти оббурдонӣ дар матбуоти зиёда аз 40 мамлакати дунё интишор гардид.
Ин санг соли 1960, дар рӯзҳои конгресси ХХУ шарқшиносони дунё дар намоишгоҳи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов ва соли 1985 дар Эрмитажи Ленинград (ҳоло Санкт – Петербург) ба намоиш гузошта шуд. Ҳоло бошад, ин санги таърихӣ дар шуъбаи таърихи асрҳои миёнаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз аст.

Таҳияи М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.12.2015    №: 243    Мутолиа карданд: 1326

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед