logo

ҳуқуқ

ДИҚҚАТ, ҶАНГОВАРОНИ БАШАРДӮСТ ПЕШНИҲОД МЕНАМОЯНД

Чанде пеш дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ҷаласаи Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт. Дар он раисони намояндагиҳои иттиҳод аз шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок доштанд. Шавкат Мирзоев, раиси Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти ташкилотро дар соли равон мавриди баррасӣ қарор дод. Бино ба гузориши ӯ, иттиҳод дар ин давра ҳамкориро бо вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, пойгоҳи низомии 201 - и Русия ва сафоратҳои Русияву Қазоқистон дар Тоҷикистон васеъ ба роҳ мондааст. Бавижа, дар замони муосир, ки ҷомеаи ҷаҳониро хатарҳои глобалӣ, аз қабили терроризм, экстремизми байналмилалӣ ва гурӯҳҳои ифротгароии динию иртиҷоӣ таҳдид мекунанд, иттиҳод дар назди худ мақсад гузоштааст, ки дар баробари пешгирии чунин зуҳуроти номатлуб бо истифода аз таҷрибаи андӯхтаи аъзо баҳри тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, зиракии сиёсӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, инчунин ободию шукуфоии Тоҷикистони азиз, саҳми боз ҳам бештар дошта бошад.
Дар баррасии суханронии Шавкат Мирзоев раисони намояндагии Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа С. Давлатов, минтақаи Кӯлоб С. Исмоилов, ноҳияҳои Қумсангир А. Моисеев ва Восеъ Қ. Ғаниев иштирок карданд. Онҳо иштирокдорони ҷаласаро бо натиҷаи фаъолияти намояндагиҳо дар минтақа ва ноҳияҳо шинос намуда, саҳми босазои фаъолони иттиҳодро дар ободонии маҳалҳо, расондани ёрӣ ба оилаҳои интернатсионалист, мулоқоту вохӯриҳо бо хонандагони мактабҳо, гузарондани чорабиниҳо оид ба таълиму тарбияи ватандӯстӣ ва омодагӣ ба хизмати Ватан - Модар тазаккур доданд. Аъзои иттиҳод дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ҷонбозиҳо кардаанд. Ба ҷуз ин, онҳо то имрӯз ҳангоми рух додани воқеаҳои Рашт ва рӯйдодҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ дар кишвар намояндагони худро дар шаҳрҳои Душанбеву Ваҳдат ва манотиқи дигар фаъол гардонда, дар пешгирии амалҳо ва дастгир кардани ҷинояткорони гурӯҳи террористӣ саҳми худро гузоштанд. Аъзои нисбатан ҷавони иттиҳоди мазкур имрӯз ҳам дар сохторҳои қудратӣ кору фаъолият дошта, намунаи барҷастаи нангу ном ва шарафу масъулияти ватандориянд.
Аксари онҳо аз ҳамкориҳои муфиди мақомоти маҳаллӣ бо намояндагиҳои иттиҳод изҳори қаноатмандӣ намуданд. Аммо маълум гардид, ки дар баъзе маврид мақомоти маҳаллӣ нисбат ба интернатсионалистон хунукназарона рафтор карда, имтиёзҳои қонунии онҳоро сарфи назар менамоянд.
Ба таъкиди Г. Сафаров, барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии интернатсионалистон дар дармонгоҳҳо бояд табобати бепул ба роҳ монда шавад, додани қарзҳои бефоиз ё имтиёзнок дар бонкҳо ҷорӣ гардад. М. Қодиров, муовини раиси намояндагии иттиҳод дар ноҳияи Ҷалолуддини Румӣ, иброз дошт, ки барои кор бо оилаҳои интернатсионалисти фавтида ва эҳёву обод намудани қабрҳои онҳо аз буҷети маҳаллӣ ва шахсони хайрандешу саховатманди ноҳия маблағ ҷудо карда шавад.
 - Ба манфиати кор мебуд, агар Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардида, ба ин васила бо иштироки фаъолона ва ташаббусҳои созанда баҳри беҳдошти зиндагии собиқадорон ва корҳои ободонию созандагии кишвари азизамон ҳиссагузорӣ намояд. Инчунин, иттиҳод агар идораи худро доштаву бо танзиму тадвини рӯйхати ҷанговарони башардӯст ва китобу ёддоштҳо машғул бошад, барои ҷовидонагии ному нишон ва мардонагиву ҷасорати падару бобоёнашон барои насли оянда мусоидат мекард, - изҳор дошт С. Исмоилов, раиси иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори шаҳри Кӯлоб.
Аксари вакилон пешниҳодҳои раиси иттиҳод Шавкат Мирзоевро дар мавриди муттаҳид намудани созмонҳои гуногуни интернатсионалистони ҷумҳурӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ветеранҳо", Рӯзи иди касбӣ эълон кардани 15 феврал (рӯзи баромадани ҷузъу томҳои маҳдуди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон), ки қаблан низ баррасӣ шуда буд, ҷонибдорӣ намуданд.
- Аз ин лиҳоз, аз Ҳукумати ҷумҳурӣ эҳтиромона хоҳиш дорем, ки ба Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон» бо назардошти пешниҳодоти иттиҳод (Муроҷиатнома – мактуби кушода аз 06. 04. 2012 № 135 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) тағйиру иловаҳо ворид намуда, ба порлумон пешниҳод намояд, - гуфт Шавкат Мирзоев.
 Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.12.2015    №: 249    Мутолиа карданд: 396

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед