logo

илм

Қомуси таърихи кӯҳистони Суғд

Усмони Эшонзод аз бостоншиносон ва таърихнигорони боистеъдоду пуркори мост, ки алъон дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба ҳайси хабарнигор фаъолият дорад. То ин дам зиёда аз 300 мақолаи илмӣ дар мавриди печвораҳои умдаи таърихи миллӣ таълиф намуда ва яке аз муаллифони ҷилди дуюми нашри академии «Таърихи халқи тоҷик» (Маскав,1999, ба забони русӣ) буда ва аввали соли 2007 нахустин рисолаи илмиашро таҳти унвони «Таърихи парадизҳои Суғди бостон» мунташир сохт, ки дар он ду шикоргоҳ (парадиз)-еро, ки дар воҳаи Панҷакент дар асрҳои VI-IV  то милод ва V-VIII милодӣ вуҷуд дошт, мавриди баҳсу баррасӣ қарор додааст.
ӯ исбот кардааст, ки боқимондаҳои пурмуаммои девору биноҳои мавҷуд дар қисмати ғарбии воҳаи Панҷакент -40-50 км дуртар аз шаҳри Самарқанд ба парадизи аҳди Хаҳоманишиён мансуб мебошад, ки пас аз истилои Искандари Мақдунӣ рӯ ба вайронӣ ниҳодааст. Ба навиштаи профессор И.В.Пянков-таърихпажӯҳи номӣ кашфи дигари бостоншиноси тоҷик, ки дар ин асар баён шудааст, таъйини дақиқи мавқеияти «Шахи Суғд» мебошад, зеро ӯ исбот кардааст, ки ду воқеаи сарнавиштсози марбут ба таърихи тоҷикон (истилои Искандар ва лашкаркашии сипоҳи ислом) ба ин шах алоқамандӣ дорад ва Усмони Эшонзод бар пояи далелҳои эътимодбахш ин воқеаҳоро ба кӯҳи Ҳазрати Султон, ки дар байни қаторкӯҳҳои Ҳисору Зарафшон ва саргаҳи рӯдҳои Моғиёну Кеш қарор дорад, нисбат дода ва бо ҳамин ба баҳсҳои тӯлонии муаррихон оид ба як силсила масоили муҳими даврони қадим ва асрҳои миёнаи тоҷикон нуқтаи таммат гузоштааст.
Поёни соли гузашта асари илмии ҷомеъ ва мукаммали Усмони Эшонзод бо номи «Таърихи кишоварзии кӯҳистони Суғд. Аз давраи қадимтарин то оғози асри XX» дар 848 саҳифа ба забони русӣ ба нашр расид. Бояд мутазаккир шуд, ки ӯ пеш аз он ки ин асарашро таълиф кунад, ду мартаба дар арзи солҳои 70 то миёнаи 90-уми асри пешин бо борхалта дар китф ва бел дар даст, бе пуштвонаи молӣ, бидуни истифода аз мошин, пойи пиёда саропои бахши тоҷикистонии рӯдхонаи Зарафшонро аз ложури Мастчоҳ то Работихоҷа-то марзи вилояти Самарқанд бо ҳамаи ағбаҳову дараҳову деҳаҳояш давр зада, ба ҷамеи осори қадим нигоҳи таҳқиқ андохт, даҳҳо ёдгории таърихиро барои илм кашф кард, аксбардориҳо намуд ва дар сатҳи аҳсан нақшаҳои топографӣ кашид. Ва китоби мазкур бар мабнои мадорику асноди фаровоне чун баррасии ёдгориҳои қадим, ҷӯйбору корезҳо, сарчашмаҳои хаттии бостонӣ ва қурунивустоии форсӣ, арабӣ, юнонӣ, румӣ, чинӣ, ҳиндӣ, ахбори бойгониҳо, рисолаҳои илмӣ ва монанди инҳо навишта шудааст.
Муҳаққиқ чаро дар ин асар печгунаи кишоварзиро мавриди баҳсу баррасии ҳамаҷониба қарор додааст? Агар мо мехоҳем дари тамаддуну фарҳанги орёиро боз кунем, калиди он кишоварзист. Орёиён асосан кишоварз буданд ва кишоварзӣ таҳдобест, ки бар он тамаддуну фарҳанги орёӣ қарор дорад. Ин ҳама сиёсату иқтисоду илму ҳуқуқу ҳикмату адабиёти мо бар кишоварзӣ поярезӣ шудааст. Агар кишоварзии рушдёфта ва қудратманд вуҷуд намедошт, ҳеҷ пешрафте дар ҷомеа ва фарҳанг падидор намегашт. Орёиён дастовардҳои калоне дар кишоварзӣ доштанд, ки аз онҳо сойири ақвом баҳраҳои фаровон ҷустаанд.
Китоби мавриди баҳс ду бахш ва чордаҳ бобро дар бар дорад ва муаллиф дар ибтидо ба ташреҳи умумии табиат ва таърихи кӯҳистони Суғд пардохта, зина ба зина сукунатёбии одамонро дар ин минтақа нишон додааст. Муаллиф бо далелҳо собит кардааст, ки каронаҳои Суғдрӯд то асри XIII  ғолибан  суғд  ё  тоҷикнишин буд ва суғдиён яке аз қавмҳои асосие мебошанд, ки дар ташаккули миллати тоҷик нақши ҳалкунанда бозидаанд. Аммо бо ҳуҷуми муғулҳо ва баъдан туркҳо бофти миллии аҳолӣ тағйир кард, садҳо ҳазор тоҷик кушта шуд ва онҳое ки зинда монданд, дар кӯҳистонҳо паноҳ ёфтанд ва паҳновар заминҳои кишти тоҷикон ба чарогоҳи олтойитаборҳо табдил гашт. Билхоса сукнои туркҳо дар атрофи Панҷакент дар асрҳои XVIII-XIX хеле вусъат ёфт ва даҳҳо деҳаи туркнишин пайдо шуд. Бо вуҷуди ҷангҳои истилогаронаи аҷнабиён тоҷикҳои Зарафшон шаҳрҳои асосие чун Бухоро, Самарқанд, Ургут, Панҷакент ва садҳо русторо дар дасти худ нигоҳ доштанд.
То интишори ин китоб муаррихон ақида доштанд, ки шаҳри Панҷакент дар саропои таърих се бор ҷойи худро иваз кардааст, аммо Усмони Эшонзод бо далелҳои мӯътамад ба исбот расонда, ки ин шаҳри пуровоза панҷ мартаба бо фосилаҳои замонӣ дар маконҳои мухталиф қад алам кардааст.
Муҳаққиқ дар асари мазкур роҷеи таърихи пиллапарварӣ фарзияи ҷадиде пешниҳод намудааст. Қаблан роҷеъ ба пайдоиши пилла ду ақида вуҷуд дошт. Тибқи ақидаи якум, пиллапарварии қавмҳои эронӣ бар асоси кирмакпарварии чиниҳо дар нимаи аввали ҳазораи якум ташаккул ёфта буд. Бино ба ақидаи дуюм худи сарзамини орёиён-Эрони Бузург ватани пиллапарварист ва ин ҳунар аз берун наомадааст. Аммо Усмони Эшонзод бар мабнои омӯзиши амиқи маъхазҳо нишон додааст, ки дар қадим ду навъи пилла вуҷуд дошт: зард ва сафед. Ҳанӯз дар ҳазораи сеюми то милод ҳиндуҳо аз пиллаи зард порчаҳои абрешимӣ мебофтанд ва ин ҳунар аз Ҳинд дар як вақт ба Бохтар ва Чин ворид шуд. Бостоншиносон аз Сафолтеппаи Сурхондарё, ки чаҳор ҳазор сол умр дорад, матои абрешимӣ ёфтанд ва ин вуруди аввалин бори абрешимро аз Чин ба Осиёи Марказӣ зери суол мебарад. Дар қазияи пахтакорӣ низ дар асари мазкур ҳарфҳои тоза ба назар мерасанд. Ба навиштаи муаллиф, аҷдоди мо ҳанӯз дар асрҳои V-IV то милод ба парвариши пахтаи африқоӣ шуғл доштанд ва вожаҳои эронии «пунба», «ғӯза» ва «пахта» ба бисёре аз забонҳои халқҳои Осиё ва Аврупо ворид шуданд ва калимаи русии «бумага» аз «пунба» реша мегирад. Ҳатто чиниҳо пахтапарвариро дар асрҳои IX-X аз тоҷикон ёд гирифтаанд. Ба ибораи дигар дар селексияи пахта ва тавсеаи парвариши он дар Ховари Миёна  хидмати қавмҳои эронӣ ниҳоят калон аст.
Боби «Чорводорӣ» ҷолиб буда, дар он таърихи парваришу паҳншавии намудҳои гуногуни чорвои хонагӣ ба диёри тоҷикон, минҷумла кӯҳистони Суғд, беҳтарин зотҳои офаридаи ниёгони мо, шеваҳои нигоҳубини ҳайвоноти корӣ ва монанди инҳо батафсил баррасӣ шудааст. Мардумшинос Б.Х.Қармишева ақида дошт, ки бозии бузкаширо кӯчиёни турку муғул ба Осиёи Марказӣ ворид карда ва тоҷикон аз онҳо ёд гирифтаанд. Усмони Эшонзод бо радди ин даъвои беасос собит кардааст, ки бузкашӣ ҳамвора як машқи артиши саворанизоми орёиён буд.
Дар боби «Афзорҳо ва дастгоҳҳои коркарди растаниҳои донаӣ ва равғанӣ» муаллиф бори аввал ба сурати густурда таърихи ташаккул ва рушди осиё, ҷувоз ва обҷувози тоҷикон ва тарзи кори онҳоро омӯхтааст ва агар билфарз замоне расад, ки ин дастгоҳҳо билкул аз миён раванд, бар асоси нақшаҳои дақиқи ӯ имкони сохтусози дубораи онҳо вуҷуд дорад.
Охирин боби китоб ба маросимҳои кишоварзиву чорводории мардуми Зарафшон ихтисос ёфтааст. Муаллиф бар пояи маводу мадорики фаровон ва муқоисаи онҳо бо ахбори манбаъҳои хаттии куҳан ва ойину ойинвораҳои қавмҳои ҳамтабори тоҷикон нишон додааст, ки дар кӯҳистон расму одатҳое ҳифз мондаанд, ки аз замонҳои басо қадим, ҳатто даврони умумияти ҳиндуэронӣ, реша мегиранд.
«Таърихи кишоварзии кӯҳистони Суғд» қомуси бостоншиносӣ, таърих ва мардумшиносии водии Зарафшон аст ва ҳар рисолаи илмие, ки пас аз ин дар ин замина таълиф мешавад, фақат замимае бар он хоҳад буд. Ҳанӯз роҷеи ягон  минтақаи Осиёи Марказӣ чунин пажӯҳиши ҷомеъ анҷом нагирифтааст. Фақат бар мабнои таърихи ҷомеи минтақаҳо метавон таърихи миллии ҷомеъро навишт. Усмони Эшонзод ин асари худро тамрине барои  таълифи таърихи кишоварзӣ дар Хуросони Бузург медонад, ки иборат аз се ҷилд ва дар ду ҳазор саҳифа хоҳад буд.

Фотеҳи АБДУЛЛОҲ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 919

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед