logo

фарҳанг

БАЗМИ РАҚС

Чанде пеш дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода аз Азиза Азимова бо шукӯҳ ва шаҳомати хоса ёд карданд.

Таҳти унвони «Нақши профессор Азиза Азимова дар рушди санъати рақси касбии тоҷик» Конфронси ҷумҳуриявии илмию эҷодӣ баргузор гардид. Дар он гузоришу маърӯзаҳои илмии устодон, ҳамкорон ва шогирдони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, асосгузори кафедраи хореографияи донишкадаи мазкур А. Азимова шунида шуд.
Дар доираи чорабинӣ, ҳамчунин, дар толори «Арғунун» - и донишкада бо иштироки шогирдони Азиза Азимова ва ихлосмандони  хореография «Базми рақс» ташкил карда шуд. Дар он намунаҳо аз рақсҳои иҷронамудаю таҳиякардаи Азимова ва беҳтарин намунаҳои ҳунари рақси миллӣ  намоиш дода шуданд. Ансамбли рақсии «Бунафша» - и ДДФСТ, ки асосгузори он низ профессор А. Азимова мебошад, дар консерт рақсҳои «Кабӯтар» (дар иҷрои гурӯҳи духтарони ансамбл), «Калтакбозӣ» (гурӯҳи мардонаи ансамбл), «Базми бадахшӣ», «Тӯёна», «Кадрил», «Мавригӣ» ва ҳиндугиву афғониро пешкаши тамошобинон намуд. Дар базми рақс, ҳамчунин, барномаи рангини ҳунарии дастпарварони коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова ва мактаб – интернати махсуси санъати ба номи Миратулло Атоев намоиш дода шуд. Рақсҳои таҳиянамудаи шогирдони Азиза Азимова, ки аз ҷониби дастаҳои рақсии «Ҷаҳоноро», «Гулрез», «Лола», Иттиҳодияи консертии «Базморо» ва Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев иҷро шуданд, бозгӯи он гардиданд, ки шогирдони устоди номвар анъанаҳои неки ӯро идома дода истодаанд.
Бояд ёдовар шавем, ки Азиза Азимова фаъолияти эҷодии худро пас аз хатми омӯзишгоҳи омӯзгории занонаи Бухоро (соли 1927) дар ҳайати Театри сайёри коргарии Тошканд оғоз намуда, сипас ба дастаи навтаъсиси Театри драмаи тоҷик пайвастааст (соли 1932). Дар саҳнаи ин театр ӯ нақшҳои Ширин аз намоиши «Мубориза» - и А. Усмонов, Раъно («Раъно» - и С. Саидмуродов) ва Аделмаро («Малика Тӯрондухт» - и К. Готси) бо маҳорати том офарид. Дар ҳамин солҳо маҳорати хоси раққосагии ӯ ошкор гардида, дар намоишҳои «Гулсара» - и К. Яшен, «Розия» - и Ё. Яъқубҷонов ва Н. Зелеранский рақсҳои нотакроре меофарад. Рақсҳои наҷиби ӯ нахустин операҳои миллиро аз қабили «Шӯриши Восеъ» ва «Коваи оҳангар» - и С. Баласанян, «Тоҳир ва Зуҳро» - и А. Ленскийро  оро додааст.
Азиза Азимова яке аз нахустин раққосаҳои тоҷик аст, ки техникаи мушкили балетро аз бар намуда, дар иҷрои партияҳои Нозгул аз балети «Ду гул» - и А. Ленский, Мария аз «Фаввораи Боғчасарой» - и Б. Асафйев муваффақ гардидааст. Соли 1950, пас аз хатми шуъбаи балетмейстерии Донишкадаи давлатии санъати театрии Москва ба номи А. Луначарский (ГИТИС) ба Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргашта дар он балетҳои «Гули сурх» ва «Доктор Айболит» - ро рӯйи саҳна меорад.  Солҳои зиёд дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва театри Кобул ба сифати балетмейстер ва устоди рақс фаъолият намудааст. Аз соли 1967 устоди Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) шуда кор кардааст. Аз рӯзҳои нахустини таъсис ёфтани Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дар он фаъолият намуда, кафедраи хореографияро асос мегузорад. 

Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.12.2015    №: 251    Мутолиа карданд: 550

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед