logo

фарҳанг

АБДУЛМУЪМИН ШАРИФӢ СОҲИБИ ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ШУД

Бори сеюм аст, ки дар шаҳри Тарози вилояти Ҷамбули Ҷумҳурии Қазоқистон, Фестивали байналмилалии ҳунари актёрии «Тунгишбой Ал – Тарозӣ ба Тароз даъват менамояд» баргузор мегардад. Имсол дар он намояндагони театрҳои тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ширкат варзида, ба ҳайати ҳакамон ва тамошобинон ҳафт асари саҳнавиро пешкаш намуданд.

Дар фестивал Ҷумҳурии Тоҷикистонро Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо намоиши «Шабе дур аз Ватан» муаррифӣ намуд. Аз рӯйи натиҷаҳои озмун иҷрокунандаи нақши Муҳоҷир – Абдулмуъмин Шарифӣ беҳтарин иҷрокунандаи нақши мардона дониста шуда, соҳиби ҷоизаи махсуси ҷашнвора гардид.  
Фестивал бо ташаббус ва дастгирии мақомоти вилояти Ҷамбул баргузор гардида, бо исми Ҳунарпешаи халқии Қазоқистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон Тунгишбой Жаманқулов Ал – Тарозӣ номгузорӣ шудааст. Тунгишбой Жаманқулов зодаи ноҳияи Байзақи вилояти мазкур буда, на танҳо дар Қазоқистон, балки дар тамоми дунё бо нақшҳои ҷолиби дар театр ва синамо офаридааш машҳур аст.
Ҷашнвора  бо мақсади дарёфт ва тарғиби  беҳтарин актёрони минтақа ва ба ҳамин восита мусоидат намудан ба рушди ҳунари нақшофарӣ  гузаронда мешавад. Чуноне ки худи Тунгишбой Ал – Тарозӣ  ибрози андеша намудааст: «Мутаассифона, то ҳол меҳнати актёр ҷиддӣ арҷгузорӣ карда намешавад. Ба бозигарон чун шуъбадабозон муносибат менамоянд. Маоши онҳо, дар аксари ҳолатҳо, аз дигар кормандони театр камтар аст. Дар ҳоле, ки маҳз актёр  симои асосии театр буда, тамоми андеша ва афкори драматургу коргардонҳо тавассути маҳорати ӯ дар саҳна амалӣ мегардад. Бинобар ин, эҳтиром гузоштан ба меҳнати актёр қадршиносӣ ба театр мебошад. Бо ҳамин нияти нек  фестивали мазкур баргузор мегардад».
Мавриди зикр аст, ки намоиши пешниҳоднамудаи Театри давлатии ҷавононро ҳайати ҳакамон ва тамошобинони ҷашнвора хеле хуш қабул намуданд. Асари мазкурро таҳиягар Нозим Меликов соли 2011 дар асоси ашъори шоири шинохтаи тоҷик Бозор Собир таҳия намудааст. Намоиш аз як шаби пур аз ҳаяҷон, хаёлоти ширин ва ҳиҷрони як зиёии аз ватан дурафтода ҳикоят менамояд. Дар мисоли Бозор Собир ва эҷодиёти дар ҳиҷрат эҷоднамудаи ӯ дар намоиш тақдири як инсон дар ҳамбастагӣ бо замон, таърих ва табиат мавриди таҳқиқ қарор гирифта, ормонҳои миллӣ ва ҷаҳонбиниву суннатҳои қавмӣ дар он маҳаки асосӣ қарор дода шудаанд. Аз ин ҷост, ки муҳаққиқони беҳтарини соҳаи театри ҷаҳонӣ ба гуманизми асар баҳои баланд додаанд. Ёдовар мешавем, ки намоиш, ҳамчунин, дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Русия ва ҷумҳуриҳои Қирғизистону Молдова намоиш дода шуда, сазовори ҷоизаҳои мухталиф гардидааст.
М. ТАБАРӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.12.2015    №: 247    Мутолиа карданд: 890

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед