logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ва ПОСУХ

Ба саволҳо Ғуфрон Бойматов, узви мушовараи адвокатҳои вилояти Суғд, Айналишо Айналишоев, муовини сардори   Раёсати адлияи ВМКБ ва Фарҳод Тоҳиров, адвокати Маслиҳатхонаи ҳуқуқии шаҳри Қӯрғонтеппа ҷавоб доданд.
 Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 -16 ба мо муроҷиат намоянд.

- Соли 2013 манзили истиқоматиеро, ки айни замон бо аъзои оилаам дар он истиқомат дорам, харида будам. Соҳибмулк  дар хусуси хонаро ба ман фурӯхтанаш забонхат навишта, гуфт, ки пас аз барқарор намудани шиносномаи гумшудааш шартномаи харидуфурӯшро дар идораи нотариалӣ ба расмият медарорад.  Аз байн беш аз як сол гузашт, вале  аз ӯ дарак нест. Ба гуфтаи баъзе шиносҳояш, вай бо зану фарзандонаш ба Федератсияи Русия рафтааст. Дар ин ҳолат оё ман метавонам бе иштироки соҳиби хона ҳуҷҷатҳоро ба номам ба расмият дарорам?
Ш. ҚУРБОНОВ, сокини шаҳри Қайроққум

- Бе ҳузури соҳибмулки манзили истиқоматӣ, ҳарчанд ӯ хонаашро дар асоси забонхат ба шумо фурӯхта бошад ҳам,  дар идораи нотариалии давлатӣ шартномаи харидуфурӯши манзили истиқоматӣ ба расмият дароварда намешавад.
 Дар ин маврид шумо метавонед бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои лозима ба суд бо ариза  «Оид ба муқаррар намудани воқеияти ҳолати баста шудани шартномаи харидуфурӯши манзили истиқоматӣ» муроҷиат намоед. Танҳо пас аз эътибори қонунӣ пайдо намудани ҳалномаи судӣ соҳибмулки манзили истиқоматии харидаатон хоҳед гашт.

 

- Собиқ шавҳарам  панҷ сол аст,  ки дидаву дониста алимент намесупорад. Бигӯед, ки мувофиқи қонунгузории амалкунанда  барои ҳамин давра аз ӯ алимент ситонда метавонам?
Рамзия АСРОРОВА, сокини  ноҳияи Шуғнон

 -  Мувофиқи моддаи 108  Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон алимент аз ҳамсари  собиқ  бо тартиби  судӣ барои муҳлати гузашта то давраи  се  сол ситонда мешавад. 

 

- Ман дар қаҳвахонае ҳамчун пешхизмат кор мекардам ва ҳоло мехоҳам, ки ба тиҷорат машғул шавам. Бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ дар чанд рӯз амалӣ мегардад ва кадом ҳуҷҷатҳоро бояд пешниҳод кард?
 Н. Б. ҶАЛИЛОВА, сокини шаҳри Сарбанд

- Бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ дар 3 рӯзи корӣ, аз рӯзи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо аз тарафи нозироти андози маҳал амалӣ мегардад. Агар баъди ба охир расидани ин муҳлат дар бораи бақайдгирӣ ва ё рад кардани бақайдгирии давлатӣ қарор қабул нагардад, он гоҳ мақомоти андоз уҳдадор аст, ки дар бораи шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба феҳристи ягонаи давлатӣ маълумот ворид намояд ва ба аризадиҳанда ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгириро диҳад ва ё ба суроғаи дар ариза нишондодашуда ирсол намояд.
Ба ариза бояд ҳуҷҷатҳои зеринро замима намоед: шиноснома, варақнусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА), ду расми андозаи 4 бар 6, нусхаи сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ё нусхаи қарор дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин (агар шумо хоҷагии деҳқонӣ - фермериро ба қайд гирифтан хоҳед), пардохтномаи (квитансияи) боҷи давлатӣ (40 сомонӣ барои патент ва ё 80 сомонӣ барои шаҳодатнома).  Шахси воқеӣ дар як вақт ҳам соҳиби патент ва ҳам шаҳодатнома шуда наметавонад.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.12.2015    №: 251    Мутолиа карданд: 614

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад

Таъкиди Путин аз зарурати арҷгузории арзишҳои оилаи серфарзанд

Сарвазири Афғонистон: "Натиҷа бояд ба раъйдиҳии воқеии халқи мо асос ёфта бошад"

Чин ба шарти бастани созишномаи тиҷоратӣ бо ИМА ба мувофиқа расид

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медалҳои биринҷии гӯштигирони тоҷик

08.11.2019


Давлаталӣ Саид бо Мансур бинни Зойид оли Наҳён вохӯрд

Баргузории конференсия оид ба саҳми диаспораҳо дар рушди кишвар

Масоили ҳамкории фарҳангӣ матраҳ шуданд

МАОРИФ. Медали тиллои хонандагони точик аз Туркия

07.11.2019


Гурӯҳи мусаллаҳ безарар гардонда шуд

БОКС. Медали тиллои муштзани тоҷик дар Россия

ФОРУМИ ПАНҶУМИ МИЛЛӢ. Пойгоҳе ки ҳуқуқшиносонро ба ҳам меорад

Ба Ингушистон суриёие омад, ки аспсавор ба дидори Путин раҳсипор аст

Эрдуғон аз боздошти ҳамсари сарвари "ДИ" Ал-Бағдодӣ хабар дод

Интиқоди ҳазорҳо олим аз беэътиноии сиёсатмадорон ба тағйири иқлим

Пойтахти Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои ИДМ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.11.2019


Роҳҳои баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баррасӣ шуданд

Ҳамоиш доир ба нақши ҷавонон дар тарғиби арзишҳои миллӣ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2019. «Истиқлол» ва «Регар - ТадАЗ» бори ҳафтум дар финал

Вохӯрии раҳбарони кумитаҳои амнияти Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара

СММ: "Дар 100 сол аз сунами беш аз 250 ҳазор нафар ҳалок гашт"

Дар Сурия хоҳари Бағдодӣ бо хонаводааш боздошт шуд

Трамп бо Россия ва Чин оид ба назорати силоҳ созишнома бастанист


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед