logo

ҳуқуқ

САРНАВИШТИ ТАЛХ

Муфтхӯрӣ, кӯтоҳандешӣ ва фориғболии як гурӯҳи алоҳидаи одамон боиси нооромӣ ва бадбахтиҳои ҷомеа мегардад. Ин нафарон дар баробари он ки сарнавишти худро бо ранги сиёҳ менависанд, ҳамчунин, шахсони дигарро низ ба ҷиноят кашида, зиндагии зебову рангини атрофиёнро заҳролуд мекунанд.
Яке аз чунин нафарон Иброҳим Лақаев мебошад. Ӯ ҳангоми дар Федератсияи Русия будан, бо Аҳтамшо Саидхӯҷаев шиносоӣ пайдо намуда, “нақшаи сиёҳ” тарҳрезӣ мекунанд ва моҳи марти соли 2015, пас аз бозгашт ба Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе даст ба амали ҷиноятӣ мезананд. Иброҳим бо маслиҳати Аҳтамшо маводи нашъаовари навъи ҳашишро ба ҷавонони гумроҳу айшпараст фурӯхта, даромади муфт меёбад. Ба қавле, корди ҳар ду болои равған шуда, қабза - қабза пулҳои бедардимиён чашмашонро кӯр мекунад. Аммо аъмоли ҷиноятии онҳо дер давом накард, зеро роҳи ҷиноят ҳамеша ба ҷазо мебарад.
Моҳи августи соли ҷорӣ ҳангоми гузарондани чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯии кормандони милитсияи ноҳияи Сино ҳар ду ҷинояткор дастгир шуда, аз манзили истиқоматии онҳо моддаҳои нашъаовари навъҳои ҳашиш ва афюн мусодира гардид. Ҳини азназаргузаронии манзили ҷинояткорон маълум гашт, ки ҳуҷраҳои хонаашон гӯё ба бозори ҳашишу афюн мубаддал гаштааст. Аз дохили яхдон, ҷевон, айвонча, мошини тамғаи “Тайота Кемрий” ва ҳатто ҷайби либоси дар тан доштаи гумонбар Иброҳим Лақаев 16 халтаи полиэтилени ҳашиш, дар маҷмӯъ, 99 бастаи ҳашишу афюн дарёфт ва мусодира шуд.
Мувофиқи хулосаи  экспертизаи кимиёвии Раёсати ташхиси криминалии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 17 августи соли 2015, маводи аз манзили истиқоматӣ ва ҷайби Иброҳим Лақаев мусодирашуда  7 килограмму 330 грамм ҳашиш ва 50 грамм афюн ҳисобида шуд. Дар натиҷа, судшаванда Иброҳим Лақаев дар мурофиаи судии Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо  айби  ба ӯ эълонкарда бо моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон худашро пурра гунаҳкор дониста, аз кирдори кардааш пушаймон гашт.
Дар толори суд аҳли оила ва хешу пайвандони Иброҳим ҳузур доштанд, ки  пас аз шунидани ҳукм мегиристанд. Бо вуҷуди ин, ҷинояткор ва чор фарзанди ӯ эҳсос мекарданд, ки агар Иброҳим Лақаев дастгир намешуд, боз метавонист баҳори рӯзгори чандин оилаи дигари тоҷикро хазон созад.

Диловар САФАРЗОДА,
судяи Суди ноҳияи Сино,
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.12.2015    №: 247    Мутолиа карданд: 633

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед