logo

фарҳанг

МАТБУОТРО ҲАМҚАДАМИ ЗАМОН МЕКУНЕМ

«Матбуот чашму гӯши халқ, муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ мебошад ва ҷамъиятро аз бисёр нокомиҳо ва зуҳуроти зараровар раҳо карда метавонад».
Эмомалӣ РАҲМОН


Бо ибтикори раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Матбуоти даврӣ ва журналистикаи чандрасонаӣ: мушкилот ва дурнамо» баргузор гардид. Дар кори конфронс ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академик Маҳмадюсуф Имомзода, профессорон Мурод Муродӣ, Маҳмадалӣ Муқимов, доираи васеи олимону унвонҷӯён ва рӯзноманигорону донишҷӯёни кишвар иштирок доштанд. Маърӯзаҳои ироашуда ҳозиронро бо таърихи пайдоиш ва инкишофи мултимедиа ва журналистикаи бисёррасонаӣ, мушкилоту бартариҳои сомонаҳои чандрасонаӣ барои рӯзноманигорон, нақши сомонаҳои интернетӣ дар матбуоти даврӣ ва муаммоҳои матбуоти маҳаллӣ ошно сохтанд.
Яке аз масъалаҳои муҳими баррасишуда ҳамсанги расонаву сомонаҳои электронӣ кардани матбуоти даврӣ дар фаврияти иттилоот буд. Имрӯз эҳсос мешавад, ки рӯзномаву ҳафтаномаҳо дар тайёр кардани матлабу матолиби фаврӣ ва дастрасии онҳо имконияти камтар, аммо аз назари фарогирии мавзӯъ, таҳлилу баррасӣ ва дурустии факту рақамҳо бартарӣ доранд.
Дар робита ба ин масъала Мурод Муродӣ, мудири кафедраи матбуоти донишгоҳ назарашро чунин иброз дошт: «Матбуоти даврӣ ҳамчун воситаи собиқадори ахбори омма дар муқоиса бо расонаҳои дигар умри тӯлонӣ ва таҷрибаи ғанӣ дорад, ки бо вуҷуди пайдоиш ва инкишофи васоити ахбори электронӣ мавқеи худро коҳиш надода, балки ба тақозои замон мувофиқ мешавад ва инкишоф меёбад. Журналистикаи чандрасонаии тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ дар муқоиса бо кишварҳои дигар бештар рушд намуд ва бо ҳама нуқсу камолаш ба манбаи муҳими ахбору иттилоот табдил ёфт».
Матбуоти даврӣ ва журналистикаи чандрасонаӣ ҳар ду якҷоя муҳиму муассир буда, таносуб ва таҷзияи байни онҳоро дуруст роҳандозӣ кардан, аз рӯзноманигорон дараҷаи баланди дониш ва касбият мехоҳад. Агар солҳои пеш рӯзноманигор ҳафтае як бор лавҳа, хабар ва ё гузорише омода мекард, имрӯз талабот тамоман тағйир ёфтааст. Рӯзноманигор акнун талаботи миллионҳо хонандаро ба инобат гирифта, дуруст, дақиқ, мӯъҷаз ва фаврӣ бояд нависад. Дар ин самт, мутаассифона, аксар рӯзномаҳо таваҷҷуҳи камтар доранд. Забони навишт ва маънову мантиқи матлабҳо гӯё дуюмдараҷа шудаасту фаврият ва диққатҷалбкунандагӣ дар мадди аввал.
Масъалаи муҳими дигар вобаста ба талаботи замон намоиш додани барномаҳои телевизионӣ буд. Вобаста ба ин мавзӯъ Ҷумъа Қуддус, сармуҳаррири маҷаллаи «Помир» аз ҷумла гуфт: «Телевизион ва журналистика тафаккури мардумро ба қолаб дароварда, бовару огоҳии шаҳрвандонро аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ таъмин мекунад. Бавижа, барномаҳои телевизионӣ бояд мавзӯъҳоеро пайгирӣ намоянд, ки бо вуҷуди муосир будан, инчунин урфу одат, фарҳанг ва миллияти халқро таҷассум карда бошанд. Ҷустуҷӯи қаҳрамони рӯз дар намоишҳои саҳнавии телевизион метавонад таваҷҷуҳи ҷомеаро ба барномаҳои минбаъда бештар намояд. Яъне, бинанда дар симо ва кору пайкори қаҳрамони рӯз инсони наздик ва ё бахше аз рӯзгори худро дарёбад.
Мутахассисони соҳаи журналистика, аз ҷумла профессор Мурод Муродӣ масъалаи аз доираи пажӯҳиш дур мондани матбуоти маҳаллиро таъкид дошт: «Имрӯз матбуоти музофотии тоҷик, яъне сатҳу савияи ҳафтаномаҳои шаҳриву ноҳиявӣ аз назари илм дур мондааст. Барномаи мушаххас зарур аст, ки дар доираи он бурду бохт ва аҳамияту ҷойгоҳи онҳо ба риштаи пажӯҳиш кашида шавад. Дар ин бобат якҷо бо Академияи илмҳои Тоҷикистон лоиҳаи илмие таҳия намудаем, ки мувофиқи он дар оянда панҷсолаи омӯзиши матбуоти музофотиро ба роҳ хоҳем монд».
Мавриди зикр аст, ки кори муҳим ва саривақтӣ ҳар чӣ тезтар тартиб додан ва нашр намудани «Фарҳанги истилоҳоти рӯзноманигорӣ» аст, ки масъулияташро профессор Мурод Муродӣ ба зимма гирифтааст.
 Маърӯзаи дигар аз ҷониби аспиранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон С. Мардонов ироа гардид, ки дар он таносуби масъалаи оиладорӣ дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва сомонаи он баррасӣ гашт. Ба гуфтаи ин олими ҷавон, муносибати нашрия ба воқеиёти иҷтимоӣ холисонаву касбӣ буда, фаъолияти он баҳри тадбиқи сиёсати бунёдкорона нигаронда шудааст.
Дар рафти конфронс масъалаҳои ташаккули шарҳнависӣ дар сомонаҳои интернетӣ, нақши интернет дар рушди ҳаёти шаҳрвандӣ ва ташкили телевизиони «Варзиш», муаммо ва дурнамои кори он матраҳ гашта, таъкид шуд, ки вазифаи нахустин ва асосии тамоми манбаъҳои иттилоотӣ, пеш аз ҳама, ба роҳи дуруст ва фардои дурахшон ҳидоят намудани мардум ва ба ёрирасону ҳамрози беминнати халқ мубаддал гаштани васоити ахбори омма аст.

Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.12.2015    №: 245    Мутолиа карданд: 625

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед