logo

ҳуқуқ

ТОҶИКИСТОН: МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ПУРЗӮР МЕГАРДАД

Коррупсия вабои мудҳишест, ки бо роҳҳои гуногун ҷомеаро фалаҷ  месозад. Ба ҷои рушд ёфтани манфиатҳои умумимиллӣ  ба таъмини инкишофи ҳукмронии гурӯҳҳои алоҳида оварда мерасонад. Бовари мардум ба ҳокимият коҳиш меёбад, ба манфиатҳои ҷомеа ва кишвар зарари талофинашаванда мерасад. Самаранокии иқтисоди бозорӣ паст рафта, ахлоқи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии шаҳрвандон коста мешавад ва сатҳи камбизоатӣ афзуну шиддати иҷтимоӣ баланд мегардад. Иқтисодиёти пинҳонӣ вусъат ёфта, дар шуури ҷамъият тасаввурот дар бораи беҳимоягии шаҳрвандон дар назди ҷинояткорӣ ва мақомоти давлатӣ ташаккул меёбад, ки ин ба косташавии минбаъдаи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ оварда мерасонад.
Ин   нукта дар сарсухани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид  бар зидди коррупсия дарҷ гардидааст. Бо дарки хавфу хатари ҳарчи бештари ин вабои мудҳиш давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ  алайҳи муқовимат бо  коррупсия  муттаҳид гардида, чораҳои муассир меандешанд.  Масалан, барои пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бо коррупсия, 31-уми октябри соли 2003 Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия қабул шуд. Бо назардошти аҳамияти вижаи масъалаи мазкур бо ташаббуси Маҷмаи кулли СММ  9 - уми декабр ҳамчун рӯзи мубориза бо коррупсия эълон шуд.
Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия санаде мебошад, ки асосҳои ҳуқуқии пешгирӣ ва мубориза бо коррупсияро аз ҷониби давлатҳои аъзо ва меъёрҳои самти фаъолиятро ба танзим медарорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуҷҷати мазкур 25 - уми сентябри соли 2006 имзо гузошт ва он аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар 16 - уми апрели соли 2008 тасдиқ гардид.
Бояд гуфт, ки баъд аз  соҳибистиқлолӣ  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар душвориҳои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию иқтисодӣ ба проблемаҳои коррупсия рӯ ба рӯ шуд. Омили асосии густариши коррупсия дар ҷомеаи мо агар, аз як ҷониб, паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва сатҳи зиндагии сокинони кишвар бошад, аз тарафи дигар, омода набудани мардум ба иқтисодиёти бозорӣ ва дарк накардани қоидаҳои он буданд. Албатта, паҳн гаштани коррупсия дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат боиси нигаронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид, зеро раванди демократисозии ҷомеа костагиҳо дошт. Аз ин рӯ, бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон як қатор ислоҳоти ҳуқуқӣ дар самти танзими сохтори қонунҳо мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ рӯйи кор омад ва барои мубориза бо коррупсия чораҳои зарурӣ андешида шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 сентябри соли 1997 сиёсати зиддикоррупсионии давлатро дар самти  мубориза бар зидди коррупсия чунин баён намуд: «Барои мо муҳим аст, ки барои хотима ёфтан ба порахӯрӣ, талаву тороҷ кардани амволи давлатӣ, амвол ва саҳмияҳои халқ ва дигар ҷиноятҳои вазнин ба ягон кас, ба ягон мансабдор, сарфи назар аз обрӯй ва заҳматҳои қаблӣ сустқавлӣ нанамоем. Вақте омад, ки аз бахшишҳои нодаркор ва саривақтии баъзе мансабдорон, ки аз ҳадди вазифаҳои худ берун мебароянд, сарфи назар намоем ва пурқуввативу абарқудратии давлат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро нишон диҳем. Ин ақидаро бо масъулияти бузург изҳор намуда, кушода мегӯям: давлат барои хиёнати иқтисодӣ, амалҳои зиддиконститутсионӣ, поймолкунии манфиатҳои халқ ва миллат ягон касро намебахшад».
Ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999 № 1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)», қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 10 декабри соли 1999 ба марҳалаи сифатан нави мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб ибтидо гузошт. Дар заминаи чунин иродаи устувори сиёсати зиддикоррупсионии роҳбарияти олии кишвар  як  қатор  қонунҳо  ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баҳри пешгирии коррупсия ва мубориза бар зидди он қабул гардиданд. Бо ин тадбирҳои таъмини шаффофият ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ андешида шуда, уҳдадории ҳар як хизматчии давлатӣ барои пешниҳоди эъломия дар бораи даромад ва амвол муқаррар гардид. Ҳамчунин, Кодекси одоби хизматчии давлатӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Сипас, соли 2005 Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалии зиддикоррупсионӣ қабул шуд. Чун идомаи раванди устувор намудани кафолатҳои ислоҳоти ҳуқуқию институтсионалӣ охири соли 2006 баҳри бартараф намудани такрори вазифаҳои сохторҳо ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар низоми идоракунии давлатӣ вазорату идораҳо дар ҷумҳурӣ кам шуданд.
     Бо мақсади муқовимати мақсаднок бар зидди  коррупсия ва муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зидикоррупсионии давлат, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилоти байналмилалӣ дар мубориза бар зидди коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 мақомоти махсусгардондашудаи зиддикоррупсионӣ - Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки вазифаҳои асосии он аз назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳои сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ иборат мебошанд. Бо назардошти оқибатҳои ногувори ин зуҳуроти номатлуб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013 таҳти № 1504 Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 тасдиқ шуда, дар доираи он самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷиҳати мубориза бар зидди коррупсия муайян намуд, ки татбиқи он идома дорад. Минбаъд низ фаъолияти агентӣ барои дар амал татбиқ сохтани сиёсати миллӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия, таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияти иқтисодии давлат, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ҷамъият ва давлат, дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, бонкҳо ва ғайра пурзӯр карда шуд.
Дар асоси ин стратегия бояд дар тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барномаҳои идоравии мубориза бо коррупсия бо назардошти соҳаи фаъолияти худ таҳия ва мавриди татбиқ қарор гиранд. Дар онҳо бояд тадбирҳои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои суистифода аз мансаб, тасарруфи моликияти давлатӣ, ришваситонӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб тавассути таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии бархӯрди манфиатҳо пешбинӣ ва амалӣ шаванд. Бо ишора ба тавсияи омилҳои коррупсионӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ гуфта мешавад, ки то кунун ҳеҷ кишваре дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб пурра муваффақ нашудааст. Ин дар ҳолест, ки Бонки ҷаҳонӣ гардиши яксолаи дороиҳои ғайриқонунӣ ё худ коррупсиониро дар ҷаҳон баробар ба 600 миллиард доллари ИМА ё зиёда аз он арзёбӣ намудааст. Мусаллам аст, ки дар чунин ҳол вусъати ин зуҳуроти номатлуб дар рушди иқтисоди кишварҳо бетаъсир нахоҳад буд.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ минбаъд низ дар амалисозии қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия аҳамияти махсус медиҳад. Инчунин, аз ҳамаи воситаю имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, муборизаро дар ин самт пурзӯр менамояд ва бо ин роҳ шаффофияти фаъолияти худро таъмин мегардонад.

НАЗАРЗОДА Эркинҷони Ҷӯра,
нозири калони Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ,
робита бо ҷомеа ва васоити ахбори оммаи Сарраёсати пешгирии коррупсияи
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.12.2015    №: 246    Мутолиа карданд: 974

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон

04.01.2019


Парвози чартерӣ дар масири Душанбе - Шарм-уш-шайх

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Ҳалокати зани тоҷик ва се фарзандаш дар Магнитогорск

Ваколати нави намояндаи Тоҷикистон дар СҲШ

Аз Сурия баромадани артиши амрикоӣ оғоз ёфт

Зонди чинии "Чанъэ-4" дар Моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед