logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавӣ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 «Дар бораи муфлисшавӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2003, № 12, мод. 674; с. 2008, № 10, мод. 813) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Қонун калимаҳои «Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ» иваз карда шаванд.
2. Ба моддаи 4 мафҳумҳои зерин илова карда шаванд:
«- қарздори ғойиб - қарздоре, ки маҳалли ҷойгиршавии мақомоти доимӣ, инчунин муассисон ва шахсони мансабдор, ки онро муқаррар кардан мумкин нест ва бе онҳо шахси ҳуқуқӣ фаъолияти худро дар давоми шаш моҳи охир иҷро карда натавонист;
-мудири муваққатӣ - шахси воқеие, ки аз ҷониби суд барои гузаронидани расмиёти мушоҳида таъин карда мешавад;
-мудири беруна - шахси воқеие, ки аз ҷониби суд барои гузаронидани расмиёти идоракунии беруна таъин карда мешавад;
-мудири озмунӣ - шахси воқеие, ки аз ҷониби суд барои гузаронидани расмиёти истеҳсолоти озмунӣ таъин карда мешавад».
3. Моддаи 71 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
“Моддаи 71. Қарздори ғойиб
Дар асоси аризаи шахси манфиатдор суд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарздори ғойибро муайян менамояд.».
4. Дар қисми якуми моддаи 19 баъд аз калимаи «менамояд» калимаҳои «ва он бояд на камтар аз дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як моҳ бошад» илова карда шаванд.
5. Матни моддаи 20 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Ҳангоми баррасии парвандаҳои муфлисшавии қарздор- шахси ҳуқуқии субъекти соҳибкории хурду миёна ва дигар шахсони ҳуқуқӣ (ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ) расмиёти зерини муфлисшавӣ татбиқ карда мешаванд:
-мушоҳида;
-истеҳсолоти озмунӣ;
-созишномаи мусолиҳа.
Ҳангоми баррасии парвандаҳои муфлисшавии қарздор- шахси ҳуқуқии субъекти соҳибкории калон расмиёти зерини муфлисшавӣ татбиқ карда мешаванд:
-мушоҳида;
-идоракунии беруна;
-истеҳсолоти озмунӣ;
-созишномаи мусолиҳа.
Ҳангоми баррасии парвандаҳои муфлисшавии қарздор - соҳибкори инфиродӣ расмиёти зерини муфлисшавӣ татбиқ карда мешаванд:
-истеҳсолоти озмунӣ;
-созишномаи мусолиҳа.».
6. Қисми дуюми моддаи 24 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Парванда оид ба муфлисшавӣ аз ҷониби суд метавонад дар ҳолате оғоз карда шавад, ки агар талабот нисбат ба қарздорон - субъектҳои соҳибкории хурду миёна ва дигар шахсони ҳуқуқӣ (ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ) дар маҷмӯъ на камтар аз 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва нисбат ба субъектҳои соҳибкории калон 2000 (ду ҳазор)  нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил намояд».
7. Дар қисми дуюми моддаи 26 баъд аз калимаҳои «мақомоти андоз» калимаҳои «, мақомот оид ба идоракунии амволи давлатӣ» илова карда шаванд.
8. Ба қисми дуюми моддаи 32 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- рӯйхати кредиторон ва қарздорон бо муайянсозии қарзҳои кредиторӣ ва дебиторӣ, бо нишон додани суроғаи кредиторон ва қарздорон.».
9. Матни моддаи 42 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Расмиёти мушоҳида барои субъектҳои хурду миёна ва дигар шахсони ҳуқуқӣ (ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ) - ба мӯҳлати як моҳ ва барои субъектҳои соҳибкории калон ба мӯҳлати то ду моҳ амалӣ мегардад.».
10. Дар қисми чоруми моддаи 51 рақамҳои «12» ва «6» мутобиқан ба рақамҳои «10» ва «1» иваз карда шаванд.
11. Дар қисми якуми моддаи 64 калимаҳои «понздаҳ рӯз» ба калимаҳои «панҷ рӯзи корӣ» иваз карда шаванд.
12. Дар моддаи 70:
–қисми ду дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Мӯҳлати истеҳсолоти озмунӣ барои субъектҳои соҳибкории хурду миёна ва дигар шахсони ҳуқуқӣ (ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ) то панҷ моҳ ва барои субъектҳои соҳибкории калон то 12 моҳ буда метавонад.»;
–дар қисми се калимаҳои «зиёдтар менамояд» ба калимаҳои «ба мӯҳлати на зиёда аз як моҳ тамдид намояд» иваз карда шаванд.
13. Сархати дуюми қисми сеюми моддаи 74 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«ҳолати молиявии қарздорро бевосита таҳлил менамояд ва агар дорои донишҳои махсус набошад, барои ин амал бо мувофиқаи кредиторон мутахассис - таҳлилгарро ҷалб менамояд;».
14. Дар қисми дуюми моддаи 86 калимаҳои «10 рӯз» ба калимаҳои «5 рӯзи корӣ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 майи соли 2009, № 509

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавӣ»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                           С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 22 апрели соли 2009, № 1308

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо
ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи муфлисшавӣ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 майи соли 2009, № 642


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 872

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед