logo

ҳуқуқ

ДИҚҚАТ, АГЕНТӢ ФОШ МЕСОЗАД!

БЕШ АЗ ЯК МИЛЛИОН СОМОНИРО АЗХУД НАМУДАНД
Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи гузарондани амалиёти фаврӣ-тафтишотӣ дар Беморхонаи вилоятии № 2 - и шаҳри Кӯлоб зарари калони молиявиро ошкор карданд.
Бо ҷурми азхудкунии беш аз як миллион сомонӣ Сайдхӯҷа Асроров, хазинадор, Ҷумъахон Одинаев - сармуҳосиби беморхонаи вилоятии № 2-и шаҳри Кӯлоб ва Маҳмуд Мирзокаримов, мутахассиси шуъбаи хазинадории Раёсати молияи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, боздошт гардиданд. Онҳо бо маслиҳати пешакӣ дар давоми солҳои 2013-2015 аз ҳисоби даромади маблағҳои хизматрасонии пулакӣ бо роҳи сохтакорона тартиб додани расидҳои бонкӣ аз ҳисоби буҷет ба номи хазинаи Беморхонаи вилоятии № 2-и шаҳри Кӯлоб, дар 211 ҳолат 1 миллиону 240 ҳазору 500 сомониро гирифта, ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд.
Дар натиҷаи гузарондани амалиёти фаврӣ - тафтишотӣ  ин маблағ аз гумонбаршудагон ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд ва ба буҷет барқарор гашт. Нисбат ба онҳо бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


БОЗДОШТИ КОРМАНДИ ШУЪБАИ МАОРИФИ ШАҲРИ ВАҲДАТ
Методисти омодагии дифои ҳарбии шуъбаи маорифи шаҳри Ваҳдат Тоҷиддин Турдиев барои аз хизмати ҳарбӣ озод намудани бародари шаҳрванд «Ғ» аз ӯ ба сифати пора  1000 доллари ИМА талаб кардааст.
Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни гузарондани чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ  ӯро баъди аз шаҳрванд «Ғ» гирифтани 1000 доллар дар ҷойи ҳодиса дастгир намуданд. Нисбат ба Тоҷиддин Турдиев бо қисми 1 моддаи 319 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз  шуд.


ҚАЛЛОБИИ  МУДИРИ ХОҶАГӢ
Мудири хоҷагии Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Бахтиёр Азаматов даст ба ҷиноят зад.
Номбурда  бо роҳи фиреб ба бовари шаҳрванд «А» даромада, аз ӯ барои модаркалонашро дар  соли 2015 ба ҳаҷ фиристодан 2000 доллар ва 13 800 сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш истифода кардааст.  Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нисбат ба Б. Азаматов бо банди “а” қисми 3 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, ӯро боздошт намуданд. Дар рафти тафтишоти пешакӣ зарари расида   талофӣ карда шуд.

Дар ин бора аз Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Ҷумҳурият» хабар доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.12.2015    №: 244    Мутолиа карданд: 806

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед