logo

ҳуқуқ

ХАТИ БАТЛОН

Фарзандро меваи умри инсон мегӯянд. Аз ин сабаб, талху ширинии онро ҳатман падару модарон таҳаммул мекунанд. Ҳодисаи мазкур ба ахлоқу адаби ҷавонон ва беаҳамиятии волидон нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон рабт дорад.
Синои Саидраҳмон пас аз хатми донишгоҳ пайи ҷустуҷӯи кор ва пешрафти ҷамъият нагашта, саргарми авбошиву кӯчагардӣ ва ниҳоят асири доми ҷиноят гашт. Ӯ 8 феврали соли ҷорӣ, тахминан соати 2100, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо Заробиддин Самадов ва чанд нафари дигар, ки шахсияти пурраашон ба тафтишоти пешакӣ номаълум буд, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, дар кӯчаи Шамсии пойтахт ба латукӯби ҳамдигар  оғоз мекунанд.
Синои Саидраҳмон низ ҳини моҷаро корди махсуси бо худ доштаро истифода бурда, бо он ба бадани Беҳрӯз Чалишов ва Карим Шарипов захмҳои пайдарпай мерасонад. Ду нафар ҷавони захмбардошта, ки аз як ҷониб гунаҳгор низ маҳсуб меёбанд, бо захмҳои рон ва қафаси сина дар беморхона бистарӣ мешаванд. Бо ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Синои Саидраҳмон бо моддаи 237 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати панҷ сол, бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр, таъйин гардид.
Мувофиқи нишондоди шоҳидон дар назди мардум ба чунин бераҳмиву қаттолӣ даст задани ҷавонон боиси нигаронии шадид аст. Синои ҷавон вақте ба ин ҷанги пешакӣ тарҳрезишуда омодагӣ дидаву бо худ корд гирифта, ҳаёти инсонро, ки арзиши олитарин аст, қасдан зери хатар гузоштааст, пас хишти нахустини таълиму тарбияи ӯ аз ҷониби волидон ва мактаб нодуруст чида шудааст.
Волидони Сино умед доштанд, ки писарашон ёрирасон ва мададгори оила мешавад, аммо ӯ умеду орзуи онҳоро барбод дода, ба сарнавишти ояндааш хати батлон кашид ва неъмати бебаҳои озодиро ба ивази ҷинояти содиркардааш дар як лаҳза бохт ва паси панҷара нишаст.

Диловар САФАРЗОДА,
судяи суди ноҳияи Сино,
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.12.2015    №: 250    Мутолиа карданд: 612
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед