logo

фарҳанг

ГАРОИШ БА МАФКУРАИ БЕГОНА. ЧАРО?

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, бо дарназардошти вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир, дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ таъкид дошт, ки ба тавсеаи мафкураи миллӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад. Ҳамчунин, бо изҳори нигаронӣ, баён намуд, ки «бо вуҷуди тадбирҳои то ба ҳол андешидашуда ҳанӯз ҳам баъзе масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили костагии фарҳанги гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеа ва гароиши онҳо ба мафкураи бегона, мавҷуданд».

Дар ин росто, албатта, боз масъалаҳое ҳам ҳастанд, ки ҳамчунон ҳалношуда боқӣ мондаанд.
Яке аз масъалаҳои муҳиму ҷиддӣ табдили номҳои ғайр ва шакли навишти онҳо ба қоидаҳои маъмулии забони давлатӣ мебошад. Агарчи дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом расидаанд, аммо ҳанӯз ҳам ҷавобгӯи талабот нестанд. Сабаби ин, пеш аз ҳама, дар гароиши мафкураи бегона ва шахшавӣ дар ин ҳол аст. Агар не, чаро ҳарчанд номҳои баъзе аз шаҳру ноҳия ва деҳаҳоро тоҷикӣ намудаанд, мо то ба ҳол номҳои пештараашонро ба забон меорем. Масалан, ба ҷои Рӯдакӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ваҳдат, Турсунзода, Хуҷанд, Хоҷа Мумин, Саричашма, номҳои Ленинский, Масковский, Янгибозор, Регар ва Томиниро, ки расман чандин сол аст, вуҷуд надоранд, ҳанӯз ҳам истифода мегарданд.
Агар руҷӯи таърихӣ бинамоем, ин ҳақиқатро дармеёбем, ки қавме, гурӯҳе хурд маконҳои моро бо ризояти мо соҳиб шуданду номҳои писандидаашонро ба ҷойи номҳои тоҷикӣ гузоштаанд. Ҳамин тавр, номҳое, ки садсолаҳо арзи вуҷуд доштанд, аз миён рафтанд. Ва ҳам баъди даҳсолаҳо иддао карданд, ки аз қадимулайём дар ин мавзеъҳо онҳо мезистанд. Яъне мо бояд дар ин маврид хомӯширо авло бидонему ризо бишавем, ки ҳаққанд? Чаро зиёии мо фаъол нест? Чаро рисолати худро ба ҷо намеорад? Агар мепиндорад, ки ин ба миллатгароӣ ба маънои манфияш иртибот мегирад, сахт хато мекунад. Масъала одӣ нест. Он ба ҳастию нестии  миллат дар ин замони тунди ҷаҳонишавӣ тааллуқ дорад. Агар ба ҳалли дурусти мушкилоти мавҷуда пурра муваффақ шавем, бар касе, бар миллате ҳаргиз ҷабр накардаем, балки барои ҳифзи асолат ва пойдории миллатамон саъй ба харҷ додаем. Албатта, ин шараф аст, на нанг.
Дилбастагӣ ба фарҳанги бегона, ки он ба сиёсати кишвари дигар иртибот дорад, аз масъалаҳои ташвишовари рӯз маҳсуб меёбад. Ҷойи таассуф он аст, ки мо аз ин фарҳангҳо ба таври мусбату шоиста ва ба манфиати рушди фарҳанги миллӣ дуруст истифода карда наметавонем. Зарарҳои он дар мафкура, ахлоқ, бармало мушоҳида мешавад, аммо дар ин росто тадбирандешӣ намекунем. Ин ҳама баъдҳо чун ба нуқтаи ниҳоӣ, ба авҷи баланди худ бирасад, барои наҷот, раҳоӣ рӯ ба давлату Ҳукумат меорем. Агарчи мақоли машҳуре дорем, ки «илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ бояд ҷуст», аммо аз рӯи он амал намекунем.
Дилбастагии мо ба моли ғайр огоҳонаву ноогоҳона зиёд аст. Магар айб нест, ҳаммиллати мо либосҳоеро мехараду мепӯшад, ки дар он парчами дигар кишвар аст? Чаро тоҷири мо ҳам ба мафкураи бегона гароиш дорад? Магар мумкин нест, ки дар он либос ба ҷойи он парчам Парчами миллии моро фармоиш бидиҳад? Ба ин ҳолат мо борҳо дучор шудаем, аммо мепиндорем, дахолат кардан ҳеҷ нафъе намеорад. Аз нафъ меандешидаем, чаро аз зарар наандешем. Дафъи зарар, ки муҳимтар аз ҷалби манфиат аст.
Дигар кишварҳо ба воситаи ҷому зарфҳои обу чойнӯшӣ ҳам шахсиятҳои маъруфи соҳаҳои гуногуни худро ташвиқу тарғиб мекунанд. Ҷойи таассуф боз он аст, ки мо ба ин шахсиятҳо дилбастагӣ пайдо мекунем ва бо онҳо ифтихор менамоем. Дар хона фарзандону наберагонамон дар ин маврид ба мо ҳатман тақлид мекунанд. Истеҳсоли ин гуна ҷому зарфҳо дар кишвар магар мушкил аст? Ва чаро мо ба истеҳсоли онҳо шахсиятҳои маъруфи кишвар, табиати бо манзару сарзамини биҳиштосои худро ташвиқу тарғиб намекунем?
Бисёр зарур аст, бо таҳқиқоти ҷиддӣ муайян бинамоем, ки ин гароишҳо дар мафкура аз куҷо сарчашма мегиранд. Дар ин ҳол роҳи пешгирӣ ва мубориза ба он пайдо мегарданд. Дар акси ҳол бо ин гуна гароишҳову тақлидҳои ноҷо моро чӣ ояндае  дар пеш аст?
Бояд ёдовар шуд, ки Ҳукумати кишвар дар муддати даҳ соли охир танҳо барои таъмиру таҷдиди ёдгориҳои таърихӣ қариб 3 миллиард сомонӣ равона кард. Дар натиҷа аксари осорхонаҳо, қасру марказҳои фарҳангӣ, қалъаву шаҳрҳои бостонӣ, мақбараҳои шахсиятҳои таърихиву ирфонӣ ва дигар мероси моддиву маънавии халқамон азнавсозӣ шуд. Бешак, ин ҳама ба хотири боло бурдани ҳисси хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ аст, вале ин тадбирандешию ҳақиқатро то ҳанӯз ҳам гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеа ба дурустӣ дарнаёфтаанд. Ба ин хотир, яъне дарёфти ҳақиқат ва раҳоӣ аз гароиш ба мафкураи бегона масъулон ва ҳар нафари огаҳ бо ҳисси дилсӯзӣ бо саъю талоши зиёд бояд чораҳои зарурӣ бияндешад. Подоши он ҳастию пойдории худи онҳо ва миллату давлат аст.

Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.12.2015    №: 247    Мутолиа карданд: 647

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед