logo

фарҳанг

ВАССОФИ ДИЁРИ МАҲБУБ

Нақибхон Туғрал ба мардуми равшанфикр, ҳамдеҳагони фарҳангдӯсти худ низ робитаи қавӣ дошта, бо онҳо маҳфилҳои адабӣ ташкил карда, доимо дар атрофи адабиёт, фарҳанг, худшиносию ватандӯстӣ, ҳақгӯиву ҳақпарастӣ, ободию шукуфоии диёри азизи худ суҳбатҳои гарму ширин менамуд  ва ин хислатҳои неки инсониро дар ашъораш низ тараннум мекард. Марди заковатманду фарҳангдӯст Шоҳиброҳими Шаваткӣ аз қабили он ҳамсуҳбатон ва ҳамақидагони Туғрал буда,  бо ӯ муносибату равобити қавии дӯстию фарҳангӣ доштааст.

Дар деҳаи Шаватки поёни ноҳияи Айнӣ, аз рӯйи ёддоштҳои куҳансолони деҳ,  зиёда аз 70 нафар муқими ин деҳа хатмкардаҳои мадрасаҳои Бухорову Самарқанд  маҳсуб меёфтанд, ки дар шаҳрҳои гуногун кору фаъолият мекардаанд. Ҳоҷӣ Нодир, муфтӣ Шоҳиброҳим Қорӣ Ниёзбадал аз дӯстони наздики Нақибхон Туғрал будаанд, ки шоир ба онҳо таваҷҷуҳи хоса доштааст ва дар маҳфилҳои адабӣ ва ҳалқаҳои илмии якдигар ширкат меварзиданд.
Ривоят мекунанд, ки замоне муфтӣ Шоҳиброҳим мадрасаи Бухороро хатм карда, ба зодгоҳаш меояд. Туғрал дар яке аз суҳбатҳои аҳли фазл ба дониши ӯ  баҳои баланд дода, чунин ситоишаш намудааст:  «Шоҳиброҳим ними илми Бухороро фаро гирифтааст». Чун хабари вафоти нобаҳангоми дӯсташ Шоҳиброҳимро мефаҳмад, ниҳоят муттассир мегардад ва бо афсӯсу ҳасрат марсияи зеринро дар ҳақи шахси барояш азизу гиромӣ  мебахшад, ки аз  забони пирамардони деҳа китобат шуда,  порае аз онро ба ҳайси намуна мисол меоварем:
Ҳай дареғо, дӯстон, муллои хушдастор рафт,
Зеби маҷлис, зеби минбар – соҳиби гуфтор рафт.
Буд Шоҳиброҳим андар мулки Тӯрон садри илм,
Қозии аҳли фақирон, олими афкор рафт,
Дар ғами ҳиҷрони ӯ борид ғам аз дидагон,
Аз миёни сад ҳазорон уштури пурбор рафт.
Ҷамъи олимҳо шунида даст бар сар мезаданд,
Ҳай дареғо, сад дареғо, олими асрор рафт.
Туғрали Аҳрориям, эҷод кардам марсия,
Андалеби бӯстон – он муфтии мухтор рафт.

Бояд гуфт, ки ин марсия алъон дар китобҳои нашршудаи Туғрал оварда нашудааст  ва гумон мекунем, ки ба осори шоир ворид намудани он тақозои замон аст. Мисолҳои овардашуда гувоҳи он аст, ки шоир асарҳояшро дар ҳалқаҳои аҳли илму адаб, дар иҳотаи ҳамдеҳагони заҳматқарин, ҳақгӯю ҳақпараст ва хайрхоҳу инсондӯсташ меофарид, меҳру муҳаббат ба Ватан ва халқи диёр ҳамеша илҳоми ӯро  ба ҷӯш меовард. Вай чӣ дар суҳбатҳо ва чӣ тавассути ашъораш мардумро пайваста ба ҳаёти осоишта, покизагии қалбу рӯҳ, оштинопазир будан ба бадхоҳон ва дигар хислатҳои ҳамида даъват мекард.
Мардуми зодгоҳи шоир ҳар гоҳ аз Туғрал бо некӣ ёд карда, аз таваҷҷуҳ ва арҷгузории баланди Ҳукумати ҷумҳурӣ  дар ҳаққи ин абармарди халқи тоҷик бо ифтихори бепоён сухан меронанд. Сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи маҷмааи шоир ва Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ ба сокинони  мавзеи бостонии Айнӣ муроҷиат намуд, ки «акнун меросбарони шоири бузург ва сокинони ноҳияро зарур аст, ки ин ёдгории нодирро эҳтиёт карда, барои ҷамъоварии дигар ёдгориҳои нодир ва намунаҳои таърихиву фарҳангии минтақа кӯшиш намоянд».  Тибқи чунин дастуру супоришҳои раҳнамунсоз  ҳамдеҳагони шоир якдилона бар он ақидаанд, ки ёдгориҳои хаттӣ, китобҳои нодир, унсурҳои фарҳангии куҳани тоҷикон, маҳсули навъҳои гуногуни ҳунармандии минтақаро чун сарвати бебаҳои халқ гирдоварӣ ва нигоҳдорӣ намоянд.

Зафар ШАРИФОВ,
Маҳмадалӣ НАЗАРОВ,
омӯзгорони мактаби таҳсилоти
умумии № 23 -и ноҳияи Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.12.2015    №: 252    Мутолиа карданд: 539

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед