logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Конфронси байналмилалии «Сиёсати бетарафӣ: ҳамкории байналмилалӣ баҳри сулҳ, амният ва рушд» бахшида ба 20-солагии бетарафии Туркманистон, шаҳри Ашқобод, 12 декабри соли 2016

Муҳтарам ҷаноби Раис,
олиҷанобон,
ширкаткунандагони муҳтарами конфронс,
хонумҳо ва ҷанобон!
Барои ман ширкат ва суханронӣ кардан дар Конфронси байналмилалӣ ба ифтихори 20 - умин солгарди бетарафии доимии Туркманистон мояи сарфарозист. Бо истифода аз фурсат, мехоҳам ба Президенти Туркманистон, муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов барои даъвати иштирок дар ин ҳамоиши байналмилалии муҳим изҳори сипос намоям.
Имрӯз, ки мо якҷоя дар таҷлили ин рӯйдоди воқеан умумиминтақавӣ ҳузур дорем, мехостам махсус таъкид намоям: роҳи бетарафии мусбат, ки аз ҷониби роҳбарият ва мардуми туркман дар марҳалаи ҳассостарини таърихи истиқлолият интихоб гардид, имкон дод, ки зербинои ободии имрӯзаи кишвари дӯст ва тағйироти бузург дар ҳама соҳаҳои ҳаёти он гузошта шавад.
Муҳимтар аз ҳама, Туркманистон тӯли ин солҳо ба як майдони бузурги бинокорӣ мубаддал гардид. Дар шаҳру навоҳӣ, деҳоту шаҳракҳо, дар тамоми гӯшаву канори мамлакат шумораи зиёди корхонаҳои азими саноатӣ, паркҳои технологӣ ва иншооти инфрасохториву иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд.
Татбиқи як қатор лоиҳаҳои энергетикиву коммуникатсионии фаромиллӣ ва марказҳои логистикӣ Туркманистонро бо олами беруна пайванд дода, бунёди шоҳроҳҳои автомобилгарду оҳан кишварро ба як нуқтаи муҳими минтақавии нақлиётиву транзитӣ табдил доданд.
Ман будубоши худро солҳои ҳафтодуми асри гузашта дар Туркманистон ва симои онрӯзаи кишварро хуб дар хотир дорам. Имрӯз бошад, мо ба як мамлакати тамоман дигар – як кишвари мутараққӣ ва шукуфо меоем. Мо дӯстони туркмани худро бо ин дастовардҳо табрик гуфта, албатта, чун ҳамсоягони нек аз ин пешрафтҳо шодем.
Дар бораи ҷанбаи байналмилалии бетарафӣ сухан гуфта, таъкид карданӣ ҳастам, ки қисмҳои таркибии он, аз ҷумла омодагӣ ба шарикии ҳамаҷониба, қабул доштани таҷрибаи мусбати ҷаҳонӣ дар ҳаллу фасли мушкилоти ҷаҳониву минтақавӣ аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ва шарикони минтақавӣ пуштибонии қавӣ пайдо карданд, ки ба ҳайси маҳали фаъолияти Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирикунанда интихоб шудани Ашқобод ва моҳи июни соли ҷорӣ тасдиқ шудани қарори нави Созмони Милал дар бораи «Бетарафии доимии Туркманистон» шаҳодати ин гуфтаҳост.
Ширкаткунандагони муҳтарами конфронс!
Тоҷикистон чунин мешуморад, ки минтақаи Осиёи Марказӣ барои ҳалли ҳамаи мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва экологӣ, муқовимати муассир бо таҳдиду хатарҳои муосир ва таъмин кардани сатҳи рушди сифатан нав ҳамаи захираву имкониятҳоро дорад.
Амалӣ намудани барномаҳои хислати минтақавидошта дар бахшҳои энергетикаву алоқа, нақлиёту коммуникатсия ва эҷоди технологияҳои нав барои афзоиши имкониятҳои мо, ба минтақаи амну субот ва рушд, майдони ҳамкориҳои созандаву мутақобилан судманд, мубаддал гаштани Осиёи Марказӣ, ки ба боло бурдани некуаҳволии мардумони мо ва пешрафти минтақа нигаронида шудаанд, шароит фароҳам хоҳанд овард.
Мавҷудияти чунин равандҳои бунёдкориву созандагӣ танҳо дар вазъияти таъмини суботу амният имконпазир аст. Аз ин рӯ, ба ҳам овардани талошҳои мо ҷиҳати мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромарзӣ муҳимтарин масъалаи рӯз мебошад.
Шиддати рӯзафзун касб кардани ин таҳдиду хатарҳоро танҳо бо талошҳои дастаҷамъона метавон боздошт. Ҷиҳати дастёбӣ ба ин ҳадафҳои наҷиб мо омодаи ҳама гуна ҳамкорӣ бо шариконамон ҳастем. Дар ин росто, ҳамкорӣ бо Туркманистон, ки имкониятҳои назаррас дорад, барои мо махсусан муҳим аст ва Тоҷикистон барои тавсеа ва таҳкими он саъй хоҳад кард.
Ба ақидаи ман, ҳадафҳои мазкур бо асли бетарафии Туркманистон, ки на танҳо ба ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва равобити бисёрсамтии байналмилалӣ, балки ба афзалият доштани масъалаи рушди умумиинсонӣ нигаронида шудаанд, комилан мутобиқанд.
Дар ин рӯзи саид ман мехостам Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедовро бо ҷашни бетарафӣ самимона табрик гуфта, ба ӯ саломатӣ ва иҷрои муваффақонаи барномаҳои миллиро орзу намоям, ҳамчунин ба мардуми туркман табрикоти хешро якҷо бо орзуи сулҳу оромӣ ва пешрафти беш аз пеш иброз дорам.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.12.2015    №: 249    Мутолиа карданд: 620

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед