logo

ҳуқуқ

НАЙРАНГБОЗ ПУШТИ ДАР МОНД

Ё чӣ тавр иҷоранишинҳо соҳибмулк шудан мехостанд?


Ҳаёт борҳо собит кардааст, ки молу мулки бо роҳи фиребу ғайриқонунӣ ба даст омада ҳаргиз насиби кас намешавад. Бахусус, хонаи дармондаеву бечораеро иҷборан соҳибӣ  кардан, амали ғайриинсониву ноҷавонмардист, ки оқибатҳои нохушоянд дорад. Ба ин монанд, масъалае дар маҷлиси сайёри суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баррасӣ гашта, тири ғаразноки онҳое, ки хонаи шаҳрванд Мамлакат Сатвалдиеваро бо роҳи ҳиллаву найранг азхуд кардан хостанд, хок хӯрд. 

 Мамлакат Сатвалдиева ба суди ноҳияи Сино бо аризаи даъвоӣ муроҷиат карда, зикр намуд, ки  дар асоси шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи васиятнома соҳибмулки манзили истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Шамсӣ, бинои 20, ҳуҷраи 2 - и шаҳри Душанбе мебошад. Ӯ, бинобар вазнин будани шароити зиндагӣ, соли 2010 ба шаҳрванд Акбар Давлатов ва оилааш манзили истиқоматиашро ба маблағи 300 сомонӣ ба иҷора додааст. Акбар ва ҳамсараш иҷорапулиро сари вақт супурда, бо ҳамин васила муносибаташонро бо ӯ наздиктар карданд. Вақте ҳис намуданд, ки ба бовараш даромаданд, нақшаи соҳиб шудан ба манзили истиқоматиро кашиданд. Рӯзе онҳо, баъди маслиҳату машварат, бо соҳибхона вохӯрда илтиҷо менамоянд, ки зану фарзандонашонро ба қайди манзилаш монад. Мамлакат раҳми кӯдакону ҳамсари Акбарро хӯрда, онҳоро ба қайди манзили худ гузошт.
 Мамлакат зани танҳо буда шавҳар, фарзанд ва хешу табори наздик надошт. Саломатиаш низ он қадар хуб набуд. Бо 300 сомонии иҷорапулӣ ва 200 сомонии нафақа зиндагиашро пеш бурда наметавонист. Акбар аз ин вазъият моҳирона истифода бурда, бо баҳонаи он ки таъмину табобат ва гузарондани маросимҳои дафни ӯро пурра ба зимма мегирад ва баъд аз вафоташ манзили истиқоматӣ ба соҳибмулкиаш мегузарад, дили Мамлакатро ба даст даровард.
Соҳибхона, ки аз дилу нияти иҷора-нишинҳояш бехабар буд, дар идораи нотариалии давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 25 июни соли 2012 манзили истиқоматиашро ба Акбар васият намуда, нусхаи васиятномаро ба дасташ дод. Баъд аз ин Акбари ҳарис худро комилан соҳибхона ҳисобида, аз иҷрои уҳдадориҳои базиммагирифтааш пурра саркашӣ менамояд.  Гузашта аз ин, розӣ намешавад, ки иҷорапулии ҳармоҳаро ба маблағи зиёдтар, яъне 100 доллари ИМА ба соҳибхона супорад.
Ана, дар ҳамин ҳолат Мамлакат Сатвалдиева эҳсос менамояд, ки ба доми ҳилла афтодааст ва раҳмдиливу маърифати ками ҳуқуқиаш сабаб гаштааст, ки ӯро фиреб диҳанд. Бинобар ин, 23 июни соли 2015 васиятномаи додаашро бекор мекунад. Ҳуқуқшиносон ба ӯ фаҳмондаанд, ки байни ӯ ва ҷавобгар бояд шартномаи саробонии якумра баста мешуд ва дар сурати мавҷуд будани чунин шартнома, ӯ ҳуқуқ пайдо мекард, ки аз ҷавобгар Акбар Давлатов иҷрои шартнома ва саробониро талаб намояд.
Дар навбати  худ Акбар ва ҳамсари ӯ бо аризаи муқобили даъво ба суд дар бораи аъзои оилаи молик эътироф ва муқаррар намудани ҳуқуқи истифодабарии манзили истиқоматӣ муроҷиат менамоянд. Онҳо аризаи худро чунин асоснок намудаанд, ки аз соли 2010 то инҷониб манзили Мамлакатро чанд бор таъмир карда, тамоми пардохтҳои коммуналӣ, хӯрду хӯрок, маблағи табобат ва дигар хароҷоти рӯзгорро ба зимма доштаанд.  Аз ин рӯ, аз суд хоҳиш намудаанд, ки онҳоро аъзои оилаи соҳибмулк Мамлакат Сатвалдиева эътироф карда, ҳуқуқи истифодабарии манзили истиқоматӣ муқаррар карда шавад.       
Суд парвандаи гражданиро омӯхта, баёноти тарафҳо, нишондоди шоҳидон,  хулосаи прокурор ва намояндаи шуъбаи бақайдгирӣ ва шиносномадиҳии ШВКД - 2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанберо шунида, ба чунин хулоса омад:
Ваҷҳҳои Акбар Давлатов ва Махсуда Давлатова бо баёноти додаашон, нишондоди шоҳидон, ки дар маҷлиси судӣ пурсида шуданд, рад карда шаванд. Зеро онҳо дар аризаи муқобили даъвои худ вобаста ба хароҷотҳояшон ягон далел пешниҳод накарданд. Инчунин, аз нишондоди шоҳидон бармеояд, ки ҳамчун иҷоранишини манзили истиқоматии Мамлакат Сатвалдиева ба ӯ ягон хел ёрии моддӣ нарасондаанд. Ваҷҳи дигари Акбар ва ҳамсараш дар хусуси он ки гӯё маблағҳои хизматрасонии коммуналиро месупурдаанд, бо нишондоди кормандони КММ - 6 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар маҷлиси судӣ тасдиқи худро наёфт.
Бо дастрасии моддаҳои 198, 202 - 203 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон суд даъвои Мамлакат Сатвалдиеваро нисбат ба Акбар Давлатов, Махсуда Давлатова, шуъбаи бақайдгирӣ ва шиносномадиҳии ШВКД - 2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар бораи кӯчондан аз манзили истиқоматӣ бе додани дигар манзили истиқоматӣ бо баровардан аз қайди он қонеъ гардонд. Ҳамзамон, аризаи даъвогии мутақобила дар мавриди аъзои оилаи молик эътироф намудан ва муқаррар кардани ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматиро рад намуд. Акбар мувофиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ аз “хешигарии иҷборӣ” - и Мамлакат маҳрум гашт.
 
Даврон АБДУРАҲИМЗОДА,
судяи суди ноҳияи Синои
шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.12.2015    №: 252    Мутолиа карданд: 661
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед