logo

ҳуқуқ

ДАР ОИЛА МИЛЛАТ ТАРБИЯ МЕЁБАД

Таҷриба нишон медиҳад, ки ташаббусҳои бунёдгарои Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамеша самарабахш ва ба нафъи ҷомеа мебошанд. Иқдоми навбатии созандаи Сарвари давлат дар бораи эълон шудани соли 2015 - Соли оила низ то кунун натиҷаҳои судбахш ба бор оварда, дар рафоҳи оиладорӣ нақши муассир гузошт.
Ин ташаббуси арзишманд дар самти бунёди оилаи солиму фарзандони баркамол дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо ҳамоҳангии тамом истиқбол шуда, дар робита ба он барномаҳои вижаи корӣ таҳия гардиданд. Аз ҷумла, бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия дар ҳамбастагӣ бо мақомоти дигари дахлдор як қатор тадбирҳои заруриро ба роҳ монда, дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дод.
Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои оммавӣ, дидору вохӯриҳо бо мардум ва тарғиби арзишҳои оиладорӣ, дар ноҳияи Шоҳмансур шумораи бекоршавии ақди никоҳ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 коҳиш ёфтааст. Гузашта аз ин,  таҳлилҳои мо нишон медиҳанд, ки зимни бунёди оилаи солим ва устувор нигоҳ доштани он, дар баробари риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ ё иҷрои вазифаву уҳдадориҳо, корбаст намудани меъёрҳои ахлоқӣ низ мувофиқи матлаб аст. Зеро дар фарҳанги мардуми мо меъёрҳои ахлоқӣ ҷойгоҳи устувор дошта, баъзан чун қонуни нонавишта мавриди истифода қарор мегиранд. Дар меҳвари меъёрҳои ахлоқӣ эҳтироми тарафайн дар оила маҳсуб мешавад, ки воқеан ҳам аз омилҳои асосии бунёди оилаи солим ё устувории он дар ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Маҳз риоя нашудани ҳамин меъёр дар бисёр маврид ба пошхӯрии оилаҳо замина мегузорад, ки мо дар таҷрибаи кории худ борҳо ба он мувоҷеҳ шудем. Муносибати беэҳтиромонаи байни зану мард ба тарбияи равонии фарзандон низ таъсири манфӣ мерасонад. Бояд ба ин тарафи масъала аҳамияти ҷиддӣ дода шавад, зеро чигунагии камолоти фарзандон, пеш аз ҳама, аз оила маншаъ мегирад.
Гузашта аз ин, дар қонунгузории Тоҷикистони соҳибистиқлол зану мард баробарҳуқуқ эътироф шуда (моддаи 17-и Конститутсия), дар асоси он барномаҳои вижаи давлатӣ низ татбиқ мешаванд. Зеро баробарҳуқуқии тарафҳо, бешубҳа, яке аз омилҳои асосии танзимкунандаи муносибатҳои оилавӣ ба шумор меравад. Баробарҳуқуқии занону мардон меъёри конститутсионӣ буда, солҳои охир ба он таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Дар асоси ин меъёр барномаҳои хоси давлатӣ таҳия ва мавриди амал қарор дода шудаанд.
Яке аз масъалаҳои дигаре, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои зану шавҳарро таҳти ҳимояти қонун қарор медиҳад, ин бастани ақди никоҳи расмӣ мебошад. Хушбахтона, айни замон аксари ҷавонон аҳамияту муҳтавои қонунҳои ба оила мусоидаткунандаро хуб медонанд ва қабл аз издивоҷ барои барасмиятдарорӣ ба мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ариза пешиниҳод мекунанд. Мо кормандони ин ниҳод қабл аз ба расмиятдарорӣ бо ҳамсарони оянда суҳбатҳо доир намуда, оид ба вижагиҳои оиладорӣ гуфтугӯ мекунем. Аз суҳбатҳо эҳсос мешавад, ки барномаҳои давлатӣ дар самти бунёди оилаи солим, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон натиҷаҳои хуб ба бор овардаанд. Бисёре аз ҷавонони навхонадор дар қиёс ба солҳои қаблӣ маърифати оиладориро хуб дарк мекунанд. Бо вуҷуди ин, масъалаи баланд бардоштани маърифати оиладории шаҳрвандон бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи мақомоти дахлдор ва аҳли ҷомеа қарор гирад. Ҳарчанд дар ноҳияи Шоҳмансур шумораи бекоршавии ақди нигоҳ кам шуда бошад ҳам, вале аз байн нарафтааст. Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар бисёр маврид аз ҳам пошидани оилаҳо бо сабаби бефарзандӣ иттифоқ меафтад. Дар мавридҳои дигар, мавҷуд набудани эҳтироми тарафайн, ҳамдигарнофаҳмӣ ва хушунатҳои оилавӣ низ боиси бекоршавии ақди никоҳ мегарданд. Зимнан, мо шоҳиди аз ҳам пошидани оилаҳое будем, ки ба ҳам хешу табори наздиканд ва фарзандони носолим ба дунё овардаанд.
Аз сабаби он ки солҳои охир ба масъалаи устувор нигоҳ доштани генофонди миллат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад, мо бояд аз равияҳои номатлуб дар самти оиладорӣ даст кашем ва барои бунёди оилаи солиму ҷомеаи пешрафта  талош варзем.

Зарина ҲАСАНОВА,
мутахассиси пешбари бахши САҲШ-и
ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.12.2015    №: 243    Мутолиа карданд: 525

26.09.2018


ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Идомаи машқҳои зиддитеррористии «Иссиқкӯл - 2018» дар Қирғизистон

Ёрӣ ба 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати бартарафсозии оқибати хушксолӣ

Иттиҳоди Аврупо Осиёи Марказиро маблағгузорӣ мекунад

Қазоқистону Ӯзбекистон моҳвораи муштарак сохтанианд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед