logo

фарҳанг

ДАРҲОИ МО ҲАМЕША БОЗАНД

Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе яке аз аввалин муассисаҳои корҳои беруназмактабӣ дар ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, фаъолияти асосии  он аз фарогирии насли наврас  ба таҳсилоти иловагӣ иборат мебошад. Бо ҳамин мақсад дар ин марказ   зиёда аз  30 маҳфил ташкил шудааст, ки  ҳамасола дар онҳо наздики  1500 таълимгиранда ҷалб карда мешаванд. Ба таълимгирандагон дар маҳфилҳо аз рӯйи равияҳои техникӣ, бадеӣ, забономӯзӣ, ҳунарӣ ва варзишию сайёҳӣ омӯзгорони  соҳибтаҷриба ва мутахассисони ҷавони соҳибкасб дарс мегӯянд.
Марказ дорои шароити хуби таълиму тадрис буда, дар баробари синфхонаҳои таълимӣ он аз устохонаву синфхонаҳои компютерӣ, китобхона, толори калони фарҳангӣ, толори рақс ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат аст. Майдони «Боғи кӯдакон» низ барои баргузории чорабиниҳои фарҳангиву оммавӣ ба марказ дода шудааст.  
- Дар чорабиниҳои фарҳангии пойтахт ва ҷумҳурӣ бачаҳои мо бо  ҳунару истеъдоди худ фаъолона иштирок менамоянд, -  мегӯяд Нигора Нурматова, муовини директори Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе оид ба таълим ва тарбия. - Дар назди марказ ансамбли «Шукуфаҳои пойтахт» амал менамояд. Гурӯҳи навозандагони асбобҳои зарбӣ ва нафасии ансамбл дар Ҷашнвораи байналмилалии эҷодиёти мусиқии кӯдакон «Замин – хонаи ҳамаи мо», ки дар  Екатеринбург (соли 2014) баргузор гардид, соҳиби ҷоиза шуд. 
Соли гузашта аъзои маҳфили «Рӯзноманигорони наврас» - и ин марказ  дар доираи Барномаи байналмилалии «Мероси фарҳангӣ»  аз курсҳои фотожурналистикаи созмони «EARN»  бомуваффақият гузаштанд. Дар ин курсҳои таъсисдодаи созмони «EARN»  Умеда Нуралиева барои акси беҳтарин ба гирифтани  Дипломи Барномаи байналмилалии «Мероси фарҳангӣ» сазовор дониста шуд.                      
Порсол рассомони наврас дар озмуни «Мо тарзи ҳаёти солимро интихоб менамоем» амалҳои худро ба маърази тамошо гузоштанд. Ин озмунро  Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  эълон намуда буд.
Шоҳмотбозони наврас бошанд, иштирокчии фаъоли на танҳо мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ,  балки байналмилалӣ низ ҳастанд. Моҳи марти соли 2015 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон  мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот баргузор гардид. Дар ин мусобиқа дар байни 90 нафар собиқадори бозии шоҳмот Негмат Зиёев, омӯзгори ҳамин марказ,  ғолиб баромада, соҳиби медали тиллоии «Ёдгории Агзамов» шуд.
Маҳсули ҳунари чеварони маҳфилҳои дӯзандагиву гулзанӣ ва попурдӯзиву зардӯзӣ намоишгоҳҳои  ҳунарҳои мардумиро оро  медиҳанд. Бар замми ин, аксари он либосҳои саҳнавии бабаркардаи ҳунармандони  касбӣ ҳам маҳсули дастранҷи онҳо мебошад.
Марказ тасмим гирифтааст, ки бо мақсади кашфи истеъдодҳои наврас ва дастгирии  рушди ҳунару эҷоди онҳо баргузории фестивал – озмуни истеъдодҳои наврасро бо номи «Шукуфаҳои пойтахт» ба роҳ монад.
Дар баробари чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ марказ, инчунин,   дастаҳои ихтиёриёни «Патрулони сабз» - ро ташкил намудааст.
Соли хониши  марказ аз 15 сентябр шурӯъ ва 1  июн ҷамъбаст мегардад.   Дар ин давра маҳфилҳо дар ду баст  амал менамоянд. Дар давраи таътили тобистона низ дарҳои мо барои бачаҳо бозанд. Яъне мо бидуни таътилу истироҳат, дар вақти барои бачаҳои пойтахт мусоид фаъолият менамоем.
 
Иронбӣ МӮСОЗОДА,
   «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (1)    Санаи нашр: 15.12.2015    №: 249    Мутолиа карданд: 450

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед