logo

ҳуқуқ

ҲАЛНОМАИ БЕТАҒЙИР ВА ШИКОЯТИ ҚАНОАТНАШУДА

Вокуниш ба мақолаи «Як баҳси манзил қариб 9 сол боз ҳалли худро намеёбад. Чаро?» («Ҷумҳурият»,  4 ноябри соли 2015)

Ш. Ализода, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷавоб ба мақолаи мазкур чунин посух дод:
- Омӯзиши парвандаи гражданӣ нишон дод, ки Саидов Умаралӣ 4 октябри соли 2013 бо аризаи даъвоӣ ба ҷавобгарии Расулова Н.М. ва шахси сеюм Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи САҲШ -и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар бораи беэътибор донистани шартномаи харидуфурӯши манзили истиқоматӣ байни  Кузнетсов А.И. ва Саидов И. басташуда, эътирофи шартномаи харидуфурӯши манзили истиқоматӣ байни ӯ ва Кузнетсов А.И., эътирофи соҳибмулкиаш ба манзил, кӯчондани Расулова Н. бо фарзандонаш аз манзили истиқоматӣ ва бо даъвои иловагӣ оид ба беэътибор донистани қайди ақди никоҳи Саидов И. ва Расулова Н. ба суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муроҷиат кардааст.  Номбурда даъвояшро бо он асоснок намудааст, ки манзили истиқоматӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Афзалӣ, хонаи № 93 -ро ӯ соли 1992 аз Кузнетсов А.И. харида, ҳуҷҷатҳо ва калиди хонаро ба бародараш Саидов Имом додааст. Бародараш бошад, аз номи Кузнетсов А.И. ваколатномаи қалбакӣ гирифта, ба воситаи он ба номи худаш шартномаи харидуфурӯши хонаро ба расмият даровардааст. Аз ин рӯ, аз суд пурсидааст, ки даъвояш қонеъ гардонда шавад.
Бо ҳалномаи суди ноҳияи Шоҳмансур, аз 11 феврали соли 2014, даъвои Саидов У. дар қисми кӯчондани Расулова Н. бо фарзандонаш рад карда шуда, дар қисми беэътибор донистани қайди ақди никоҳи Саидов И. ва Расулова Н. бебаррасӣ мононда шудааст.
Бо қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди шаҳри Душанбе, аз 15 майи соли 2014, ҳалномаи номбурда бекор карда шуда, парванда барои аз нав баррасӣ намудан ба сифати суди марҳилаи якум ба мурофиаи суди шаҳри Душанбе қабул гардида, бо ҳалномаи суд, аз 18 декабри соли 2014, даъвоҳои Саидов У. рад карда шудаанд.
Бо қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олӣ, аз 13 майи соли 2015,  ҳалномаи суди шаҳри Душанбе, аз 18 декабри соли 2014, бетағйир ва шикояти кассатсионии Саидов У. бе қаноат мононда шудааст.
Ваҷҳи дар мақола овардаи Саидов У. дар бораи он ки ӯ соли 1992 аз Кузнетсов А.И. манзили истиқоматии дар боло зикршударо харидааст, дар маҷлиси судӣ тасдиқи худро наёфтааст, зеро ӯ ба суд далели боэътимоде оид ба он ки манзили баҳсиро харида бошад, пешниҳод накардааст.
Ҳамзамон, суд муқаррар кардааст, ки Саидов У. муҳлати сесолаи даъворо, ки моддаи 221 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, гузарондааст. Бо дарназардошти ин гуфтаҳо санадҳои судӣ вобаста ба даъвои Саидов У. қабул карда шудаанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.12.2015    №: 250    Мутолиа карданд: 688
16.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 51 КАС ШИФО ЁФТ

САФАРИ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО АБДУЛАЗИЗ МУҲАММАД АЛ-БОДИ

ЁВОН. КОНФЕРЕНСИЯ НАҲЗАТИЁНРО МАҲКУМ КАРД

АБДУЛМАҶИД МУМИНЗОД: «БОЛО БУРДАНИ НАРХИ СӮЗИШВОРӢ АСОС НАДОРАД»

ТАҚОЗОИ ЗАМОН. БОЯД БА ТИҶОРАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ГУЗАРЕМ

ТАҶҲИЗОТИ ПАРМАКУНӢ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ

ДМТ. ТАҚСИМОТ МОҲИ СЕНТЯБР СУРАТ МЕГИРАД

ДДОТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

ЁВОН. ПУЛИ МОШИНГАРД БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАД

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020

ҚАЗОҚИСТОН БА ТОҶИКИСТОН ДАСТГОҲҲОИ НАФАСДИҲӢ МЕФИРИСТАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.07.2020


ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 5332 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ХОРУҒ. ВУСЪАТИ БУНЁДКОРИҲО ДАР ПЕШОРӮИ ТАШРИФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ХАДАМОТ. ШАХСОНИ МАСЪУЛ БЕШ АЗ 300 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМА ШУДАНД

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. 11 112 ИНШООТ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

МУҲИТИ ЗИСТ. 607 ҲОЛАТИ ВАЙРОН КАРДАНИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНГУЗОРӢ

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. ТЕЪДОДИ ҶИНОЯТҲОИ ВАЗНИН ВА МАХСУСАН ВАЗНИН КОҲИШ ЁФТ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ НИМСОЛА

ЛИГАИ БОНУВОН. «ЗЕБО» ВА «ХАТЛОН» ДАР САДРИ ҶАДВАЛ

14.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 80 ДАРСАД РАСИД

ХУҶАНД. КОРХОНАИ «СОМОН ГУРӮҲ» БА ФАЪОЛИЯТ МЕПАРДОЗАД

200 000 СОМОНӢ КУМАКИ БОБОИ МУҲИБ БА ТАБИБОНИ РАШТ

ЭНЕРГЕТИКА. НИЗОМИ МУОСИРИ НАЗОРАТ ВА ҲИСОБИ НЕРУИ БАРҚ

НИГАРОНӢ! 25 ҲОЛАТИ МАЙДААВБОШӢ ДАР ЯК РӮЗ

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ БА 3916 ШАҲРВАНД ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН РАСОНД

ЗАМИНА БА ТУХМИПАРВАРИИ ИБТИДОӢ

ТАДБИРҲОИ ЗАРУРӢ БАРОИ РАФЪ СОХТАНИ МУШКИЛИҲО

“ДАСТ БА ДАСТ”. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ БЕҲТАР ХОҲАД БУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО «МАНЧЕСТЕР СИТИ» ДАР ОН МЕМОНАД

РОССИЯ КАРАНТИНИ ҲАТМӢ БАРОИ ВОРИДШУДАҲОРО БЕКОР КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТОҶИКИСТОН. 5228 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ШАҲРИ КӮЛОБ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед