logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ВА ПОСУХ

Ба саволҳо Ғуфрон Бойматов, узви мушовараи адвокатҳои вилояти Суғд ва Фарҳод Тоҳиров, адвокати Маслиҳатхонаи ҳуқуқии шаҳри Қӯрғонтеппа ҷавоб доданд.
Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 -16 ба мо муроҷиат намоянд.

- Оё ҳамсаре, ки фақат никоҳи мусулмонӣ дорад,  меросхӯри шавҳар буда метавонад?
Мавзуна Тӯраева, сокини шаҳри Сарбанд

- Мутобиқи талаботи қисми 1 ва 2-и моддаи 10-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ақди никоҳ дар мақомоти давлатии Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) ба ҷо оварда мешавад. Ҳуқуқу уҳдадориҳои зану шавҳар аз лаҳзаи дар ин мақомот ба қайди давлатӣ гирифтани ақди никоҳ ба миён меояд. Яъне, маҳз қайди никоҳи давлатӣ хосияти ҳуқуқофаринӣ дорад. Аз ин лиҳоз, ҳамсаре, ки бо расму таомули динӣ зиндагӣ кардааст, ҳангоми вафоти шавҳар ба қатори ворисони қонунӣ дохил намешавад.


- Бигӯед, ки андозаи алименти муқаррарнамудаи судро бо розигии тарафҳо метавон кам ё зиёд кард?
 Азиза Мирзошарифова, сокини ноҳияи Бохтар

- Дар қисми 1-и моддаи 120-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла омадааст, ки “Баъди тибқи тартиби судӣ муқаррар намудани алимент мумкин аст бе дахолати суд андозаи алименти таъйиншуда бо созишномаи тарафҳо тағйир дода шавад. Агар тарафҳо ба бастани созишнома ноил нагарданд, суд ҳуқуқ дорад бо талаби ҳар яки онҳо андозаи муқарраргардидаи алиментро дар ҳолати тағйир ёфтани вазъи моддӣ ва оилавии алиментдиҳанда ё алиментгиранда кам ё зиёд кунад. Ҳангоми кам ё зиёд кардани андозаи алимент суд метавонад инчунин ҳар гуна манфиати дигари қобили таваҷҷуҳи тарафҳоро ба инобат гирад”.


- Корманде, ки бе асос аз кор озод шудааст, дар кадом муҳлат бояд оид ба поймол гардидани ҳуқуқаш ба суд муроҷиат намояд?
К. Муъминов, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа

- Аз меъёри муқаррарнамудаи моддаи 199-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки барои муроҷиат кардан ба суд аз рӯйи баҳсҳои ба кор барқарор намудан муҳлат як  моҳ пешбинӣ шудааст. Ҷараёни ин муҳлат аз рӯзи ба корманд супурда шудани нусхаи фармони аз кор озод кардан ё дафтарчаи меҳнатӣ оғоз мешавад. Супурдани нусхаи фармони аз кор озод кардан ё дафтарчаи меҳнатӣ дар алоҳидагӣ метавонад барои муайян кардани саршавии муҳлати даъво асос шавад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.12.2015    №: 245    Мутолиа карданд: 632
03.04.2020


ВАРЗОБ. ТАВАҶҶУҲ БА ВАРЗИШ МЕАФЗОЯД

«ЮВЕНТУС» РОНАЛДУРО БА 70 МИЛЛИОН ЕВРО ФУРӮХТАНИСТ

ТЕЪДОДИ АШХОСИ АЗ КОРОНАВИРУС ШИФОЁФТА АЗ 200 ҲАЗОР НАФАР ГУЗАШТ

ТОҶИКИСТОН БА ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБИ ТИББӢ ВА ЛИБОСИ МАХСУС ШУРӮЪ НАМУД

СУТ: «БЕШ АЗ 95 ДАРСАДИ ҚУРБОНИЁНИ COVID-19 ДАР АВРУПО АШХОСИ КАЛОНСОЛАНД»

ПУТИН ТО ОХИРИ АПРЕЛ ИСТИРОҲАТ ЭЪЛОН КАРД

ДАР ЭРОН БЕШ АЗ 15 ҲАЗОР МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС СИҲАТ ШУД

Ҷаҳон дар як сатр

02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН

НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ШУД

«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД

ТОКИО. САНАИ БАРГУЗОРИИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ МАЪЛУМ ШУД

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ЛАХШ

ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. ИҶРОИ БАРНОМА МУҲОКИМА ГАРДИД

СУТ: 165 ҲАЗОР БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС БА ТОҶИКИСТОН АФЗОРИ ЗАРУРӢ ФИРИСТОД

ДАР УХАН БЕШ АЗ 60 БЕМОРХОНА БА НИЗОМИ МУҚАРРАРИИ ФАЪОЛИЯТ БАРГАШТ

ТАБИБОНИ ОЛМОНӢ 16 ҲАЗОР БЕМОРРО АЗ КОРОНАВИРУС НАҶОТ ДОДАНД

ПУТИН ВА ТРАМП НАРХИ КУНУНИИ НАФТРО БА МАНФИАТИ ДУ КИШВАР СОЗГОР НАМЕШУМОРАНД

ДАР ТУРКМАНИСТОН ИСТИФОДАИ КАЛИМАИ КОРОНАВИРУС МАНЪ ГАШТ

Ҷаҳон дар як сатр

31.03.2020


РОҒУН. ВАРЗИШ РӮ БА РУШД ДОРАД

КОРРУПСИЯ РОҲБАРИ АССОТСИАТСИЯРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ НИШОНД

ОДАМКУШӢ. ХУШУНАТИ ОИЛАВИЕ, КИ БО МАРГ АНҶОМ ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед