logo

фарҳанг

ҲУЛБУК

Сарчашмаҳои ҷуғрофӣ - таърихии юнонӣ, чинӣ ва арабу форсӣ, инчунин ғановату гуногуншаклии бозёфтҳои бостоншиносӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки Ҳулбук – пойтахти Хутталон шаҳрест бо таърихи бисёр қадима. Дар ҳама давру замонҳои мавҷудияти хеш шаҳри Ҳулбук ҳамчун маркази маъмурӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шоҳигарии Хутталон ба ҳисоб мерафт. Маданияти шаҳрсозии Ҳулбук аз рӯйи тарҳи возеҳи меъморӣ ва муҳандисӣ бо сохторҳои мураккаби коммуникативӣ, системаи гармидиҳии зерифаршӣ, аз ҳудуди қаср берун намудани обҳои барфу борон, обҳои истифодашуда танҳо баъди софкорӣ, таъмин бо оби ошомиданиро хоҷагидорӣ ва аз ҳама муҳим бо риояи талаботҳои шаҳрсозии асримиёнагӣ, яъне бо қасри шоҳон, шаҳристон ва бо рабази (маҳалҳои аҳолинишини ба шаҳр пайваст) наздишаҳрӣ ба анҷом расонда шудааст. Ҳафриёти бостоншиносӣ, ки дар ҳудуди қасри шоҳони Хуттал ва ҳудудҳои шаҳристон гузаронда шудаанд нодир будани санъати меъмории тоҷикӣ, дуруст интихоб шудани мавқеи сохтмон, манзараҳои нотакрори табиӣ ва, аз ҳама муҳимаш, мавқеи стратегӣ - мудофиавиро дақиқ муайян намудани аҷдодони моро ошкор менамояд.
Шаҳри Ҳулбук яке аз муъҷизаҳои фарҳанги моддӣ ва маънавии на танҳо халқи тоҷик, балки ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Маҳз ҳамин сифатҳои волои шаҳри Ҳулбук буд, ки моҳи ноябри соли 2009 дар шаҳри Сиан - пойтахти фарҳангии давлати Чин дар қатори 8 ёдгории беназири халқи тоҷик ба силсилашаҳрҳои  «Шоҳроҳи Бузурги Абрешим» - и ЮНЕСКО ворид ва бо ҷоизаи махсуси он қадр карда шуд.
Хушбахтона, тавассути Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон  баъди ҳазорсолаҳо пойтахти Хутталони қадим - шаҳри Ҳулбук имрӯз аз нав эҳё гардида истодааст. Маҳз ба хотири бузургдошт ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги қадими шаҳрсозии ниёгон ва барои баланд бардоштани  ҳисси миллӣ – ватандорӣ Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук бо Осорхонаи Ҳулбук дар пойгоҳи шаҳри Ҳулбук таъсис дода шудааст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.12.2015    №: 243    Мутолиа карданд: 661

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед