logo

ҳуқуқ

ЧАРО СОҲИБКОРОН ДАР АНДОЗСУПОРӢ ТАЪХИР МЕКУНАНД?

Айни замон дар кишвар соҳибкорони хурду миёна танҳо ду намуди андоз месупоранд: андоз аз даромад ва аз арзиши иловашуда.  Ин сабукӣ ба рушди  соҳа таккони ҷиддӣ бахшид. Корхонаву ташкилот, ҷамъиятҳои саҳомӣ, марказҳои дилхушӣ ва дигар соҳаҳои марбут ба фаъолияти соҳибкорӣ афзоиш ёфтанд.  Аммо муаммо ва масъалае, ки равшанӣ мехоҳад, насупурдани андоз ва гурези соҳибкорон аз он аст. Шояд  ин таъхиркорӣ ё бемасъулиятӣ  буд, ки кори ширкатҳои калони қарздори назди Кумитаи андоз афзуда, то баҳсҳои додгоҳӣ расидааст.
Дар қонунгузориҳои кишварҳои мутараққии хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Русия, барои пинҳонкории андоз ҷазоҳои сангин, (то 300 ҳазор рубл) муқаррар шудааст, ки ин маблағи ҳадди поёнии ҷарима буда,  наздик ба 35 ҳазор сомонист. 
Соҳибкор Назриҷон Соҳибов сабаби аз андоз қарздор гаштани соҳибкоронро дар беаҳамиятии онҳо мебинад.  Сармутахассиси нозироти андоз дар ноҳияи Рӯдакӣ Шарофиддин  Баротов мегӯяд:  “Аз сабаби таъхиркорӣ ва насупурдани андоз аз болои чанд корхонаи қарздор  ба Суди иқтисодӣ шикоят кардем. Аммо то ҳол натиҷааш маълум нест”.
Кумитаи андоз  соли равон рӯйхати корхонаю ҷамъиятҳоеро, ки дар пардохти андоз таъхир мекунанд ё аз он саркашӣ доранд, дар сомонаи худ  интишор карда, зикр намудааст, ки  қарзи онҳо аз 100 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Ба ин  ҶСК “Ҳумо” (394 824 ҳазор сомонӣ), КВД “Бозори Саховат” (510 766), корхонаи   “Тухми кирмак”- и шаҳри Душанбе (849  775), ҶДММ “Комил - 2010“ (зиёда аз 4 миллион сомонӣ) мисол шуда метавонанд, ки андозсупорандагони бемасъулият маҳсуб мешаванд. 
Ба андешаи иқтисоддон Абдуваҳҳоб Сафарзода, яке аз сабабҳои насупурдани андоз ва қарздории соҳибкорон, ба буҳрони молиявии ҷаҳонӣ рабт дорад. Он таъсири худро ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ расондааст. Бино ба маълумоти Кумитаи андоз ҳоло дар кишвар беш аз 155 000 нафар ба соҳибкорӣ машғул аст. Андозсупорандагон бештар бо шаҳодатномаи соҳибкорӣ ва патент кор карда, қисме роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонианд.
Аксари соҳибкорон зикр намуданд, ки андоз ба онҳо гаронӣ намекунад.
Носир Маҳмудов, соҳиби мағозаи хӯрокворӣ, иброз намуд, ки ҳар моҳ  400 сомонӣ андоз месупорад, ки ин маблағ барои ӯ гарон  нест. “Ҳар  моҳ аввал андозамро бурда месупорам, баъд аз пайи корам мешавам, ки дар рафти кор монеа пеш наояд”, - гуфт ӯ.
 Корхонаву ширкатҳои бузурги қарздор  мушкилиро дар сари вақт ба савдо бароварда натавонистани колои худ медонанд, ки боиси кашолкорӣ дар супурдани андоз мегардад.
Ҳасан ШОКИРЗОДА 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.12.2015    №: 246    Мутолиа карданд: 459

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед